Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 27 январи соли 2022 №14
ш. Душанбе

Дар бораи директори генералии Корхонаи воҳиди
давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»
таъин намудани Давлатзода У.Г.



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Давлатзода Усмон Гул директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин карда шавад.



Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

МАЪЛУМОТНОМА                  

ДАВЛАТЗОДА  Усмон  Гул

аз 27 январи соли 2022 дар мансаби  директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» кор мекунад.

Соли таваллуд  16 январи соли 1968     Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара

Миллат тоҷик                                          Таҳсилот олӣ

соли 1992 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро хатм кардааст. 

Ихтисос  муҳандисӣ-сохтмонӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не  не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  не

Вазъи оилавӣ  оиладор

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1985-1992-

Донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

Солҳои 1984-1985

Савдогар дар мағозаи №5 ноҳияи Данғара

Солҳои 1986-1988

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ

Солҳои 1992-1993

Васлгари дараҷаи 5 дар заводи оҳану-бетони шаҳри Норак

Солҳои 1993-1995

Муҳандис дар шуъбаи банақшагирии заводи оҳану бетони Норак

Солҳои 1995-1998

Иқтисодчӣ дар шуъбаи банақшагирии заводи оҳану-битони шаҳри Норак

Солҳои- 04.02.1998

Устои сехи №1 заводи оҳану-битони шаҳри Норак

Солҳои- 04.02.1998

Устои қисми ИССО дар КВС-и трести «Тоҷиктранстрой» дар ноҳияи Данғара

Солҳои 1999-2001

Сардори сех дар корхонаи КСВ-и трести «Тоҷиктранстрой» дар ноҳияи Данғара

Солҳои 2001-2003

Муҳандис дар корхонаи КСВ-и трести «Тоҷиктранстрой» дар ноҳияи Данғара

Солҳои 2003-2005

Муовини директори корхонаи КСВ-и трести «Тоҷиктранстрой» дар ноҳияи Данғара

Солҳои 2005-2007

Сармутахассиси шуъбаи хизматрасони ва протоколии идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2007-2008

Сармутахассиси Маҷмуи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2008-2009

Директори ҶДММ-и «Мутахассис»

Солҳои 2009-2010

Муҳандиси шуъбаи инженерӣ-техникӣ дар Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмонии идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2010-2016

Сардори шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ дар Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмонии идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2016-2017

Директори ҶДММ_и «Мутахассис» 

Солҳои 2017-2018

Мухассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Солҳои 2018-2021

Сардори Раёсати назорати давлатии меъморӣ-сохтмонии шаҳри Душанбе 

Солҳои 2021-2022

Сардори Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520