Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев

15.12.2021 11:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат Президенти кишвари дӯст ва дар шахси ӯ мардуми бародари Қазоқистонро ба муносибати ҷашни таърихӣ – 30-солагии истиқлолияти давлатӣ гарму ҷӯшон табрик намуданд.

Дар ин зимн Роҳбари давлати мо дастовардҳои назаррас ва пешрафти бузургеро, ки Ҷумҳурии Қазоқистон тайи солҳои гузаштаи истиқлолият дар ҷодаи давлатсозӣ, рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими обрӯву эътибори худ дар арсаи байналмилалӣ ба даст овардааст, махсусан таъкид карданд.

Ҳамчунин, тавсеа ва таъмиқи бемайлону босуботи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Тоҷикистону Қазоқистон, ки дар сатҳи шарикии стратегӣ имрӯзҳо мунтазам рушд меёбанд, қайд гардид.

Дар баробари ин ҷонибҳо аҳаммияти татбиқи минбаъдаи ҳамаҷонибаи тавофуқотеро, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои байнидавлатӣ зимни сафари Президенти Қазоқистон муҳтарам Қосим – Жомарт Токаев ба Тоҷикистон ба даст омада буданд, таъкид карданд.

Президентҳо атрофи масъалаҳои умдаи рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520