Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ён

29.11.2021 17:24, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ён  29.11.2021

29 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ёнро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Форуми “Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея” дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо Кореяро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимоди худ медонем ва ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо он мутобиқ ба манфиатҳои муштарак аҳамияти хос медиҳем.

Ҷонибҳо зимни мулоқот таҳкими робитаҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву техникӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар арсаҳо муҳокима карданд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши равобит дар доираи Форуми муштараки соҳибкорӣ метавонад омили таҳкими муносибатҳо дар ин самт ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ байни тарафҳо шавад.

Истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, бахусус гидроэнергетика, арсаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла саноати коркарди кӯҳӣ, бахши кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ, аз самтҳои ояндадори таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар маънидод гардид.

Аз сатҳи ҳамкории байни ҳукуматҳо, аз ҷумла фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIKA) ва мусоидати ин кишвар дар мубориза бо бемории коронавирус, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Вобаста ба вазъи давлати ҳамсояи Афғонистон расонидани кумаки башарӣ ба мардуми ин кишвар аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ тавассути сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалии гуманитарӣ зарур шумурда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520