Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Ҷозеф Робинетт Байден

14.12.2021 19:10, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Ҷозеф Робинетт Байден барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Хабари сар задани тундбоди харобиовар дар якчанд иёлоти Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ки мӯҷиби ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандони кишвар ва хисороти бузурги моддӣ шудааст, боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Бо изҳори таъзияву тасаллият ба мардуми дӯсти Амрико ва ибрози ҳамдардии ин ҷониб ба наздикону пайвандони фавтидагон, хоҳони шифои комили осебдидагон ҳастем”.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520