Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар мулоқоти навбатии сарони давлатҳои таъсисдиҳандаи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал иштирок намуд.
Барои иштирок дар ин мулоқот сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистону Узбекистон ҷамъ омаданд.
Қабл аз оғози ҷаласаи якҷоя Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қиргизистон Қурмонбек Боқиев ва бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ бо Қурмонбек Боқиев масоили ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.
Таваҷҷӯҳи махсус ба фаъолияти ҳамоҳангу якҷояи ду кишвар дар ҳаллу фасли масоили минтақавии вобаста ба истифодаи захираҳои обӣ ва ҳамкориҳои нақлиётию коммуникатсионӣ зоҳир карда шуд.
Зикр гардид, ки сохтмони роҳи байналмилалии мошингарди Душанбе – Рашт - сарҳади Қирғизстон ва пайвастани он бо Қазоқистону Чин аз як ҷониб ва бо Афғонистон аз ҷониби дигар ба манфиати ҳарду кишвар буда, ҳамчунин ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидати фаъол мекунад.
Сарони ду давлат ҳамчунин ба бунёди роҳи оҳан дар ҳамин масир изҳори хавасмандӣ карданд.
Дар вохӯрӣ бо Гурбонгули Бердимуҳаммедов гуфтугӯйи судманд атрофи кулли масоили вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон сурат гирифт.
Сарони ҳарду давлат омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла дар самти додугирифти нерӯи барқ, маҳсулоти нафтӣ ва алюминийи аввалия таъкид намуданд.
Мубодилаи афкор ҳамчунин оид ба истифодаи босамари захираҳои обии минтақа ва чораандешӣ баҳри сабук намудани мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал сурат гирифт.
Мулоқоти сарони давлатҳои таъсисдиҳандаи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал ба масоили вобаста ба фаъолияти хазина, таъсиси ҳайати нави мақомоти оинномавии он, ҷоннок намудани ҳамкорӣ бо созмонҳо ва кишварҳои мададрасон ва албатта ба масъалаҳои марбут ба истифодаи босамари захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ бахшида шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ нахуст оид ба фаъолияти Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал дар солҳои раёсати Тоҷикистон дар он иттилоъ дода, ба мушкилоти вобаста ба хушкшавии баҳри Арал ҷалб намудани таваҷҷӯҳи аҳли башарро аз натиҷаҳои асосии кор дар ин давра маънидод кард.
Дар суханронии Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷӯҳи асосӣ ба истифодаи босамари захираҳои обӣ ва кам кардани талафоти он дар соҳаи кишоварзӣ зоҳир карда шуд.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон маҳз истифодаи аз ҳад зиёди об дар обёрии заминҳои корами кишварҳои поёноб ба хушкшавии баҳри Арал сабаб шуд.
Дар суханронии сарони дигар давлатҳо ҳам ба фаъолияти 16-солаи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, ки 6 солаш таҳти раёсати Тоҷикистон гузаштааст, баҳои баланд дода шуд. Ба мақоми нозир дар Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани хазина низ натиҷаи фаъолияти пурсамари он дар арсаи минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ гардид.
Миёни сарони давлатҳо ҳамчунин оид ба истифодаи захираҳои обию энергетикии минтақа ва зарурати аз ташхиси (экспертиза) - и байналмилалӣ гузарондани лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ баҳсу мунозира сурат гирифт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид изҳор дошт, ки пас ҳамаи обанборҳои бузурги кишварҳои поёноб низ, ки ҳаҷми оби баъзеашон аз баҳри Арал кам нест, бояд аз чунин ташхиси босалоҳияти байналмилалӣ гузаранд.
Аз рӯйи натиҷаи ин мулоқот Изҳороти муштараки сарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал интишор гашт.
Бо қаноатмандӣ бояд таъкид намуд, ки аз соли 2002 – юм ин ҷониб ин мулоқоти якуми расмии сарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал аст ва баъди 7 соли баҳсу мунозираҳои зиёд дар сатҳу зинаҳои гуногун ба сатҳи сарони давлатҳо баромадани масоили баҳсталаби обӣ дар минтақаро метавон оғози муколамаи умедбахш маънидод кард.
Месазад хотиррасон намуд, ки Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистону Узбекистон таъсис ёфта буд.