Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба шарафи таҷлили 15-солагии Истиқлолият ва соли тамаддуни ориёӣ

09.09.2006 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!

Бо камоли ифтихору сарфарозӣ дар рӯзҳои таҷлили ҷашнҳои пуршукӯҳи 15-солагии истиқлолияти давлати Тоҷикистон, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ ва 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб тамоми мардуми ватандӯст, фарҳангпарвар ва бунёдкори Тоҷикистони соҳибистиқлол ва меҳмонони олиқадру арҷмандро аз самими қалб табрику шодбош мегӯям.

Имрӯз миллати тоҷик аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст, ки аз ҷавҳари башардӯстонаи тамаддуни ориёӣ ва суннатҳои пурарзиши тамаддуни ислом ибтидо мегиранд.

Ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши "Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек" беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардаанд.

Маҳз ҳамин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Носири Хусрав, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Сайидо ва садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.

Дар айни ҳол муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ, таърихи пурифтихори миллат ва ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунпарвари он набояд чашми моро аз раванди пурталотуми дастовардҳои ҷаҳони муосир, вусъати ақли башарият, пешрафти инқилобии илму техника ва тараққиёти рӯзафзуни давлатҳои мутамаддини олам бубандад.

Баръакс, мо ҳар қадар Ватанамонро бештар дӯст дорем, бояд ҳамон андоза кӯшиш намоем, ки аз қатораи бо суръати кайҳонӣ пешравандаи асри XXI қафо намонем, ҳамкориҳои худро бо кишварҳои тараққикардаи олам густариш бахшем, арзишҳои илмиву фарҳангии умумибашарӣ, дастовардҳои техникаву технологияи муосир ва кашфиёту бозёфтҳои навтаринро омӯзем ва гузашта аз ин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо симои хосаи худ пайвандем, дастовардҳои истиқлолият ва рукнҳои давлату давлатдории миллиро чун гавҳараки чашм пос дорем.

15-соли истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

15 соли истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, таҳкими меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳаёти озодонаи ҳар фард ва санаи олитарини дараҷаи бахту саодати воқеии миллат мебошад.

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.

Мо имрӯз ифтихор дорем, ки 15 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил - артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва хати сарҳади давлатиро таҳти назорати худ гирифтем.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли қонунбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад.

Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем.

Мо хуб медонем, ки раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад.

Бинобар ин, азми қавӣ дорем, ки дар оянда низ ба бунёди иншоотҳои азими гидроэнергетикиву коммуникатсионӣ пешрафти иқтисодиёту рушди саноати миллӣ, коркарди ашёи хому истихроҷи боигариҳои зеризаминӣ вусъат бахшида, дар заминаи созандагиву бунёдкорӣ сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.

Нақшаҳои азими созандагиву бунёдкорие, ки барои 10-15 соли оянда пешбинӣ мекунем, маҳз ба хотири рушди бонизоми иқтисодиёти мамлакат, густариши фаъолияти соҳибкорӣ, бештар гардидани ҷои кори нав, афзун гардидани даромади аҳолӣ, ободиву тараққиёти рӯзафзуни Ватан ва ҳаёти осудаҳолонаи наслҳои ояндаи кишварамон аст.

Мо аз шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамрайъӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.

Масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он як қисми таркибии сиёсати давлатии мо мебошад.

Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки онҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд.

Аз ин рӯ, мову шумо бояд якҷоя хатари вусъатёбии ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намоем, барои бақои тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем.

Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷикро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мешуморем.

Бовар дорам, ки дар остони 15-солагии истиқлолият ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллати мо рисолату асолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азиз нерую дониши худро дареғ намедоранд.

Эътимоди комил дорам, ки ибтидои қарни ҳазорсолаи сеюм барои мо шоҳроҳи таҳкими истиқлолияти кишвар, пойдории сулҳу субот, рушду нумӯи давлатдории миллӣ ва ҷодаи воқеии кишвари соҳибистиқлоли мо ба сӯи ояндаи неку осуда, зиндагии сарбаландона ва давлатҳои мутамаддини ҷаҳонӣ хоҳад шуд.

Бигузор иди муқаддаси истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва сарсабзиҳо оварад!

Поянда бод Ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Зиндаву ҷовид бод Тоҷикистони азизу ягонаи мо - модари барҳақи тамоми тоҷикони олам!

Зинда бод миллати соҳибмаърифат, фарҳангпарвар ва тамаддунсози тоҷик!

Хушбахту сарбаланд бошед!




 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520