Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи хатти аввали фабрикаи ғанигардонии маъдани ҶММ «Ширкати саноати маъдани Тоҷикистону Чин»

26.06.2009 16:00, шаҳри Гулистон

Ҳамватанони азиз!
Муҳандисон ва сохтмончиёни мӯҳтарам!

Дар ибтидо ҳамаи шуморо ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати аввали боз як корхонаи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне корхонаи маъданкоркунии Ширкати саноати маъдани Тоҷикистону Чин, ки ба арафаи ҷашни бузурги мардуми тоҷик - Рӯзи ваҳдати миллӣ рост омада, худ гувоҳи равшани вусъат ёфтани корҳои ободониву созандагӣ дар Ватани азизи мо мебошад, самимона табрик мегӯям.

Воқеан, Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои сарватҳои зиёди табиӣ мебошад, ки то имрӯз дар қаламрави он беш аз 400 кони канданиҳои фоиданок муайян ва кашф карда шудааст. Масалан, танҳо дар кони Конимансури калон захираи умумии металли нуқра ба ҳисоби пешакӣ 55 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки бо чунин захираи ҳисобшуда кишвари мо дар миқёси ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.

Дар мамлакати мо инчунин захираи сурма, сурб ва рӯҳ низ хеле зиёд буда, агар онро бо металл ҳисоб намоем, ба даҳҳо миллион тонна оҳан баробар мешавад.

Аз ин рӯ, соҳаи саноати коркарди маъдан яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлати Тоҷикистон буда, мо бо дарназардошти муҳимияти масъала ва зарурати рушди саноати маъдан бо татбиқ намудани як қатор барномаҳо, аз ҷумла бунёд ва таҷдиду азнавсозии корхонаҳои саноатии кишвар ба тараққиёти бонизоми иқтисоди миллӣ суръати тоза бахшида истодаем.

Дар доираи ин чорабиниҳо фаъолияти корхонаҳои саноатии кишвар бо ҷалби сармояггузории дохиливу хориҷӣ, ворид кардани технологияҳои муосир ва таҳкими иқтидори онҳо дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир беҳтар шуда истодааст.

Тавре ки шумо огоҳ ҳастед, солҳои пеш корхонаҳои саноатии кишвар асосан ба истихроҷ ва коркарди аввалияи маъдан машғул буда, маҳсулоти ниҳоии онҳо берун аз қаламрави мамлакат истеҳсол карда мешуд.

Ин омил ва махсусан мавҷуд набудани иқтидорҳои истеҳсолии тавлидоти маҳсулоти тайёр ба рушди минбаъдаи соҳа монеаи ҷиддӣ эҷод мекард. Инчунин бо сабаби канда шудани робитаҳои истеҳсолӣ бо ҷумҳуриҳои дигар дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ва илова бар ин дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ иқтисоди кишвар бо хисороти бузурги моддӣ рӯбарӯ гардид.

Ва табиист, ки барои давлати навбунёди мо ба таври зарурӣ барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ кори ниҳоят мушкил буд. Бо вуҷуди ин, мо тасмим гирифтем, ки фаъолияти корхонаҳои саноатиро тадриҷан бо дарназардошти талаботи бозори дохиливу хориҷӣ ва имкониятҳои воқеии иқтисоди кишвар мутобиқ гардонем.

Ҳоло дар мамлакат корхонаҳои саноатии давлативу муштараки «ТАЛКО», «Зарафшон», «Апрелёвка», «Адрасмон», «Ҷамаст», «Анзоб», «Тиллои Тоҷик», «Тоҷикхимпром», «Тоҷиказот», «Тоҷиксемент» ва «Востокредмет» асосан ба коркарди маъданҳои табиии тиллову мис, нуқраву волфрам, сурбу рӯҳ, симоби сурма, ангишту намак, сементу алюминий, сангҳои қиматбаҳову ороишӣ ва нуриҳои маъданӣ машғуланд ва солҳои охир иқтидори содиротии онҳо хеле афзуда, ҳоло дар рушди иқтисоди миллиамон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр намоям, ки дар давоми солҳои 2004-2008-ум ва панҷ моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд қариб 80 корхонаи нав ташкил гардида, фаъолияти 26 корхонаи азкормонда барқарор карда шудааст, ки ин албатта, боиси дастгирист.

Ба истифода супоридани хатти аввали корхонаи ғанигардонии маъдани Ширкати саноати маъдани Тоҷикистону Чин, ки имрӯз ҳамаи мо ба ин муносибат ҷамъ омадаем, давоми мантиқии ҳамин сиёсати пешгирифтаи давлатамон мебошад.

Бояд зикр кард, ки кони Олтин-Топкан яке аз бузургтарин конҳои маъдани Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, дар заминаи он ҳанӯз соли 1948-уми асри гузашта, яъне зиёда аз шаст сол пеш корхонаи истихроҷи маъдан таъсис ёфта буд. Корхонаи мазкур то соли 1996-ум дар маҷмӯъ беш аз 63 миллион тонна ашёи хом, аз ҷумла 845 ҳазор тонна сурб, 943 ҳазор тонна рӯҳ ва дигар металлҳои нодир истихроҷ кардааст.

Баъдан фаъолияти корхонаи мазкур дар нимаи дуюми солҳои навадуми асри гузашта бинобар мушкилоти молӣ ва коҳиш ёфтани талабот ба маҳсулоти он дар бозори ҷаҳонӣ қатъ гардид. Чанд сол пеш мо бо мақсади эҳёи дубораи фаъолияти он бо яке аз ширкатҳои кишвари ба мо дӯст – Ҷумҳурии Халқии Хитой созишнома баста, ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ширкати саноати маъдани Тоҷикистону Чин»-ро таъсис додем.

Мо дар навбати худ ба роҳбарияти ширкати мазкур шарт гузоштем, ки дар баробари истихроҷ ва коркарди аввалияи маъдан, инчунин бунёди фабрикаи ғанигардонӣ ва заводи металлургии истеҳсоли сурбу рӯҳ ва дигар металлҳои нодирро ташкил намоянд.

Ва чунонки шумо шоҳид ҳастед, имрӯз дар ин кон ҳам истихроҷи ашёи хом ва ҳам коркарди он ба роҳ монда шудааст.

Тибқи созишномаи дуҷониба ширкати чинӣ барои бунёди фабрикаи маъдантозакунӣ ва фаъолияти мунтазами ду кони ин мавзеъ бояд дар ҳаҷми қариб 130 миллион сомонӣ сармоягузорӣ намояд ва навбати аввали корхона, ки имрӯз ба истифода дода мешавад, натиҷаи аз худ гардидани як қисми маблағи мазкур мебошад. Иқтидори солонаи хатти аввали корхона ба коркарди 300 ҳазор тонна маъдани сурбу рӯҳ баробар аст.

Баъди бунёд ёфтани хатти дуюми технологӣ ва бо иқтидори пурраи лоиҳавӣ ба кор шурӯъ намудани корхона имкон фароҳам меояд, ки дар як сол то 23 ҳазор тонна хокаи сурб ва зиёда аз 21 ҳазор тонна хокаи рӯҳ истеҳсол карда шавад. Дар маҷмӯъ, баъди пурра ба фаъолият шурӯъ кардани корхона дар як сол коркарди то 1 миллион тонна маъдан пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон бо ин, дар ин муддат баъзе корҳои дигар, аз ҷумла безарар гардонидани партовҳои маъдани коркардшуда низ пурра ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани лоиҳаҳои барқарорсозии кони маъдани Олтин-Топкан, бунёди фабрикаи ғанигардонӣ ва заводи металлургӣ зиёда аз 3 500 нафар шаҳрвандон бо ҷои доимии корӣ таъмин шуда, инчунин таҷдиди инфраструктураи роҳҳо, хатҳои барқ ва сохтмони дигар иншооту биноҳои хизматрасонӣ дар назар дошта шудааст.

Дӯстони азиз!

Чунон ки шумо огоҳ ҳастед, имрӯзҳо саросари ҷаҳонро бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ фаро гирифтааст. Вале бо вуҷуди таъсири манфии он ба иқтисоди кишварамон мо кӯшишу талош дорем, ки ислоҳоти соҳаҳои асосии иқтисоди воқеӣ, аз ҷумла саноатро босуръат идома диҳем.

То имрӯз дар ин самт як силсила корҳои назаррас ба анҷом расида, тамоми заминаи меъёрии ҳуқуқии мутобиқ бо талаботи замона фароҳам оварда шуд, ки ҳамаи ин иқдомот дар маҷмӯъ ба афзоиши сармояи хориҷӣ ва густариш ёфтани ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат намуданд.

Чанде пештар дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия баргузор шуд, ки дар он беш аз 150 нафар соҳибкорону тоҷирони турк иштирок карда, ба масъалаҳои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди нахи пахта, пашму пӯст, меваю сабзавот ва сангу металлҳои қиматбаҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Мо бо итминони комил изҳор медорем, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои рушди воқеии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, аз ҷумла саноати маъдан тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки ба кор шурӯъ намудани корхонаи мазкур далели равшани ин гуфтаҳост.

Бояд зикр кард, ки солҳои охир равобиту ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамсояи бузурги шарқиямон - Ҷумҳурии Халқии Хитой беш аз пеш вусъат меёбанд.

Масалан, танҳо дар панҷ моҳи соли равон гардиши савдои хориҷӣ бо ин кишвар беш аз 200 миллион доллари амрикоиро ташкил кард, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд мебошад.

Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба рушди соҳаҳои иқтисоди воқеӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, то имрӯз ҷиҳати зина ба зина татбиқ гардидани онҳо ва вусъат ёфтани корҳои ободониву созандагӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Ва мо ният дорем, ки ин раванди некро минбаъд бо суръати бештар идома бахшем.

Дар ин раванд бояд роҳбарони корхонаҳои саноатии вилояти Суғд, ки зиёда аз 40 фоизи иқтидори саноатии мамлакат дар ҳудуди он ҷойгир аст, инчунин соҳибкории боҳиммат бо ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, барқарор кардани фаъолияти корхонаҳои азкормонда, воридоти технологияҳои пешрафта ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими имкониятҳои истеҳсолии кишвар, аз ҷумла бо молу маҳсулоти хушсифати содиротӣ беш аз пеш кӯшиш намоянд.

Дар баробари ин, мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки бунёдкориву созандагиҳои имрӯзаи кишвар маҳз ба шарофату баракати ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва таҳкими суботи иҷтимоиву сиёсӣ ба вуҷуд омадааст.

Бинобар ин, аз ҳар як фарди худогоҳу бедордил ва ватандӯст тақозо мегардад, ки манфиати халқу Ватани азизи худро ҳамеша ва дар ҳама маврид аз манфиатҳои дигар боло гузошта, ба хотири ободиву шукуфоии сарзамини аҷдодӣ кору фаъолият намоянд ва дар раванди созандагиву бунёдкории кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

Ҳамчунин бо истифода аз фурсати муносиб ва ба идомаи анъанаи неки барқарор кардани номҳои таърихӣ, инчунин бо номи фарзандони бузурги миллатамон ва исмҳои зебову хушоянд иваз кардани номи мавзеъҳои ҷуғрофӣ, шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишин пешниҳод менамоям, ки мавзеи Олтин – Топкан “Зарнисор” номида шавад.

Дар охир, бори дигар, ҳамаи шумо – муҳандисону сохтмончиёнро бо ин иқдоми неки созандагӣ, яъне ифтитоҳи хатти аввали корхонаи ғанигардонии металл, инчунин ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо тани сиҳат, саодати рӯзгор ва барори кор орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520