Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Каримзода С.Ғ.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Каримзода Саъди Ғафор вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№322

 

МАЪЛУМОТНОМА

 

КАРИМЗОДА Саъди Ғафор

аз 26 январи соли 2022 дар вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд   12 августи соли 1969         Ҷои таваллуд  шаҳри Душанбе  

Миллат   тоҷик                                               Маълумот       олӣ

      соли 1992 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисос      агрохимия ва хокшинос, номзади илмҳои биологӣ  

Кадом забонҳои хориҷиро медонад       русӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не   не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  не         

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1986-1992

Донишҷӯи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1988-1989

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ

Солҳои 1992-1995

Аспиранти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1995-1998

Ходими хурди илми Институти физиологияи растаниҳо ва генетика

Солҳои 1998-2007

Агрономи   ташкилоти   ғайридавлатии   «Агроаксияи Олмон»  (Deutsche   Welthungerhilfe   e.  V.), шаҳри Душанбе

Солҳои 2007-2011

Ҳамоҳангсози барномаҳои Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA), шаҳри Душанбе

Солҳои 2011-2012

Мушовири байналмилалии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳа оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ», шаҳри Душанбе

Солҳои 2012-2020

Директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»

Солҳои 2020-2022

Муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520