Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 21 феврали соли 2022 №39
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Абдухолиқзода Л.А.



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.



Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

 

АБДУЛХОЛИҚЗОДА Лутфия Абдулхолиқ

аз моҳи феврали соли 2022 муовини вазири маориф ва илми Чумхурии Точикистон

Соли таваллуд  5 декабри соли 1971       Ҷойи таваллуд  ноҳияи Данғара

Миллат               тоҷик                                           Таҳсилот            олӣ

соли 1993 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм кардааст

Ихтисос  омӯзгори забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ ва омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои русӣ

унвони илмӣ доктори илмҳои педагогӣ, и.в. профессор

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ, англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не:  Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 6-ум

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не:  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №245 аз 07.08.2014 бо медали«Хизмати шоиста», бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07 соли 2021, №213 бо медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон»

Вазъи оилавӣ   оиладор, соҳиби се фарзанд

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1988-1993

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев, шаҳри Душанбе

Солҳои 1993-2003

Омӯзгори забон ва адабиёти рус дар коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе

Солҳои 2003-2009

Муаллими калони кафедраи забонҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи шаҳри Душанбе

Солҳои 2009-2010

Муовини мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи  иқтисодии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2010-2012

Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2012 -2015

Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи  молия ва иқтисоди Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2015-2019

Ректори муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Солҳои 2019-2020

Сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2020 -2021

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 6-ум  аз ҳавзаи интихоботии Данғара №36

Аз моҳи феврали
соли 2022

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520