Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Бохтар

09.06.2009 12:00, ноҳияи Кӯшониён

Аз ноҳияи Хуросон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиҳои сабзавоткории деҳаи Ғайрати ҷамоати деҳоти «Заргар»- и ноҳияи Бохтар ташриф оварда, бо таҷрибаи пешқадам ва натиҷаҳои ибратбахши деҳқонони онҳо аз наздик шинос шуд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии сабзавот дар ин ҷо 6150 гектарро ташкил медиҳад ва 4476 гектараш заминҳои обӣ мебошанд.
Дар 196 гектар сабзавоти барвақтӣ дар аввал зери плёнка кишт шуда будааст, ҳоло бошад, майдонҳои помидору бодиринг зери соябон гирифта шудаанд, то офтоби сӯзони тобистон эмин бошанд.

Чунонки аз сӯҳбат бо деҳқонон маълум шуд, дар деҳоти ҷамоат то 1 июни соли 2009 841 тонна помидор, 1271 тонна бодиринг, 26 тонна гулкарам, 38 тонна карам, ҳамагӣ 2176 тонна сабзавот истеҳсол шудааст.

Аз ҷумла деҳқонони деҳаи «Ғайрат» 319 тонна помидор, 461 тонна бодиринг, 8 тонна гулкарам, 11 тонна карам, ҷамъ 800 тонна сабзавот истеҳсол кардаанд.

Дар деҳаи номбурда 44 оила дар масоҳати 11 гектар 176 адад гармхона бунёд кардаанд. Аз ин гармхонаҳо то 1 –уми июни соли равон 152 тонна сабзавот, аз ҷумла 102 тонна помидор ва 50 тонна бодиринг ба фурӯш бароварда шудааст. Ғайр аз ин, аз ҳисоби аҳолӣ 403 тонна бодиринг, 139 тонна помидор, 7,5 тонна гулкарам ва 7,5 тонна карам ба бозор пешниҳод шудааст.

Сокинони ин деҳа ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 20 тонна сабзавот ба фурӯш мебароранд.

Бо сабзавоткорӣ дар ҷамоати деҳоти «Заргар» барои 451 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё гаштааст. Аз ҷумла дар деҳаи «Ғайрат» 220 нафари аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта бо ҷойи кор таъмин гаштаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520