Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони ноҳияҳои Панҷ, Бохтар, Вахш, Данғара, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ ва шаҳри Ваҳдат

26.05.2009 13:00

Имрӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Панҷ, Бохтар, Вахш, Данғара, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ ва шаҳри Ваҳдат оид ба фаъолияти худ телефонӣ ҳисобот доданд.

Таваҷҷӯҳ пеш аз ҳама ба иҷрои амру фармонҳо ва нишондодҳои Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла ба кам кардани талафоту хароҷоти зиёди нерӯи барқ тавассути гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф зоҳир гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои номбурда оид ба гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ва расондани кӯмакҳои зарурӣ ба оилаҳое, ки аз офатҳои табиӣ зарари ҷиддӣ дидаанд, супоришҳои мушаххас дод.

Мавзӯи муҳими дигари ҳисоботҳои телефонӣ ба Сарвари давлат саривақт ба анҷом расондани кишти баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрории заминҳои обӣ ва фаровон захира намудани озуқаворӣ ва хӯроки чорво буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки аз обу ҳавои мусоиди имсола барои таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худии кишоварзӣ ва барои ду сол захира намудани озуқаворӣ ва хошоки дурушти чорво бояд хуб истифода бурда шавад. Супориш дода шуд, ки барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо аз заминҳои боир низ пурсамар истифода баранд. Супоришҳои мушаххас ҳамчунин оид ба ҷамъоварии пурра ва саривақтии ғалладонагиҳо дода шуд.

Таваҷҷӯҳи зиёд ба рафти иҷрои Буҷети давлатӣ ва пардохти саривақтии маошу нафақа зоҳир гардид.

Ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳамчунин оид ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва дигар самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520