Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони доираҳои соҳибкорию сармоягузори Ҷумҳурии Арабии Миср

10.03.2022 20:30, Миср

Муҳтарам Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср,
Дӯстони гиромӣ! 

 Нахуст мехоҳам ба ҳамаи шумо салом арз карда, ба созмондиҳандагони ин ҳамоиш сипоси самимии ҷониби Тоҷикистонро изҳор намоям.

Мо ҳамоиши имрӯзаро дар самти рушду таҳкими ҳамкориҳои судманди тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср ҳамчун иқдоми муҳим арзёбӣ менамоем.

Дар ҳама давру замон тиҷорату иқтисод аз ҷумлаи арсаи фаъолияте ба шумор мерафтанд, ки дар онҳо кишварҳои ба ҳам дӯсту хайрхоҳ метавонанд пойдевори мустаҳками робитаҳояшонро дар самтҳои мухталифи ҳаёт гузоранд ва таҳким бахшанд.

Пайгирии доимии ин раванд имкон медиҳад, ки манфиатҳои тарафайн омезиш ёбанд, шароити мусоиди ҳамкории кишварҳо ба манзури расидан ба ҳадафҳои муштарак - рушди умумӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардумонашон фароҳам оварда шавад.

Мехостам нахуст сухане чанд аз вазъи иқтисодии Тоҷикистон ва имкониятҳои он иброз намоям.

Соли гузашта кишвари мо 30-солагии соҳибистиқлолии давлатиашро ҷашн гирифт.

Бояд қайд кард, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад, ки боис ба кушта шудани тақрибан 150 ҳазор мардуми осоишта, гуреза шудани 1 миллион шаҳрванд ва зарари беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ ба иқтисоди кишвар гардид.

Бинобар ин, Тоҷикистон танҳо дар солҳои 2000-ум ба равандҳои барқарорсозӣ ва рушди иқтисод ворид шуд.

Дар соли гузашта, ки барои мардуми Тоҷикистон дорои аҳамияти таърихӣ буд, бо вуҷуди идомаи таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва фишори оқибатҳои пандемияи КОВИД-19 ба иқтисоди миллӣ, ба мо муяссар гардид, ки рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намоем.

Сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, мо пайгирона маҷмӯи тадбирҳоеро андешидем, ки натиҷаҳои мусбат ба бор оварданд.

Аз ҷумла, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2021 ба 9,2 фоиз баробар шуд.

Ҳоло мо талошҳои худро дар ҷодаи нигоҳ доштани чунин нишондиҳандаҳо дар иқтисоди миллӣ идома бахшида истодаем.

Ба ин манзур ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаҳои стратегӣ ва бахшҳои афзалятноки он, бахусус энергетика, нақлиёт, саноату кишоварзӣ, алоқа, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ҳоло дар кишвар зиёда аз 90 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 4 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодаанд.

 Зерсохтори низоми иқтисоди бозаргонӣ, қабл аз ҳама, низоми нави молиявӣ босуръат ташаккул меёбад.

Қонунҳои нави андоз (молиёт), гумрук, ҳифзу ташвиқи сармоягузорӣ қабул шудаанд ва амал мекунанд.

Қонунгузории амалкунандаи мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст.

Узвияти кишвари мо дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ шаҳодати мутобиқ будани қонунгузории он ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Тоҷикистон бо тамоми сохторҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкории пурсамарро ба роҳ монда, бо 110 давлати дунё робитаҳои иқтисодӣ дорад.

Ҳоло кишвари мо дорои иқтисоди бисёрсоҳавии рушдёбанда буда, дар он тамоми шароити зарурӣ ва фазои муносиб барои пешбурди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар ин замина ҷуғрофияи кишварҳои сармоягузор ба иқтисоди мо сол то сол васеъ гардида, амалӣ намудани тадбирҳои ислоҳотӣ дар самти ҳимояи сармоягузорон мутобиқ ба талаботи замон идома ёфта истодааст.

Дӯстони азиз!

Мо имрӯз дар чаҳорчӯбаи стратегияи дарозмуҳлати рушди миллии кишварамон барномаҳои зиёди иқтисодиро амалӣ менамоем.

Яке аз ҳадафҳои асосии “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки ҳоло мавриди татбиқ қарор дорад, ин саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.

Дар ин самт кишварҳои гуногун ва сохторҳои бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ бо мо ҳамкориву ҳамёрӣ менамоянд.

Татбиқи тарҳу лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, металургия, мошинсозӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва дорусозӣ бо ворид намудани технологияҳои муосир ва тавассути коркарди пурраи захираҳои ашёи хоми кишвар, аз ҷумла канданиҳои фоиданок, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш, дорои хислати афзалиятнок мебошанд.

Ҳамзамон, бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии кишвар, мо ба татбиқи лоиҳаҳои судбахш дар соҳаҳои гидроэнергетика, иртибототу нақлиёт, кишоварзӣ, алоқа ва бунёди инфрасохтори саёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем.

Дар ин раванд, як қатор барномаҳои соҳавӣ татбиқ гардидаанд, ки ба тавсеаи коркарди аввалияи ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуданд.

Ҳоло барои истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои саноатӣ ва афзоиш додани коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла нахи пахта ва алюминийи аввалия то маҳсулоти ниҳоӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шуда, ҷиҳати рушди ин соҳаҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои махсус қабул гардидаанд.

 Аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои сохтмони аксари иншооти муҳим ва воридоти таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ низ як силсила имтиёзҳо муқаррар гардидаанд.

Илова бар ин, дар чандин мавзеъҳои кишвар ташаккули минтақаҳои саноатӣ идома дорад.

Ин минтақаҳо корхонаҳои коркарди нафт, сементбарорӣ, бофандагӣ, металлургӣ ва тавлиди маҳсулоти саноати кимиёро дар бар хоҳанд гирифт.

Дар Тоҷикистон алҳол панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунад.

Дар онҳо барои сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Шумо низ, соҳибкорони муҳтарам, метавонед дар пешбурди фаъолияти истеҳсолии ин минтақаҳо босамару фаъолона иштирок намоед.

Имкониятҳои сармоягузории арсаи иқтисод ва бахшҳои дигари рушди Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои калон ва миёнаву хурд иртибот доранд.

Татбиқи лоиҳаи КАСА 1000, ки шабакаҳои барқии кишварҳои Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ пайваст мекунад, мисоли возеҳи ин имкониятҳо мебошад.

Яке аз чунин самтҳо бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, қабл аз ҳама, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқ мебошад.

Гидроэнергетика яке аз соҳаҳои муҳимтарини таъмин намудани рушди минбаъдаи устувори иқтисодиёти кишвари мо ба ҳисоб рафта, дар ин самт лоиҳаҳои сармоягузории зиёд мавриди амал қарор доранд.

Имрӯз дар Тоҷикистон яке аз бузургтарин лоиҳаи гидроэнергетикӣ – НОБ-и Роғун, бо иқтидори 3600 мегават/соат, ки имконияти бо барқ таъмин намудани натанҳо кишвари мо, балки кишварҳои минтақаро низ доро аст, амалӣ мешавад.

Мо нақша дорем, ки дар ояндаи наздик аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии нав ва таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда иқтидори энергетикии мамлакатро иловатан ба 4 ҳазор мегаватт афзоиш диҳем.

Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ниҳоят бузурганд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар бамаротиб афзун гардонад.

Бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон аз руӣ истеҳсоли барқи таҷдидшаванда дар ҷаҳон ҷойи 6-умро мегирад, масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва паёмадҳои номатлуби он ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи кишвари мо қарор дорад.

Инчунин, кишвари мо ихтиёран уҳдадор шудааст, то ҳаҷми партоби газҳои гулхонаиро дар сатҳи солҳои 90-уми асри гузашта нигоҳ дорад ва аз рӯи ин нишондиҳанда дар сафи пеши кишварҳои ҷаҳон қарор дорад.

Пешрафти ояндаи ҷаҳон аз тавлиди “энергияи сабз” аз манбаъҳои барқароршаванда вобастагии зиёд дорад.

Зеро он омили муҳимми таъмин намудани тараққиёти босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, алалхусус, коҳиши партовҳои гази карбон мебошад.

Қаламрави Тоҷикистон аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст ва ин омил барои рушди саноати истихроҷи маъдан ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон заминаи устувор фароҳам овардааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шашсад (600) кони маъданҳои фоиданок, металлҳо ва сангҳои қимматбаҳо кашф ва барои аз худ намудан омода карда шудаанд.

Аз ин шумора имрӯз танҳо даҳҳо кон мавриди истифодабарӣ қарор доранд, ки дар онҳо зиёда аз 40 намуди маъдан истихроҷ карда мешавад.

Дар ҳудуди Тоҷикистон 13 ҳазор пирях мавҷуд буда, 60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ аз кишвари мо сарчашма мегирад.

Табиати зебо ва иқлими мусоиди Тоҷикистон имкон медиҳад, ки сабзавот ва меваҳои хушсифату хушлаззати аз лиҳози экологӣ тоза парвариш карда шаванд.

Аз ин лиҳоз, кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини афзалиятнок дар рушди кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар ин ҷода барои сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои босамар имкониятҳои ҷолиб мавҷуданд.

Мо аз сифати олии пахтаи истеҳсоли Миср бохабар ҳастем ва кӯшиш мекунем, то пахтаи Тоҷикистонро дар дохили кишвар коркард ва маҳсулоти ниҳоии онро ба хориҷа содир намоем.

Боиси зикр аст, ки 5 соли оянда дар Тоҷикистон солҳои саноатикунонии кишвар эълон шудаанд.

Бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истеҳсоли доруворӣ, чорводорӣ ва замбури асалпарварӣ, коркард ва содироти меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин оби баландсифати нӯшокӣ – бо мақсади баровардани маҳсулот ба бозорҳои Ховари Наздику Миёна –барои шарикони мисрии мо аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар хоҳад буд.

Тоҷикистон аз рӯи захираҳои намаки ошӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодоти асосноки сармоягузорони мисриро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мазкур дастгирӣ намояд.

Тоҷикистон табиати нотакрор, ёдгориҳои беназири таърихиву фарҳангӣ ва дигар имкониятҳои рушди соҳаи саёҳӣ, махсусан, туризми кӯҳиро дорад ва соҳибкорони мисрӣ метавонанд бо мо дар ин арса низ ҳамкории муфид дошта бошанд.

Қаторкӯҳҳои зебои Тоҷикистон, ки мисли аҳромҳои мисрӣ кишвари моро зеб медиҳанд, шаршараҳои оби мусаффо ва дигар манзараҳои беназир ҷаҳонгардонро ҳар сол барои саёҳат ба Тоҷикистон ҷалб менамоянд ва шумораи сайёҳон сол то сол афзоиш меёбад.

Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодоти сармоягузорони мисриро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории муфид дар самтҳои афзалиятноки зикргардида бодиққат омӯхта, пуштибонӣ намояд.

Аз фурсат истифода бурда, шумо, соҳибкорони гиромиро барои ташриф овардан ба Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории зичу судманд ва таъсис додани ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Миср дар самтҳои гуногун даъват менамоям.

Дӯстони гиромӣ!

Дар ин ҷо аъзои ҳайати мо аз ҷумлаи роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва намояндагони доираҳои соҳибкории кишвар ҳузур доранд ва омодаанд, ки ба саволҳои шумо посух диҳанд.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520