Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

23.12.2021 13:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чилу панҷ қонун ба имзо расонда шуд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм”, “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Дар бораи парандапарварӣ”, “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷумҳурӣ “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ”, “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва “Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардида, дар он дар баробари имтиёзу сабукиҳои мавҷуда, сабукиҳои нав пешбинӣ гардиданд. Аз ҷумла, шумораи андозҳо аз 10 ба 7 номгӯй, меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18 ба 15, хизматрасониҳои меҳмонхонавӣ аз 18 ба 7, фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз 18 ба 5 фоиз кам гардид.

 Қонунҳои номбурда ба рушди соҳаҳои саноат, парандапарварӣ, густариши варзиш, тарбияи ҷавонон, беҳдошти шароити зисти мардум, таъмини қонуният ва пешрафти кори мақомоти давлативу ҷамъиятӣ равона шудааст.

Қонунҳои баимзорасида дар матбуот интишор карда мешаванд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520