Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимодномаҳо аз сафирони навтаъин

02.03.2022 10:15, шаҳри Душанбе
Қабули эътимодномаҳо аз сафирони навтаъин  02.03.2022

2 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири нави фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Япония Айки Тошиҳиро, Ҷумҳурии Корея Квон Донг Сок, Ҷумҳурии Арабии Миср Назиҳ Алӣ Баҳа Ад-Дин Ал-Нагарӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Саид Муҳаммад Ал-Ариқӣ, Салтанати Умон Иброҳим ибн Аҳмад Ал-Муинӣ, Давлати Исроил хонум Зеавит Бен Хиллел, Подшоҳии Белгия Анрӣ Вантигем, Ҷумҳурии Австрия Вилли Кемпел, Подшоҳии Норвегия Ҷон Микал Квистад, Руминия хонум Мэдэлина Лупу, Ордени Мухтори Малта Иван Лалан Бердутик ва Канада Алан Хемсен, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Давлати Тоҷикистон тайи 30 соли соҳибистиқлолии худ пайваста кӯшиш ба харҷ додааст, ки бо тамоми кишварҳои дуру наздик равобити фаъолу созандаро ба роҳ монда, сафи шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ бештар густурда гардонад. То имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 180 давлати минтақаҳои гуногуни олам робитаҳои дипломатиашро барпо намуда, дар ростои рушди бемайлони муносибатҳои худ бо ин кишварҳо пайгирона чораҳои зарурӣ меандешад. 

Дар ин замина Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки мо бо доираи васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманду баробарҳуқуқро дар самтҳои мухталифи соҳаҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарии мавриди таваҷҷуҳ роҳандозӣ намуда, густариш медиҳем.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки аксари кулли кишварҳое, ки муаррифии онҳо имрӯз ба ӯҳдаи сафирони навтаъин, вогузор гардидааст, соҳибихтиёрии Тоҷикистонро дар қатори аввалинҳо ба расмият шинохтанд ва имрӯзҳо дар қатори шарикони фаъоли байналмилалии давлати мо қарор доранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо кишварҳои Япония, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Арабии Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб, Салтанати Умон, Давлати Исроил, Подшоҳии Белгия, Ҷумҳурии Австрия, Подшоҳии Норвегия, Руминия, Ордени Мухтори Малта ва Канада, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулодда ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки  рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳо равона месозанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар чунин шароити ҳассос ҳамраъйиву ҳамкории самараноки байналмилалӣ ва таҳкими усули ҳусни тафоҳум дар муносибатҳои байни давлатҳо ҳамчун омили калидии устуворнокии ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатарҳо ва таҳдидҳои амниятии глобалӣ аҳамияти дучанд пайдо мекунад.

“Ба ин манзур имрӯз дар назди мо вазифаҳои умдаи вобаста ба тавсеа ва густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созандаи кишварҳоямон истодаанд”, изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуданд, ки “давлати Тоҷикистон пешбурди минбаъдаи шарикӣ бо кишварҳои сафирони навтаъиншуда ҷузъи таркибии сиёсати хориҷии худ медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд”.

Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520