Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Белгия Херман Ван Ромпей

31.05.2009 18:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Белгия Херман Ван Ромпей, ки бо  ба шаҳри Душанбе ташриф овард, мулоқот намуд.

Масоили ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти хоссаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Белгия Херман Ван Ромпей ва сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷӯҳи зиёд ба татбиқи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Брюсел, ки моҳи феврали соли равон сурат гирифта буд, зоҳир гардид.

Масоили вобаста ба таҳкиму густариши муносибатҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби барномаҳои ҳамкорӣ бо сохторҳои аврупоӣ ва ҳам мусоидат ба барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.

Таъкид гардид, ки дар барқарорсозии суботи сиёсӣ ва иқтисодиёти Афғонистон аз имкону захираҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷумла Тоҷикистон, ки бо ин кишвари азиятдида сарҳади тӯлонӣ дорад, бояд васеъ истифода карда шавад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки монеаҳои сунъии дар Осиёи Марказӣ мавҷудбуда бояд баҳри таъмини мубодилаи озоди иттилоот, молу хизматрасонӣ ва ҳаракати одамон бартараф карда шаванд.

Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва дигар нақшаю барномаҳои рушди ҳамкории минтақавӣ аз воситаҳои муҳими расидан ба ин ҳадафҳо маънидод гардид.

Нақшаҳои гидроэнергетикӣ ва коммуникатсионӣ бо назардошти судмандиашон барои тамоми кишварҳои минтақа дорои аҳамияти ҳаётӣ номида шуданд.

Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо омодагии худро баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520