Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Шаҳристон

24.06.2009 15:30, ноҳияи Шаҳристон

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Хеле хушҳолам, ки бо шумо – мардуми шарифи ноҳияи Шаҳристон дар остонаи ҷашни бузурги миллиамон, яъне дувоздаҳумин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ мулоқот менамоям.

Бинобар ин ҳамаи шуморо ба ифтихори ин ҷашни воқеан сарнавиштсоз ва муқаддас самимона табрик гуфта, бароятон тандурустӣ, саодати рӯзгор ва иқболи нек орзумандам.

Дар таърихи навини давлатдории мо рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа ҳамчун санаи бисёр муборак сабт гардидааст, зеро аз рӯзи 27 июни соли 1997 роҳу равиш ва самти фаъолияти мо ба ҷониби сулҳу субот, ваҳдату ягонагии миллӣ ва созандагиву ободкориҳо кушода шуд.

Ваҳдати миллии мо ҳамчун рамзи барҷастаи ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллати фарҳангиву сулҳдӯсти тоҷик пеш аз ҳама боиси мустаҳкам ва устувор гардидани пояҳои давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо гардид.

Имрӯз ҳамроҳи шумо таҷлил намудани ин ҷашни хуҷаста худ нишони сулҳи поянда ва суботи устувор дар кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.
Тавре ки шумо дар ёд доред, ман ба ноҳияи Шаҳристон борҳо сафари корӣ доштам ва дар ҷараёни ҳар боздиди худ ҳар дафъа эҳсос менамоям, ки дар он вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ сол ба сол беҳтар гардида, корҳои созандагиву ободонӣ вусъат мегиранд.

Шаҳристон аз ҷумлаи ноҳияҳои аграрии мамлакат буда, кишоварзӣ ва чорводорӣ пешаи асосии мардум ба ҳисоб меравад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ноҳияи Шаҳристон барои рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус зироаткорӣ ва чорводорӣ имкониятҳои бениҳоят фаровон дорад.

Мо медонем, ки мардуми ноҳия бисёр заҳматдӯстанд ва мисли аҳолии дигар ноҳияву минтақаҳои кӯҳистони мамлакат ҳамеша ба хотири ҳосили фаровон саъю талош мекунанд.

Бо вуҷуди ин, шароити давру замона тақозо мекунад, ки кишоварзон ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ як порча замин доранд, барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз ҳарвақта бештар заҳмат кашида, истифодаи оқилонаву самараноки ҳар як ваҷаб заминро ба роҳ монанд ва дар баробари баланд бардоштани ҳосилнокӣ, инчунин ҷиҳати аз заминҳои обӣ дар як сол рӯёнидани ду ҳосил кӯшиш намоянд.

Зеро мо танҳо бо роҳи зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ метавонем нархи бозори истеъмолиро дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, фаровонии дастурхони мардумро таъмин намоем.

Бо дарназардошти шароити ноҳияҳои кӯҳистон, аз ҷумла Шаҳристон, ки дар сурати густариш додани соҳибкорӣ дар онҳо имконияти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ хеле васеъ гардида, мардуми ин ноҳияҳо метавонанд дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саҳми шоиста гузоранд, инчунин бо мақсади фароҳам овардани муҳити созгор барои рушди соҳибкорӣ дар ноҳия дар давоми ду соли охир аз ҷониби бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарздиҳанда қариб 14 миллион сомонӣ қарзҳои хурд пешниҳод карда шудаанд.

Дар чор моҳи соли ҷорӣ бошад, ба маблағи беш аз 6 миллион сомонӣ чунин қарзҳо дода шудаанд, ки қисми зиёди онҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамчун соҳаи асосии ноҳия равона гардидааст.

Мо хуб медонем, ки кишоварзони ноҳия дар масъалаи картошкапарварӣ таҷрибаи зиёд доранд. Агар соли 1998 дар ноҳия ҳамагӣ 2400 тонна картошка истеҳсол шуда бошад, пас соли гузашта ҳаҷми он ба 20 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин албатта, боиси қаноатмандист. Дар натиҷаи густариши фаъолияти соҳибкорӣ ҳаҷми майдони кишти картошка дар ноҳия аз 200 ба 1000 гектар расидааст.

Ва чунонки дида мешавад, ба ихтиёри соҳибони аслӣ, яъне деҳқонони ботаҷриба вогузор шудани замин, дар навбати аввал ба оқилонаву самаранок истифода гардидани замин, баланд шудани ҳосилнокии картошка ва афзоиши истеҳсоли он мусоидат намуд.

Ҳамчунин, дар ноҳияи шумо барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, аз ҷумла асппарварӣ, занбӯри асалпарварӣ, боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ имконият ва захираҳои зиёд вуҷуд доранд.

Соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия дар маҷмӯъ 120 ҳазор бех ниҳол, аз ҷумла 33 ҳазор ниҳолҳои мевадиҳанда ва 67 ҳазор қаламча шинонидаанд.
Инчунин дар ин давра 10 гектар боғи кӯҳна ва ҳамин миқдор ҷангалзор барқарор гардидааст, ки ҳамаи ин корҳо дар баробари мусоидат ба рушди боғдорӣ инчунин омили муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ мебошанд.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда ин раванд идома дода шавад. Шумо – сокинони ноҳияи Шаҳристон дар масъалаи чорводорӣ низ анъанаҳои хуб ва таҷрибаи кофӣ доред, ки солҳои охир дар ноҳия афзоиши истеҳсоли маҳсулоти чорво гувоҳи ин гуфтаҳост.

Шумо хуб медонед, ки имсол бинобар боронгариҳои зиёд алафи табиӣ бештар гардид, ки ин омил, пеш аз ҳама, ба рушди соҳаи чорводорӣ хеле мусоид аст. Шумо инчунин аз таҷрибаи худ медонед, ки табиат ҳар сол чунин саховатманд намешавад.

Бинобар ин, зарур аст, ки аз ин имконият истифода бурда, ҳарчи бештар хошоки табиӣ захира карда шавад. Агар ин имкониятро ғанимат дониста, ҷамъоварии алафи табиӣ муташаккилона таъмин карда шавад, боварӣ ҳаст, ки саршумори чорво ва маҳсулнокии он ба таври бесобиқа афзуда, зиндагии мардум низ хеле беҳтар мешавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ки аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб мераванд, ҳамеша кӯшишу талош дорад.

Дар ин замина шароит ва вазъи таъминоти муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ноҳияи Шаҳристон низ сол ба сол беҳтар шуда истодааст.

Дар ноҳия ҳоло оид ба ҳаллу фасли масъалаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ се лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад. Итминон дорем, ки дар доираи татбиқи онҳо вазъи муассисаҳои маорифу тандурустии ноҳия хеле беҳтар гардонида мешавад.

Бояд зикр кард, ки дар доираи татбиқи ҳадафҳои созандагиву бунёдкориҳо дар баробари сохтмон ва таъмиру азнавсозии иншооти таъиноти иҷтимоӣ, мо инчунин ба бунёди роҳу пулҳо, нақбҳо ва нерӯгоҳҳои хурду миёна, ки асоси аз бунбасти коммуникатсионӣ ва мушкилоти энергетикӣ баровардани мамлакат мебошанд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоем.

Дар асоси лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак танҳо дар ноҳияи Шаҳристон беш аз 45 километр роҳ асфалтпӯш карда шуда, ҳоло сохтмони нақби Шаҳристон босуръат идома дорад ва мо ният дорем, ки ҳамаи корҳоро тибқи накша анҷом дода, онро соли оянда пурра ба истифода супорем.

Шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Чанак, ки аз ҳудуди ноҳияи Шаҳристон мегузарад, бешубҳа, дар оянда барои ба минтақаи сайёҳӣ табдил ёфтани ноҳия шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Аз ин рӯ, ҳам ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҳам сокинони он зарур аст, ки дар бобати интихоби ҷойҳои мувофиқи дар сари роҳ бунёд намудани иншооти хизматрасонии замонавӣ ба мусофирон аз ҳоло тадбирҳо андешанд.

Мо имрӯз дар ноҳияи Ғончӣ зеристгоҳи барқи баландшиддатро, ки як қисми лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи 500 - киловолтаи “Ҷануб – Шимол” мебошад, ба истифода додем. Дар доираи ин лоиҳа то ба имрӯз ба масофаи 325 километр хатти интиқоли барқ кашида шуд.

Маблағи умумии ин лоиҳаи инвеститсионӣ қариб як миллиарду 300 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 100 миллион сомонии он барои иҷрои корҳои дар ноҳияи Шаҳристон пешбинишуда сарф гардидааст.

Ин лоиҳаи муҳим яке аз бахшҳои таркибии таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон буда, баъди пурра ба анҷом расидани он масъалаи ташаккули шабакаи ягонаи энергетикии кишварамон ва бо ҳамин роҳ таъминоти доимиву бемамониати шаҳру ноҳияҳои шимоли мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Шаҳристон бо қувваи барқи худӣ ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Ман аз мулоқот бо шумо бори дигар изҳори қаноатмандӣ карда, итминон дорам, ки ҳар фарди ватандӯст ва ҳамаи мардуми меҳмоннавозу шарафманди ноҳияи Шаҳристон дар раванди корҳои ободониву созандагӣ фаъолона иштирок карда, дар ободу зебо гардонидани Ватани азизамон Тоҷикистон саҳми шоистаи худро мегузоранд.

Ҳамчунин хотирнишон месозам, ки имсол бо Фармони Президенти мамлакат соли бузургдошти пешвои бузурги мазҳаби мо – Нӯъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам маъруф аст, эълон шудааст.

Ҳамчунин, 6 ноябри соли ҷорӣ мо 15-солагии қабули аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламонро таҷлил хоҳем кард. Гузашта аз ин, тавре ки медонед, 9-уми сентябри соли 2011 ҳамаи мо ҷашни бузурги миллӣ дорем, яъне истиқлолияти Тоҷикистони азизи мо бистсола мешавад.

Шубҳае нест, ки сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Шаҳристон низ дар қатори тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дар кори хайри омодагӣ ва таҷлили шоистаи ин чорабиниҳои муҳими миллӣ ҳиссаи ватандӯстонаи хешро ҳамроҳ мекунанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тани сиҳат, хотири ҷамъ ва барори кор орзу менамоям.

Бовар дорам, ки сокинони Шаҳристон – ин гӯшаи зебоманзари Ватанамон мисли ҳамеша дар фазои дӯстиву бародарӣ ва ҳамзистии устувори миллатҳо зиндагӣ ва кору фаъолият хоҳанд кард.

Саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520