Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Усмонзода Х.У.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Усмонзода Хайриддин Усмон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№336

 

 

 

МАЪЛУМОТНОМА

        

УСМОНЗОДА Хайриддин Усмон

аз  27 январи соли 2022 дар мансаби директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд 15 сентябри соли1967           Ҷои таваллуд  ноҳияи Варзоб

Миллат  тоҷик                                                 Таҳсилот олӣ

       Соли 1993  Донишгоҳи давлатии Латвияро (рӯзона)   хатм кардааст

Ихтисос  тарҷумони фанҳои ҷамъиятӣ

Унвони илмӣ  доктори илмҳои фалсафа, профессор

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ ва олмонӣ

Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  не

Вазъи оилавӣ  оиладор

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои  1988-1993      

Донишҷӯи Донишгоҳи Латвия, шаҳри Рига

Солҳои  1993-1996      

Ассисенти кафедраи Фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Солҳои  1996-2000       

Омӯзгори калони кафедраи Фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Солҳои  2000- 2005     

Дотсенти кафедраи Фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Солҳои 2000- 2005

Мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Солҳои 2005-2017

Професори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Солҳои 2017-2020

Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»

Солҳои 2020-2022

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520