ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 27 январи соли 2022 №8
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Ширкати
саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
озод намудани Холиқзода М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Холиқзода Мавҷуда бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон