Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Маркази кардиологии вилояти Суғд

23.06.2009 12:00, шаҳри Хуҷанд

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Қабл аз ҳама шуморо ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ – яке аз ҷашнҳои бузургтарини Ватани маҳбубамон, ки таҷлили умумиҷумҳуриявии он имсол дар Суғди бостонӣ баргузор мешавад, муборакбод гуфта, бароятон рӯзгори хушу осуда ва саломативу хушҳолӣ орзумандам.

Боиси хушнудист, ки дар доираи чорабиниҳои идона ва дар арафаи ин ҷашни барои ҳар як фарди бонангу номуси миллати мо муқаддас бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи боз як иншооти навбунёди иҷтимоӣ – табобатгоҳи бемориҳои қалби вилоят, яъне боз як самараи неки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҷамъ омадаем.

Ин рӯйдоди фараҳбахшро ба ҳамаи сокинони Хуҷанди бостонӣ ва тамоми мардуми вилоят муборакбод гуфта, ба муҳандисону меъморон, сохтмончиёну коргарон ва ҳамаи онҳое, ки дар тарҳрезӣ ва бунёди ин иншооти муҳим саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.

Мавриди истифода қарор гирифтани бинои замонавии ин беморхона, бешубҳа, боз як намунаи ғамхории давлат ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии мардум мебошад.

Ин марказ, ки аз моҳи июли соли 2000–ум фаъолият дорад, то оғози сохтмони бинои нав дорои ҳамагӣ 40 кат буд ва дар он соле зиёда аз 1300 нафар беморон саломатии худро барқарор мекарданд. Албатта, ин талаботи ҳамаи корафтодаҳоро қонеъ карда наметавонист ва онҳо барои табобат моҳҳо навбат мепоиданд ё маблағи зиёд сарф карда, ба хориҷи кишвар мерафтанд.

Бо дарназардошти чунин вазъ сохтмони бинои нави иловагӣ ба нақша гирифта шуд ва барои бунёди он аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сарф гардид.

Бинои имрӯза, ки бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудааст, барои ташкили низоми муосири ҳифзи тандурустии мардум, ҳамчунин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат заминаи хуберо фароҳам меорад.

Ва итминон дорам, ки ин маркази муолиҷавию солимгардонии ба талаботи замона ҷавобгӯ, ки дар соҳили дарёи Сир, дар иқлими мусоиду муҳити барои шахсони гирифтори бемории қалб орому мувофиқ воқеъ гардидааст, натанҳо ба яке аз марказҳои пурқуввати табобатии вилоят, балки кишварамон табдил меёбад.

Дӯстони азиз!

Мо ҳамеша ва такрор ба такрор хотирнишон мекунем, ки татбиқи ҳадафҳои неку созандаамон, пеш аз ҳама аз сулҳи пойдор, суботи иҷтимоӣ ва ваҳдати комили ҷомеа вобастагӣ дорад.

Маҳз ба шарофати сулҳу салоҳ соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон марҳала ба марҳала рушд ёфта, ба хотири вусъат додан ба ислоҳоти бунёдии соҳа, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати хизматрасонии ҳарчи беҳтари тиббӣ ба аҳолӣ ва умуман ҳифзи саломатии мардум пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.

Рушди ҳадафманди соҳаи тандурустӣ ва вусъати тоза пайдо кардани бозсозии он ба мо имкон медиҳад, ки минбаъд тавассути баланл бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои замонавии ташхису табобат, муҳайё кардани шароити муносиб барои густариши шаклҳои гуногуни хизматрасонии тиббӣ дар кишвар ба ҳадафи стратегии дар ин самт муайянкардаамон – беҳдошти саломатии аҳли ҷомеа, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва бо ҳамин роҳ ба ташаккули миллати солим ноил гардем.

Зеро саломатӣ барои инсон сарвати бебаҳост ва ҳифзу нигаҳбонии он масъулияти хеле бузургест, ки ин вазифа дар навбати аввал ба дӯши шумо - табибон вогузор шудааст.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти бузурги ҳифзи саломатии мардум ва вусъатбахшии раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин бозсозиву бунёди иншооту муассисаҳои нави тиббӣ, ки ин марказ намунаи равшани он мебошад, ҳамаи тадбирҳои имконпазирро амалӣ карда истодааст.

Барои татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии он ҳамасола маблағҳои зиёди давлатӣ, сармояи хориҷӣ ва грантҳо истифода мешаванд.

Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки дар давоми солҳои истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар саросари кишвар зиёда аз 700 муассисаи тандурустӣ сохта ва таъмиру таҷдид карда шудааст, ки қисми зиёди онҳо дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд воқеъ мебошанд.
Чунончи, дар вилоят тайи солҳои охир Маркази вилоятии мубориза бар зидди бемориҳои сил, таваллудхонаи вилоятӣ, беморхонаи вилоятии клиникавии кӯдакон ва шӯъбаҳои алоҳидаи он, инчунин шӯъбаи нави маркази солимгардонии беморони шараёну дил сохта ва таъмир карда шуданд.

Дар як қатор муассисаҳои тиббӣ – беморхонаҳои минтақавию ноҳиявӣ, марказу бунгоҳҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ корҳои сохтмону азнавсозӣ ба анҷом расонида шуданд. Илова бар ин, барои рушди соҳаи тандурустии ноҳияҳои Исфара ва Мастчоҳ беш аз ду миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. То қарибӣ дар қаламрави вилоят таҷҳизоти томографияи компютерӣ умуман мавҷуд набуд ва беморон барои ташхис асосан ба хориҷи кишвар мерафтанд.

Барои харидории чунин таҷҳизоти зарурии тиббӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти мамлакат якуним миллион сомонӣ ҷудо карда шуд ва ҳоло он дар шаҳри Хуҷанд дар хизмати мизоҷон қарор дорад.

Дар айни ҳол, аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят барои таъмиру сохтмон, харидории доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва нақлиёти санитарию ёрии таъҷилӣ зиёда аз дуюним миллион сомонӣ сарф шудааст.

Ҳоло корҳои тармиму сохтмон дар аксари муассисаҳои тиббии вилоят, ки дар онҳо 4 ҳазору 500 нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва 11 ҳазору 500 нафар кормандони миёнаи соҳаи тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд, идома доранд.

Дар сафи табибони вилоят имрӯз 11 доктори илм, 63 номзади илми тиб ва теъдоди зиёди довталабони унвонҳои илмӣ бо фаъолияти пурсамари тадқиқотию амалӣ машғуланд.

Бояд зикр кард, ки имрӯз дар соҳаи тандурустии вилоят бахши хусусӣ нисбатан хуб инкишоф ёфта истодааст ва саҳми он дар расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ рӯз ба рӯз назаррас мегардад.

Ҳоло дар қаламрави вилоят дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ» як силсила муассисаҳои тиббии хусусӣ фаъолият мекунанд ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки корафтодагон аз сатҳи хизматрасонии онҳо қаноатманд мебошанд.

Дар ин робита ҳамчунин мехоҳам бори дигар хотирнишон созам, ки рушди соҳаи тибби хусусӣ дар кишварамон тақозои замон аст, зеро ин раванд шароити баробари ҳаққи интихобро барои корафтодаҳо, инчунин рақобати солимро ба вуҷуд оварда, бешубҳа, ба болоравии сатҳу сифати ҳифзи саломатии аҳолӣ ва дар айни замон поён рафтани нархи хизматрасониҳои тиббии пулакӣ мусоидат менамояд.

Аз ин лиҳоз, дар марҳалаи кунунӣ рушди соҳаи тибби хусусӣ бояд яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва дигар мақомоту сохторҳои дахлдор буда, татбиқи чорабиниҳо дар ин маврид метавонад барои расидан ба дурнамои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шароит фароҳам оварад.
Илова бар ин, ҳоло дар соҳаи тандурустии мамлакат татбиқи чандин лоиҳаҳои сармоягузорӣ идома дорад, ки албатта, ба хеле беҳтар шудани шароити беморхонаву дармонгоҳҳо ва марказҳои тиббӣ, таҷҳизонидани онҳо бо воситаҳои муосири тиббии ташхису муолиҷа мусоидат мекунанд.

Мо ҳамчунин ният дорем, ки дар се соли оянда бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 400 муассисаи тиббиро дар минтақаҳои мухталифи кишварамон, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба анҷом расонем. Мақсад аз ҳамаи ин чорабиниҳо беҳбудии тадриҷии вазъи инфраструктураи тиббии кишвар мебошад.

Дар баробари ин, ба масъалаҳои ҳалталаби гузаштан ба усулҳои нави хизматрасонии тиббӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва наврасон, вогирии бемориҳои сироятӣ ва дигар бемориҳое, ки паҳншавии вусъатёбандаи онҳо боиси ташвиши ҷомеа гаштааст, диққати махсус дода мешавад.

Вале вобаста ба ин, таъкид месозам, ки хизматрасонии шоиста ва замонавии тиббӣ ба аҳолӣ, пеш аз ҳама, аз сатҳи маҳорату малакаи касбӣ, муомила ва фаъолияти инсондӯстонаи табибон ва умуман кормандони соҳаи тандурустӣ вобастагӣ дорад.

Хилъати сафед ва савганди Гиппократ ба дӯши шумо - табибон вазифаи басо сермасъулият, вале пурифтихор - ғамхорӣ барои солимии халқу миллат ва зиёда аз ин, ҳаёти инсонро вогузоштааст.

Ва бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки табибони кишвари мо ҳамчун яке аз табақаҳои боэҳтирому бонуфузи ҷомеа, рисолати худро дар ин самт содиқона, бо дасти поку дилу нияти нек ва холисона адо карда истодаанд.

Шумо табибони соҳаи дил бошед, ба наздиктарин ва ҳассостарин узви бадани инсон, яъне қалби ӯ сару кор доред ва аз ин бояд ифтихор карда, ҳамеша дар пайи такмили донишу таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи касбии худ бошед.

Дар охир бори дигар иди Ваҳдати миллӣ ва ифтитоҳи бинои нави беморхонаро ба ҳамаи шумо муборакбод гуфта, бароятон рӯзгори пурфайзу баракат ва барору комёбиҳо орзумандам.

Ҳамеша саломату сарбаланд ва номбардори Ватани худ бошед!

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520