Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифодадиҳии бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ дар шаҳри Гулистон

09.02.2022 10:21, шаҳри Гулистон
Ба истифодадиҳии бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ дар шаҳри Гулистон  09.02.2022

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии  Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистонро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонии бино аз моҳи марти соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати 10 моҳ пурра ба анҷом расонида шуд. Бинои мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 13 синфхона, маҷлисгоҳ барои 60 нафар ва толори хониш барои 20 нафар мебошад. Муассиса дорои маркази гармидиҳӣ аст.

Лозим ба таъкид аст, ки дар таҳхонаи бино барои 30 нафар занон ва духтарони имконияташон маҳудуд коргоҳи дӯзандагӣ ташкил карда шудааст.

Муассиса барои қабули 500 нафар хонанда дар ду баст омодааст. “Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон” дорои 24 воҳиди корӣ буда, омӯзгорону мутахассисон бо ҷои кори доимӣ таъмин шудаанд, ки барояшон шароити хуби кори фароҳам оварда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити забономӯзӣ ва синфхонаҳои касбу ҳунаромӯзии Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520