Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Миср

10.03.2022 16:10, Миср
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Миср 10.03.2022

Баррасии масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ оғоз гардида, зимни музокироти васеъ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Мисри дӯст самимона изҳори миннатдорӣ намуданд.

Зимни суҳбати хоса ва музокироти васеъ масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Миср мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки мувофиқаҳои имрӯз бадастомада барои ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитариву фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.

Дар мулоқот робитаҳои байнипарламентӣ, ташкил ва тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ, ҷиҳати густариши ҳамкории фарогири дуҷониба муҳим арзёбӣ гардид. 

Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро оид ба тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноату сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, истихроҷу коркарди маъдан, сайёҳӣ, инчунин, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, иброз доштанд.

Таъкид гардид, ки ҷоннок кардани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, баргузории Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Миср ва таъсиси Шӯрои соҳибкорони ду кишвар барои густаришу тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва афзоиши ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ нақши муҳим хоҳад дошт.   

Зимни мулоқот рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар ин ҷода аз самтҳои ояндадори муносибатҳои миёни ду кишвар дониста шуд.

Ҷонибҳо алоқамандии худро ба тавсеаи ҳамкорӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистону Миср аз тариқи табодули таҷриба дар самти бунёд, идора ва густариши фаъолияти ин минтақаҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди онҳо, изҳор намуданд. 

Ҳар ду ҷониб дар заминаи арзишҳои муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ, дар робита ба баргузории рӯзҳои фарҳанг дар кишварҳои якдигар, таҷлили муштараки ҷашнҳои бузургони адаб ва фарҳанги гузашта, оид ба роҳандозии робитаҳои судманд ва табодули таҷриба байни муассисаҳои илмӣ ва таълимии Тоҷикистону Миср ба мувофиқа расиданд. 

Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо истифода аз таҷриба ва имконоти мавҷудаи байни ду кишвар аз самтҳои дигару судовар дар муносиботи мамлакатҳо номида шуд.

Ҳамзамон бо ин, оид ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом ёфт.

Ду ҷониб бо ёдоварӣ аз мавқеи ҳамсон ё ба ҳам наздик дар масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҷонибдории худро аз идомаи муносибатҳои шарикӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо дарназардошти манфиатҳои муштарак иброз намуданд.

Тоҷикистон ва Миср барои ҳамкориҳои судманд дар масоили марбут ба амнияти минтақавӣ, мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дар дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамдигар омодагии худро эълон доштанд.

Густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ҷиҳати мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, киберҷиноятҳо,  ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар хатарҳо, ки ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ таҳдид мекунанд, зарур дониста шуд.

 Дар робита ба масъалаҳои амниятӣ атрофи роҳҳои ҳарчӣ зудтар поён ёфтани низоъҳо дар кишварҳои Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва инчунин, Афғонистон табодули афкори муфассал сурат гирифт.    

Дар рафти мулоқот масъалаҳои глобалии вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим мавриди таваҷҷуҳи хоси ҷонибҳо қарор дошт.

Дар охири мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари ҷавобии расмӣ аз Тоҷикистон боздид ба амал оваранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520