Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура

05.05.2009 12:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуураро ба ҳузур пазируфт.

Коичиро Матсуура ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нишони қадрдонӣ аз саҳми намоёну фаъолияти пурмаҳсулаш дар густариш додани ҳамкории миёни Тоҷикистону ЮНЕСКО медали тиллоии ЮНЕСКО – ро, ки барои арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) ба наздикӣ таъсис ёфтааст, тақдим намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ЮНЕСКО ва шахсан ба Директори генералии он Коучиро Матсуура баҳри чунин қадрдонии баланд ва ҳамчунин дастгирии намоён аз тарғибу ташвиқи осори гаронарзиши таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ арзи сипос кард.

Ба ҳамкории Тоҷикистону ЮНЕСКО дар ҳаллу фасли масоили глобалии вобаста ба об баҳои баланд дода шуд.

Коичиро Матсуура изҳор дошт, ки ЮНЕСКО минбаъд низ дар татбиқи лоиҳаю барномаҳои вобаста ба оби Тоҷикистон кӯмаки худро дареғ намедорад, аз ҷумла дар ташкил ва гузарондани вохӯрии минтақавӣ оид ба истифодаи оби кӯли Сарез, ки моҳи сентябри соли равон бояд баргузор гардад ва ҳамчунин дар омодасозии конфронси байналмилалӣ оид ба натиҷагирӣ аз нимаи якуми даҳсолаи «Об барои ҳаёт», ки соли оянда дар шаҳри Душанбе гузаронда хоҳад шуд.

Мусоҳибон оид ба ҳифз, тарғибу ташвиқ ва ба ҷаҳониён боз ҳам бештар муаррифӣ кардани осори бебаҳои таъриху фарҳанги Тоҷикистон ва миллати тоҷик гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Директори генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо боварии комил изҳор дошт, ки баҳри ба номгӯйи Ёдгориҳои Ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намудани осори таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла Саразм, Боғи Миллии Тоҷикистон, ибодатгоҳи буддоии Аҷина-теппа, шаҳристонҳои Ҳулбук, Панҷакенти қадим, Тахти Сангин, қалъаҳои Ҳисору Ямчун, мадрасаи Хоҷа-Машҳад ва ғайра корҳои намоён ба сомон мерасанд.

Таъкид гардид, ки тибқи нақшаҳо ба наздикӣ шаҳристони Саразм ва Боғи Миллии Тоҷикистон бояд ба ин феҳрист ҳамроҳ карда шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Коичиро Матсуура ҳамчунин аз ҳамкории Тоҷикистону ЮНЕСКО дар чаҳорчӯби барномаҳои «Иштироки ЮНЕСКО», «Маориф барои ҳама» ва «Маориф барои калонсолон» изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ба натиҷаҳои ҳамкории ЮНЕСКО бо Кумита оид ба ахлоқи биологӣ, ки дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад, баҳои баланд дода шуд.

Зикр гардид, ки масъалаи ба номгӯйи санаҳои идонаи ЮНЕСКО ҳамроҳ намудани 100-солагии шоири шаҳири тоҷик ва тарғибгари бебаҳои фарҳанги сулҳ дар ҷаҳон Мирзо Турсунзода ба рӯзномаи Конфронси генералии 35 – уми ЮНЕСКО ворид шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Коичиро Матсуура ҳавасмандии Тоҷикистону ЮНЕСКО –ро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бори дигар таъкид намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520