Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон

09.02.2022 10:20, шаҳри Гулистон
Ба истифода додани бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон   09.02.2022

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистонро ифтитоҳ намуданд.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ давоми як сол истифода аз масолеҳи баландсифат ва ҷавобгӯи талаботи замон иншооти мазкур дар масоҳати умумии 1122 метри мураббаъ бо тарҳу намуди муосир бунёд гардид.

 Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои 6 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 110 ҷои нишаст, китобхона ва дигар хуҷраҳои ёрирасон аст.

Дар иншооти навбунёд барои фаъолияти кормандон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон утоқҳои корӣ бо компютер ва дастгоҳҳои тақвияти овоз муҷаҳҳаз карда шудааст.

Роҳбари муаззами Ҳизб аз кормандон ҳисси баланди масъулияти ватандустӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлоли давлатиро талаб намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520