Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ

09.06.2009 14:00, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Дар бригадаи рақами 20-и хоҷагии ба номи С. Ҷумаеви ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо дуои неки пирони рӯзгордида мавсими нави гандумдаравӣ оғоз гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рафти дарави ғалларо, ки ҳосили фаровон дошт, аз назар гузаронда, ба деҳқонон ва масъулини ноҳия маслиҳат дод, ки бо истифода аз фаровонҳосилии имсола барои ду соли оянда маводи ғизоӣ ва ҳам хӯроки чорво захира намоянд.

Дар ин замини ғалла, ки ба бригадаи № 20 ин хоҷагӣ тааллуқ дорад, навъи атоии гандум кишт шудааст ва деҳқонон умед доранд, аз ҳар гектари он то 45 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд.

Дар ҷараёни шиносоӣ зикр гардид, ки аъзои ин хоҷагӣ дар 1650 гектар замин пахта, 425 гектар- ғалла, 60 гектар - сабзавот, 16 гектар – полезӣ, 5 гектар – картошка, 310 гектар - хӯроки чорво кишт кардаанд.

Зимни шиносоӣ бо боғи шафтолу зикр гардид, ки масоҳати он 19 гектарро ташкил дода, дар он 13 навъи беҳтарини ин меваи хушлаззат, аз ҷумла, Саидаҳмадӣ, Қаҳҳорӣ, Лола, Рахш, Алберт ва Анҷиршафтолу парвариш меёбанд.

Соли 2008 ин боғ 180 тонна маҳсулот дода будааст. Имсол бошад, то 1 июн аз ин ҷо 30 тонна шафтолу ба фурӯш бароварда шудааст.
Ҳосилнокии интизории шафтолу дар деҳаи «Правда» 200 тонна мебошад.

Сокинони деҳа ба Федератсияи Русия даҳо тонна меваю сабзавот содир карда истоданд.

Дар деҳаи Правдаи ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону деҳконони он сӯҳбат намуда, онҳоро ба истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корам, вусъат додани кишти такрорӣ, рӯёндани ду ва ё зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ ва ҳамчунин ба танзими расму оинҳои мардумӣ ҳидоят кард.

Дар шаҳраки ба номи Исоеви ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як маркази хизматрасонӣ бо номи Баҳор ба истифода супурда шуд.

Бинои 3 ошёнаи Маркази савдо ва хизматрасонии мазкур аз тарафи соҳибкор Саймуҳриддин Саидов тибқи талаботи меъёрҳои сохтмону меъмории ҳозиразамон бунёд ёфтааст.

Дар маркази мазкур дар баробари савдои маҳсулоти гуногун, ҳамчунин фаъолияти сехҳои дӯзандагӣ, дӯконҳои сартарошӣ, заргарӣ, ошхонаи миллӣ ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст.

Дар ин марказ дар навбати аввал 1000 нафар бо кор таъмин гардиданд, ки 100 нафарашон муҳоҷирони меҳнатии аз Федератсияи Русия бозгашта мебошанд. Дар оянда дар ҳамин марказ боз 1000 нафари дигар ба кор ҷалб карда мешаванд.

Дар ҳамин шаҳрак бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як маркази варзиш ва беҳдошти саломатӣ ва як корхонаи коркарди пахта ба истифода супурда шуд.

Толори маркази варзиш ва беҳдошти саломатӣ аз ҷониби соҳибкор Ҳошим Холов бо харҷи 80 ҳазор доллари амрикоӣ сохта ва таҷҳизонида шудааст. Толор аз ду ошёна иборат буда, дорои 5 утоқи варзишӣ, 3 ҳуҷраи истироҳатӣ, ҷои биллиардбозӣ, сауна ва массаж аст ва дар як вақт метавонад ба 40 нафар хоҳишмандон хизмат расонад.

Дар маркази мазкур 15 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Корхонаи коркарди пахтаи шаҳраки ба номи Исоеви ноҳияи Румӣ бошад аз тарафи Ҷамъияти масуълияташ маҳдуди «Успех», ки роҳбараш Раҳмиддин Боронов аст, бо маблағи зиёда аз 700 ҳазор доллари амрикоӣ сохта ва бо таҷҳизоти ҳозиразамони истеҳсоли Туркия муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Корхона дар як сол метавонад то 20 ҳазор тонна пахтаро коркард намояд. Дар корхонаи мазкур 160 нафар бо ҷои кор таъмин гардидааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ҳамин ҷо ҳамчунин бо иқтидори солонаи 3 ҳазор тонна сехҳои ресандагиву бофандагӣ ҳам бунёд карда шаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520