ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 27 январи соли 2022 №12
ш. Душанбе
Дар бораи раиси Ширкати саҳомии
холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
таъин намудани Асозода М.Ш.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Асозода Маҳмадумар Шамсулло раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
МАЪЛУМОТНОМА
аз 27 январи соли 2022 дар вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» кор мекунад
Соли таваллуд соли 1968 Ҷои таваллуд шаҳри Норак
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 1992 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос муҳандис - барқчӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не Вакили маҷлиси вакилони халкии шаҳри Норак
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не соли 2009 - Медали «Хизмати шоиста»
Солҳои 1985-1992 |
Донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1992-1995 |
Муҳандис оид ба дифои релеи дараҷаи 2-ум, муҳандиси дараҷаи 1-ум ДТК-220 кВ озмоишгоҳи барқӣ техникии НБО-и Норак, ш.Норак |
01-04 соли 1995 |
Муҳандис оид ба дифои релеи ДТК-220 кВ озмоишгоҳи барқи техникии НБО-и Бойғозӣ, шаҳри Норак |
Солҳои 1995-1997 |
Сардори озмоишгоҳи барқӣ техникии НБО-и Бойғозӣ, шаҳри Норак |
Солҳои 1997-2006 |
Сардори шуъбаи истеҳсолӣ техникии НБО-и Бойғозӣ, шаҳри Норак |
Солҳои 2006-2015 |
Сармуҳандиси НБО-и Бойғозӣ, шаҳри Норак |
04-11 соли 2015 |
Муовини сардори Сарраёсат – сардори Раёсати сиёсати энергетика ва зихира об, рушди илму техникаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе |
Солҳои 2015-2022 |
Муовини якуми Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» |