Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Хоҷагии фермерии “Асадулло” дар ноҳияи Хуросон

29.10.2021 13:20, ноҳияи Хуросон
Боздид аз Хоҷагии фермерии “Асадулло” дар ноҳияи Хуросон  29.10.2021

29 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии фермерии “Асадулло” аз қитъаи боғи нав бо ниҳолҳои навъи хориҷӣ боздид карда, бо нашъунамои дарахтон шинос шуданд.

Қитъаи боғ бо дарахтони хориҷӣ дар ҳудуди хоҷагӣ соли 2018 дар майдони наздики 36 гектар ташкил гардидааст.

Ниҳолу дарахтони ин қитъа аз Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ворид шуда, аз 36 гектар асосан дар майдони 16 гектар ниҳолҳои себ, дар 11 гектар нок, 7 гектар олу, 2 гектар челон ва дар 1 гектар себи биҳӣ парвариш мегардад.

Дар ин қитъаи боғ 14 нафар ба кори доимӣ фаро гирифта шудаанд.

Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020” амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад.

Хоҷагии фермерии “Асадулло” дар деҳоти Фахробод аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзӣ маҳсуб ёфта, дорои 14 ҳазору 423 гектар замин мебошад ва он соли 2009 ташкил шудааст.  Дар ин хоҷагии фермерии давоми шаш соли охир беш аз 1700 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст. 

Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ боғдорӣ мебошад ва аз миқдори умумии майдони боғот 116 гектарашро боғи интенсивӣ дар бар мегирад. Дар хоҷагӣ парвариши хуби дарахтони мевадиҳандаи ба содирот нигаронидашудаи себи биҳӣ, нок, олу, зардолу, гелос, бодом, анҷир, чормағз, челон, анор, тут ва лиму ба роҳ монда шудааст.

Баъди шиносоӣ бо ҳолати нашъунамои дарахтони боғ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи бойи боғдорони хоҷагӣ баҳои баланд дода, онҳоро ба истифодаи самараноки ҳар як қитъа замин, афзун намудани ҳаҷми содироти меваҷот ба хориҷи мамлакат ва вусъати корҳои созандагию ободонии ноҳия ҳидоят карданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Хоҷагии фермерии “Асадулло”, ки аз анвои гуногуни истеҳсоли худӣ таҳия гардида буд, боздид карданд.

Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии меҳнаткашони Хоҷагии фермерии “Асадулло” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520