Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Миср

10.03.2022 16:29, Миср
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Миср  10.03.2022

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Миср маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ 5 санади нави танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ба имзо расид:

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва беҳдошти замини Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Арабии Миср;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Ҷумҳурии Арабии Миср;

- Созишномаи бародарӣ ва дустӣ байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ҷануби Синои Ҷумҳурии Арабии Миср;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ва Маркази мероси хатии назди раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхона ва Бойгонии милии Миср.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир карда, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олиро барои тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ неку назаррас арзёбӣ намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520