Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ

10.03.2022 21:57, Миср
Мулоқот бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ  10.03.2022

10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо Раиси Сенати ин кишвар Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо бахусус, дар доираи робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон Ҷумҳурии Арабии Мисрро шарики муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ, дунёи араб ва ҷаҳони Ислом медонад ва густариши минбаъдаи  равобити дӯстона ва ҳамкории судмандро бо он ба нафъи мардумони ду кишвар меҳисобад. 

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушди тамосҳои мунтазами байнидавлатӣ, тавсеаи амалии робитаҳои дуҷонибаи кишварҳо, аз ҷумла дар самти робитаҳои парлумонӣ, табодули афкор намуданд.

Аз ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Миср ва робитаи сохторҳои парлумонии ду кишвар дар раванди эҷоди эътимод, таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба ва ташаккули заминаи ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Робитаҳои парламентӣ яке аз омили муҳими густариши самтҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Миср, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ номида шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати рушди инфрасохтор ва саноати туризм, робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла илмиву маърифатии байни ду кишвар, таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистону Миср дар донишгоҳҳои якдигар, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин зимни вохӯрӣ оид ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси сенати Ҷумҳурии Арабии Миср даъват карданд, ки аз Тоҷикистон боздид ба амал оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520