Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар машварати навбатии сиёсии минтақавии ҳайати сегонаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ

30.05.2009 19:00, шаҳри Душанбе

Ҷаноби вазирон,
Дӯстони азиз,

Фараҳмандам, ки Шуморо ба сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам мегӯям. Дар Душанбе баргузор гардидани машварати имрӯзаи минтақавии сиёсӣ бо иштироки ҳайати сегонаи Иттиҳоди Аврупо ва вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ барои рушди минбаъдаи муносибатҳо ва шарокату ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва минтақаи мо, инчунин амалӣ сохтани Барномаи нави стратегии Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ аҳамияти калон дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба равнақу ривоҷи муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Бояд гуфт, ки ин муносибатҳо имрӯз дар сатҳи баланд қарор доранд. Дар ин бора мисолҳои зиёди мушаххас овардан мумкин аст. Ин ҷо дар бораи баъзеи онҳо мухтасар маълумот доданиам.

Сафари расмии ман дар моҳи феврали соли 2009 ба Брюссел ва баъзе мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо бори дигар садоқати моро ба вусъати ҳамаҷонибаи шарокату ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо исбот намуд. Моҳи ноябри соли 2008 дар Душанбе маҷлиси Хаштуми Комисияи муштарак баргузор гардид. Аз соли гузашта сар карда мулоқоту машваратҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон мунтазам гузаронида мешаванд. Ташрифи ҳайати Парлумони Аврупо ба Тоҷикистон моҳи апрели соли равон ба вусъати минбаъдаи равобити байнипарлумонии мамлакати мо ва Иттиҳоди Аврупо мусоидат намуд. Мо ҳуҷҷати таҳриршудаи афзалиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи Барномаи стратегии нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ маъқул мешуморем. Ҳаминаш таассуфовар аст, ки ҷараёни тасвиби Созишномаи шарокату ҳамкорӣ дар шароити мусоиди рушди муносибатҳои дуҷониба кашол дода мешавад, ҳол он ки ин ҳуҷҷат соли 2004 имзо шуда буд.

Эътибор пайдо кардани Созишнома роҳи ташкили Шӯрои ҳамкориро дар сатҳи вазирон боз хоҳад кард. Тоҷикистон дар муносибатҳои худ бо Иттиҳоди Аврупо зарурати ҳамкориро дар соҳаҳои муҳимтарин, аз ҷумла демократӣ кунонидани ҷомеа, таъмини волоияти қонун, идораи сарҳадҳо, мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, рушди соҳаҳои нақлиёту энергетика, аз ҷумла истифода бурдани манбаъҳои барқароршавандаи энергия, истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист, маориф, тиҷорат, сармоягузорӣ, мусоидат ба гуфтушунидҳо дар масъалаи қабул ба узвияти Созмони Ҷаҳонии тиҷорат, расонидани кӯмак барои тоза кардани минаҳо ва ғайра ба инобат мегирад. Мо мехоҳем, таваҷҷӯҳи Иттиҳоди Аврупоро ба хусусиятҳои хоси ҷуғрофӣ ва геополитикии Тоҷикистон, яъне сарҳади умуӣ бо Афғонистон ва Чин ва умумияти забонию фарҳангӣ бо Афғонистон ва Эрон ҷалб намоем. Бояд гуфт, ки бештар аз 60 фоизи захираи оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз қаламрави ҷумҳурии мо сарчашма мегирад. Бо назардошти ин хусусиятҳо ба мақсад мувофиқ аст, ки ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамаҷониба вусъат дода шавад.

Пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистонро се ҳадафи стратегӣ- ноил гардидан ба истиқлолияту амнияти энергетикӣ, аз бунбасти нақлиётӣ раҳо кардани мамлакат ва таъмини амнияти озуқа муайян менамояд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои боз ҳам бештар демократӣ сохтани ҷомеа, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини озодии дин ва пайравӣ ба мазҳабҳои гуногун, озодии сухан ва эҳтироми ҳуқуқи инсон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар шароити имрӯза ҳамкории иқтисодӣ аҳамияти афзалиятнок дорад ва мо онро бояд ба сатҳи муносибатҳои сиёсӣ баробар кунем.

Соли 2008 маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷиткистон ва Иттиҳоди Аврупо қариб ба 900 миллион долари ИМА расид. Хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба мамлакати мо фоидаи калон мерасонад. Бештар аз 19 фоизи ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ ба Иттиҳоди Аврупо рост меояд.

Маблағи хариду фурӯши мол байни мамлакати мо ва Иттиҳоди Аврупо дар семоҳаи аввали соли 2009 ҳамагӣ 83 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин ҷумла 37 миллион доллар маблағи содирот ва 46 миллион доллар маблағи воридоти мол мебошад. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се баробар кам аст.

Иқтисодиёти мамлакати мо дар давраи ҳозира асосан ба истеҳсолу содироти нахи пахта ва алюминий, ворид гардидани пул аз тарафи коргарони муҳоҷир ба мамлакат вобаста мебошад. Маълумоти расмии бозори ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки нархи ин маҳсулот хеле коҳиш ёфтааст.

Фиристодани пул аз ҷониби коргарони муҳоҷири тоҷик 70 фоиз кам шуд. Ин ба тавозуни пардохти мамлакат таъсири манфӣ мерасонад. Бо ҳамин сабабҳо мо ночор буҷети соли равонро кам карда аз иҷрои баъзе барномаҳои иҷтимоӣ сарфи назар намудем.

Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда бо Бонки сармоягузории Аврупо созишномаи ҳамкорӣ имзо кард. Умед аст, ки ин ҳуҷҷати муҳим ояндаи наздик дар парлумони мамлакат ба тасвиб расонда мешавад. Баъди ин бонки мазкур ба ҷудо кардани маблағ барои иҷрои барномаҳо дар мамлакати мо шурӯъ хоҳад кард.

Ман зимни сафар ба Брюссел моҳи феврали соли равон маҷмӯи барномаҳои муҳимро ба роҳбарияти Комиссияи Аврупо пешниҳод кардам, ки аҳамияти калони минтақавӣ доранд. Умед аст, ки Комиссияи Аврупо онҳоро ҳамаҷониба омӯхта, қарорҳои мусбат қабул мекунад. Тоҷикистон барои рафъи бӯҳрони энергетикӣ ба истифода бурдани нерӯю имкониятҳои обу энергетикии мамлакат эҳтиёҷоти ҳаётан муҳим дорад. Имрӯз барои пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти мамлакат ба қувваи барқ 5 миллиард киловатт – соат ё 1500 мегават қувваи барқ лозим аст. Мо дар ин масъала мавқеи қатъӣ ишғол намудаем. Асоси онро зарурати ба назар гирифтани ҳам манфиатҳои миллӣ ва ҳам манфиатҳои минтақа ташкил медиҳад. Дар ин масъала ду ҷиҳати заруриро таъкид кардан лозим аст:

1) соҳаи гидроэнергетика соҳаи масрафкунандаи об ба шумор намеравад, зеро ин соҳа обро бебозгашт истифода набурда, балки онро танҳо тавассути турбинаҳои нерӯгоҳҳои барқӣ мегузаронад. Вале барои обёрии зироат оби дарёҳои калон бебозгашт сарф карда мешавад. Як қисми оби барои обёрии зироат истифодашуда бар гардонда шавад ҳам, сифати он ниҳоят бад аст.

Маҳз ба маротиб афзудани ҳаҷми обёрӣ дар солҳои 60-80-уми асри гузашта сабаби рух додани фоҷиаи баҳри Арал гардид. Дар давоми асри гузашта масоҳати замини кишти обёришаванда аз 2,5 -3 миллион гектар то 8,5 миллион гектар васеъ карда шуд. Ин тамоил баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ низ давом кард. Баъди ин дар мамлакатҳои поёноби дарёҳо боз як миллион гектар замин қобили кишт гардонда шуд. Табиист, ки дар натиҷа маҷрои оби дарёҳои ба баҳри Арал ҷоришаванда хеле коҳиш ёфт. Имрӯз тақрибан 90 фоизи оби дарёҳои минтақа барои обёрӣ истифода бурда мешавад. Илова бар ин, аз 30 то 60 фоизи об талаф дода мешавад.

Ҳамчунин, сол то сол афзудани шумораи аҳолии минтақаро таъкид кардан лозим аст. Масалан, соли 1956 шумораи аҳолии ҳамаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҳамагӣ 20 миллион нафар буд, шумораи аҳолии минтақа соли 2008 аз 60 миллион нафар гузашт. Ҳаминро ҳам таъкид кардан зарур аст, ки солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ дар ҳудуди ҳамаи панҷ мамлакати Осиёи Марказӣ садҳо обанборҳои сунъӣ сохта шуданд. Имрӯз ҳам бисёр обанборҳои нав сохта мешаванд, ки ҳаҷми ғунҷоиши онҳо нисбат ба ҳамаи обанборҳои сунъии пештара даҳҳо баробар зиёд мебошад.

2) агар мамлакатҳои дигари минтақа иқтисодиёти худро аз ҳисоби обёрии заминҳои нав, истифода бурдани захираҳои фаровони нафту газ ва ангишт тараққӣ диҳанд, мо чунин имкониятҳоро ба қадри кофӣ надорем.

Имрӯз дар мамлакати мо 70 фоизи аҳолӣ дар давоми 8 моҳ аз қувваи барқ дар давоми шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат истифода мебараду халос. Илова бар ин, мо маҷбурем, ки фасли зимистон ҳаҷми истифодаи обро барои фаъолияти нерӯгоҳҳои барқӣ бо мақсади ҷамъ овардани об дар обанборҳо ва истифодаи минбаъдаи он барои обёрии замин дар мамлакатҳои ҳамсоя то ҳадди имкон кам намоем. Ҳар сол дар сатҳи вазоратҳои хоҷагии оби мамлакатҳои минтақа ҳуҷҷатҳои дахлдор имзо карда мешаванд. Мувофиқи онҳо, мо ӯҳдадор мешавем, ки фасли зимистон обро ҷамъ карда ва фасли тобистон барои обери замин дар мамлакатҳои поёноб сар диҳем. Тоҷикистон пешниҳод кард, ки захираҳои гидроэнергетики он якҷоя истифода бурда шавад. Захираҳои оби Тоҷикистон эҳтиёҷоти минтақаро се баробар бештар қонеъ гардонда метавонад.

Анҷоми сохтмони танҳо НБО Роғун дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар мавриди кам шудани об дар мамлакатҳои поёноб бештар аз 3 миллион гектар замин қобили кишт гардонда шавад. Бояд гуфт, ки аз соли 1990 инҷониб чанд сол дар минтақа камобӣ мушоҳида карда шуд. Қувваи барқи бо ин роҳ бадастомада на танҳо талаботи рӯзафзуни мамлакатҳои ҳамсоя, балки Афғонистонро низ қонеъ гардонда метавонад. Муносибати минтақавӣ ба истифодаи захираҳои обу энергетикаи Осиёи Марказӣ ба идораю истифодаи якҷояи онҳо имконият фароҳам меорад. Ин ба манфиати ҳамаи давлатҳои минтақа мебошад. Мо ба омӯзиш ва таҳқиқи беғаразонаю мустақилонаи ҳамаи проблемаҳои оби Осиёи Марказӣ манфиатдорем. Ман борҳо аз минбарҳои гуногун изҳор кардаам, ки ягон иншооти энергетики Тоҷикистон бар зарари ҳамсояҳои мо равона карда намешавад. Мутаассифона, ба масъалаҳои обу энергетикаи Осиёи Марказӣ дидаю дониста оҳанги сиёсӣ доданӣ мешаванд. Ба ақидаи мо, ҳалли ин масъала танҳо бо роҳи гуфтушуниди амалӣ имконпазир аст. Ман шахсан тарафдори онам, ки мо ин масъаларо бе иштироки миёнаравҳо ҳал кунем ва мо ба чунин гуфтушунид ҳамеша тайёрем. Боварии комил дорам, ки мо ин масъалаҳоро ҳал карда метавонем. Мо имсол обро ба қадри кофӣ захира кардем ва интизорем, ки ҳамсояҳоямон сар додани онро хабар медиҳанд.

Тоҷикистон мамлакати кӯҳистон аст ва ҳар сол дар он фалокатҳои гуногуни табиӣ рух медиҳанд. Сел, обхезӣ, фуромадани ярч, заминҷунбӣ ва ғайра аз ҳамин қабиланд, ки ҳар сол ба мамлакати мо зарари калон мерасонанд. Имсол ҳаҷми зарари фалокатҳои табиӣ аз сад миллион доллар ҳам зиёд буд, бар асари онҳо 27 нафар ҳалок шуд, ки 30 фоизашон бачагонанд. Мутаассифона, чунин фалокатҳо қариб ҳар сол такрор мешаванд.

Бинобар ин мо маҷбурем, ки барои мустаҳкам кардани соҳили дарёҳо ва бартараф сохтани зарари селҳо маблағҳои калонро сарф кунем. Ба Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо партовҳои радиоактивӣ мерос мондаанд, ки ҳаҷми онҳо тақрибан 55 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Системаи муҳофизати онҳо бо сабаби қатъ гардидани маблағгузорӣ торафт ғайриқобили истифода мегардад. Дар натиҷа хавфи рух додани фалокати экологии минтақавӣ ба миён меояд. Дар робита пешниҳод карда мешавад, ки барои безарар гардонидани партовҳои радиоактивӣ ва ядроӣ дар доираи барномаҳои «ДИПЕЧО» барномаи махсус таҳия карда шавад. Айни ҳол дар Тоҷикистон барномаҳои маърифатии Иттиҳоди Аврупо – «Темпус», «ЭрасмусМундус» ва «Эрасмус / Даричаи берунии ҳамкорӣ» амал мекунанд. Соли 2008 дар доираи ин барномаҳо барои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ 10 миллион евро ҷудо карда шуд. Таҳлили иҷрои ин барномаҳо нишон медиҳад, ки Тоҷикистон нисбат ба мамлакатҳои дигари минтақа хеле қафо мондааст.

Мо ба рушди соҳаи маориф диққати калон медиҳем. Дар робита умедворем, ки Иттиҳоди Аврупо пешниҳоди моро дар бораи кушодани филиали яке аз мактабҳои олии Аврупо дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод. Дар ин мактаби олӣ на танҳо донишҷӯёни Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигари Осиёи Марказӣ, балки донишҷӯёни Афғонистон ва мамлакатҳои дигар низ таҳсил хоҳанд кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барномаҳои Иттиҳоди Аврупо дар бораи таъмини бехатарӣ ва вазъияти босуботи сарҳадҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баҳои баланд медиҳад. Ин барномаҳо дар таъмини амнияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон нақши муҳим бозида ба амният ва суботи вазъияти Осиёи Марказӣ мусоидат менамоянд. Мо Нақшаи тадбирҳои Иттиҳоди Аврупоро дар Осиёи Марказӣ барои тақвияти мубориза бо муқобили маводи нашъадор дар давраи солҳои 2009 – 2013 дастгирӣ менамоем. Ин ҷо зарур мешуморам, ки диққати Шуморо ба дарки дурусти вазъияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҷалб созам. Ин аз як тараф барои додани баҳои воқеӣ ба вазъият ва аз ҷониби дигар барои қабули қарорҳои саривақтию самарабахш зарур мебошад. Масофаи сарҳади умумии Тоҷикистону Афғонистон 1425 километр буда, дар минтақаҳои мураккабу душворгузари кӯҳистон тӯл мекашад. Ба истилоҳи дигар, бори асосии гарони мубориза ба муқобили тамоми зуҳуроти манфии аз ин мамлакат сарзананда, ки аз ҷумла ба Аврупо нигаронидашуда аст, ба зиммаи мо гузошта мешавад. Проблемаи истеҳсолу интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор дар Афғонистон ба таъмини амнияти минтақа ва зиндагии аҳолии мамлакатҳои Аврупо хавфи ҷиддӣ ба миён меорад. Гуноҳи мо нест, ки дар ин мамлакаи истеҳсоли маводи нашъадор баъди оғози амалиёти байналхалқии зиддиторрористӣ чандин баробар афзудааст. Ғайр аз ин имрӯз пӯшида нест, ки маблағи аз фурӯши маводи нашъадор ба дастомада барои таъмини молиявии шабакаи байналхалқии террористон истифода карда мешавад. Ба муқобили хариду фурӯши маводи нашъадор якҷоя ва муттафиқона мубориза бурдан лозим аст. Мамлакати мо имрӯз дар роҳи ба истилоҳ «шимолии қочоқ ва транзити маводи нашъадор» монеаи ягона ва асосӣ ба шумор меравад. Дар робита умедворем, ки Иттиҳоди Аврупо ба ҷараёни тартибу таҳияи барномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амният ва идораи сарҳадҳо ба ҳамин омил диққати бештар хоҳад дод.

Тоҷикистон тарафдори тақвият додани ҳамкорӣ ва ҳамгироии минтақавӣ буда, Иттиҳоди Аврупоро даъват менамояд, ки ба мамлакатҳои минтақа дар бобати андешидани тадбирҳо барои аз байн бурдани монеаҳои сунъии хариду фурӯш ва мубодилаи мол, сармоя, хизматрасонӣ ва рафту омади одамон мусоидат кунад.

Ба ақидаи мо, амалӣ сохтани Барномаи стратегии Иттиҳоди Аврупо ба тақвияти ҷараёни ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ ва беҳтар сохтани муносибатҳои дуҷонибаи мамлакатҳои минтақа мусоидат хоҳад кард. Ин барнома самтҳои нисбатан муҳим ва соҳаҳои аҳмиятноки ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро дар бар мегирад.

Ба ақидаи ман, мавқеъҳои Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО дар масъалаи таъмини амният ва суботи Афғонистон хусусияти умумӣ доранд. Мо иштироки фаъолонатари НАТО-ро дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши маводи нашъадор дастгирӣ хоҳем кард. Дар робита Иттиҳоди Аврупо ва НАТО-ро даъват менамоем, ки дар масъалаи Афғонистон бо мамлакатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон бештар ҳамкорӣ кунанд. Ба ақидаи мо, амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон бояд бо тадбирҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва маърифатию фарҳангӣ тақвият дода шавад. Проблемаҳои Афғонистонро танҳо бо роҳи ҷанг ҳал кардан мумкин нест. Ҷомеаи ҷаҳон ва созмонҳои байналхалқӣ бояд ваъдаҳояшонро дар бобати расондани кӯмаки иқтисодӣ ба Афғонистон иҷро кунанд. Ман аз Шумо хоҳишмандам, ки ба рӯзномаи машварати ояндаи ҳайати сегонаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ масъалаи рафти иҷрои ҳуҷҷатҳои қаблан қабулшударо дохил намоед. Мо даъват мекунем, ки чунин машваратҳо танҳо бо мубоҳисаи сиёсӣ маҳдуд нагардида, балки дар онҳо барои бартараф сохтани проблемаҳои муҳимтарини Осиёи Марказӣ, ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ барои амалӣ сохтани барномаҳои минтақавӣ қарорҳо қабул карда шаванд. Иттиҳоди Аврупо дар ин бобат имкониятҳои калон дорад ва онҳоро истифода бурдан лозим аст. Мо бояд дарк намоем, ки қашшоқию бенавоӣ дар ин мамлакат хавфи ҷиддии миллию минтавӣ ва умумибашарӣ дорад.

Сохтмони хатҳои интиқоли қувваи барқ, ки аз қаламравӣ Афғонистон мегузаранд, сохтмон ва барқарор намудани роҳҳои нави мошингард ва кӯпрукҳои дорои аҳамияти минтақавӣ бабеҳтар сохтани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ин мамлакат мусоидат хоҳанд кард.

Дар хотима, изҳори умед менамоям, ки машварати имрӯза ба ҳамкорӣ ва ҳамгироии доманадори Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард ва барномаи стратегии тадбирҳои минбаъдаи Иттиҳоди Аврупо ба дастгирии барномаҳои дорои аҳмияти минтақавӣ ва афзун гардонидани маблағу воситаҳо барои андешидани тадбирҳои воқеӣ бо мақсади ривоҷ додани ҳамкории минтақавӣ равона карда мешаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520