Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатии «Темурмалик» дар шаҳри Гулистон

09.02.2022 11:20, шаҳри Гулистон
Ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатии «Темурмалик» дар шаҳри Гулистон  09.02.2022

9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Темурмалик» дар соҳили «Баҳри тоҷик» соли 1991 таъсис ёфта, бо гузашти сӣ сол ба таҷдиду навсозӣ ниёз пайдо намуда буд. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар оғози соли 2021 корҳои таҷдиду навсозӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик» шуруъ гардида, бо сарфи 15 миллион сомонӣ дар як муддати кутоҳ ба анҷом расонида шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик барномаи театрикунонидашудаи аҳли фарҳангро тамошо намуданд.

Қобили қайд аст, ки номи Темурмалик ҳамчун қаҳрамони халқи тоҷик дар саҳифаи таърих абадан сабт шудааст.

Солҳои 1219-1220 ҳангоми ҳуҷуми аҷнабиён Темурмалик бо корнамоиҳои бузург барои мудофиаи диёри худ ҷасорату шуҷоат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон додааст, ки ин ҳама дар барномаи театрикунонидашуда нишон дода шуд. Дар девораи навбунёди шафати муҷассама корномаҳои таърихии Темурмалик наққошӣ гардидааст, ки ин дар ниҳоди ҷавонону наврасон ҳисси худшиносиро бедор мекунад.

Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик» дар масоҳати 3,2 гектар доман паҳн намуда, баъди навсозӣ шудан шароити истироҳату фароғатро барои сокинону меҳмонони шаҳри Гулистон фароҳам овардааст. Дар доираи корҳои созандагӣ дар масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъ корҳои сабзкорӣ анҷом ёфта, роҳравҳои боғ дар масоҳати 8 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудааст. Ҳамчунин, нишастгоҳҳои наву замонавӣ насб гардида, суҳбаткадаҳо бунёд гардид.

Тибқи лоиҳа дар ҳудуди боғ муҷассамаи Темурмалик гузошта шуда, муҷассамаи «Хотира», ки қаблан бунёд ёфта буд, таъмиру навсозӣ гардид. Бунёди се фаввора, як шаршара дар ҳудуди боғ ва ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакон ба ин мавзеъ ҳусни хоса зам мекунад. Барои равшанкунӣ дар ҳудуди боғ 120 сутунпояи равшанидиҳанда насб гардида, обёрии иншоот пурра таъмин карда шудааст.

Барои ҳаракати бемонеаи воситаҳои нақлиёт бештар аз 2 километр роҳи мошингарди ҳудуди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ пурра мумфарш карда шуда, таваққуфгоҳи нақлиётӣ низ ташкил гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду навсозии боғҳои фарҳангӣ-фароғатиро дар мамлакат барои фароҳам овардани шароити арзандаи фароғати сокинон ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ дар ниҳоди хурду бузург маънидод намуданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат ба хотири қадршиносии фарзандони фарзонаи миллат номи боғу гулгаштҳо ва дигар ҷойҳои махсус ба номи фарзонафарзандони миллати тоҷик гузошта шуда, бо ин васила номи неку кори некашон ҷовидона нигоҳ дошта мешавад. Номгузории боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Гулистон ба номи Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик тасдиқи гуфтаҳои болост.

Тибқи маълумоти оморӣ дар мамлакат 96 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумор 22-тои он дар вилояти Суғд мебошад. Қобили қайд аст, ки танҳо дар давоми даҳ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар баробари навсозии боғҳои фарғангӣ-фароғатӣ даҳҳо боғҳои нав бунёд гардид.

Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик» бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон атраксионҳои наву замонавӣ насб гардида, воситаҳои дилхӯшии наврасону кӯдакон ба монанди автомобилҳои барқӣ дастрас карда шудааст.

Шаҳри Гулистон ҳамчун шаҳри сайёҳӣ дар соҳили «Баҳри тоҷик» имкониятҳои зиёд дорад. Дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ соҳили баҳр навсозӣ карда шуда, барои машқу тамрин ва бо ин васила ҳар чӣ бештар ҷалб намудани мардум ба варзиш шароит муҳайё карда шудааст.

Дар муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик» бо умеди сарзабзии диёр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарахтони ҳамешасабзу нодир шинониданд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои сабзу хуррам намудани боғи мазкур бештар аз 300 бех дарахтони ороишӣ ва зиёда аз 118 ҳазор дона гулҳои рангоранг шинонида шудааст. Ҳамзамон дар ҳудуди боғ дигар иншооти ёрирасон бунёд гардида, корҳои сохтмониро ширкатҳои ватанӣ анҷом додаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520