Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба Вилояти Суғд

28.06.2009 15:00

Аз 23 - юм то 27 - уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои ҷумҳуриявии идона бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҳамчунин шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд ва мулоқоту сӯҳбатҳо бо мардум аз як қатор шаҳру ноҳияҳои ин вилоят дидан кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари 5 - рӯзааш шумораи зиёди иншооти иҷтимоию фарҳангӣ, энергетикию саноатӣ ва нақлиётию коммуникатсиониро, ки бунёдашон дар арафаи иди умумимиллии сулҳу ваҳдат анҷом ёфта буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони як зумра иншооти хурду бузурги дигар оғози расмӣ бахшид.

Дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатоварӣ ва бунёдкорию созандагӣ бо шодию сурур ва дилхушиҳои аҳли ҷамоа истиқбол гирифтанд.

Ифтитоҳи пули азими 427 – метра, ки дар чаҳорчӯби лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Бустон-Чанок бунёд ёфтааст, аз тантанаҳои нахустини идона дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ гашт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ин пули азимро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод ва таъкид намуд, ки Тоҷикистон бо сохтмон ва азнавсозии роҳу пулҳо ва тунелҳо, ки дар тамоми гӯшаю канорӣ мамлакат бо суръат ва сифати баланд идома дорад, рӯз ба рӯз ба марраи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ наздик мешавад.

Хотиррасон бояд намуд, ки сохтмони ин пул дар болои дарёи Сир аз ҷониби Ширкати сохтмони роҳу пулҳои Ҷумҳурии Марудумии Чин (Чайна Роуд) моҳи сентябри соли 2007 о?оз ёфта буд.

Бари умумии пул 10 метр ва қисми мошингардаш - 8 метр буда, аз ду тараф ба андозаи 1 метрӣ роҳи пиёдагард дорад.

Пули мазкур, ки бо пешниҳоди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ваҳдати миллӣ» номгузорӣ шуд, яке аз 15 пулҳост, ки мутобиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок дар қитъаи №4 бо харҷи беш аз 65 млн. сомонӣ бунёд ёфтааст.

Иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими ба истифода додани бинои нави Маркази вилоятии солимгардонии шараёну дил дар шаҳри Хуҷанд ва сӯҳбатҳои дилнишинашро бо кормандони он метавон нишонаи таваҷҷӯҳ ва ғамхории доимии ӯ ба соҳаи тибби мамлакат арзёбӣ намуд.

Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки ин бино аз ҷониби ҶММ «Бунёд» бо харҷи 2,3 млн. сомонӣ бунёд ёфтааст.

Дар чаҳорчӯби ҳамин лоиҳа ҳамчунин 4 бинои пешинаи Маркази солимгардонии шараёну дил аз таъмири асосӣ бароварда шуда, шумораи умумии катҳои он ба 75 адад расонда шуд.

Ҳангоми дидан аз дорухонаи ин марказ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи чой аз гиёҳҳои шифобахши табиати биҳиштосои Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард.

Зимни суханронӣ дар назди кормандони соҳаи тибби вилоят Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави замонавиро ба онҳо шодбош гуфт ва вазъи соҳаро дар вилояти Суғд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Дар сӯҳбат бо собиқадорону кормандони соҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин мужда расонд, ки ба наздикӣ дар шаҳри Хуҷанд бо харҷи 44 миллион сомонӣ сохтмони боз ду таваллудхонаи нави муосир оғоз ёбад ва яке шаҳрӣ ва дуввумӣ вилоятӣ хоҳад буд.

Худи ҳамон рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои 9 – қабатаи истиқоматӣ иштирок карда, аз сифати корҳои сохтмонӣ дар он, соҳиби хона шудани 36 оилаи кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва ҳам аз ҷараёни фаъолияти созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд ва муҳайё гаштани ҷойҳои зиёди корӣ изҳори хушнудӣ намуд.

Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки бинои мазкур бо харҷи 7 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, иборат аз 2 хонаи 2-ҳуҷрагӣ ва 34 хонаи 3-ҳуҷрагӣ аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз як зардолубоғи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан карда, аз ҳосили фаровони он ва рафти хушкнамоии зардолу изҳори хушнудӣ намуд.

Зимни боздид зикр гардид, ки имсол дар ҳудуди вилоят 1700 гектар боғҳои нав бунёд ёфтааст ва қисмати зиёди онро зардолубоғ ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол барои васеъ намудани майдони зардолубоғҳои ҷумҳурӣ дар заминҳои 7 хоҷагии ниҳолпарварии ҷамъиятӣ наздики 700 ҳазор навниҳоли зардолу парвариш меёбад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зардолуро яке аз меваҳои асосии содиротии Тоҷикистон номида, дастур дод, ки майдони зардолубоғҳо дар тамоми минтақаҳои кишвар зиёд карда шавад.

Субҳи рӯзи 24 – уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ғончии вилояти Суғд ташриф оварда, нахуст дар мавзеи Сексари ҷамоати деҳоти Яхтан бо рафти сохтмони зеристгоҳи калони хатти 500 киловолтаи инти?оли барқи «?ануб-Шимол» аз наздик шинос шуд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба сохтмони 3 хатти нави 220 киловолтаи пайвасткунандаи хатти 500 киловолтаи Ҷануб-Шимол бо шабакаҳои барқии вилоятӣ оғози расмӣ бахшид.

Ин хатҳо ба масофаи 32 километр бо харҷи беш аз 270 млн. сомонӣ то охири соли равон сохта, ба истифода дода мешавад. Сохтмони он дар асоси Созишномаи иловагии миёни Ширкати Барқи Тоҷик ва Ширкати “ТВЕА”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат мегирад.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки хатти 500 киловолтаи «?ануб-Шимол» аз ҷониби ширкати чинии ТВЕА дар масофаи 325 километр сохта мешавад. Ин хат системаи энергетикии ?ануби кишварро бо вилояти Су?д ва дар оянда бо минта?а?ои Чимкенти ?азо?истон ва Даткаи ?ир?изистон пайваст хо?ад кард. Арзиши лои?а 281,3 млн доллари амрикоӣ аст.

Ҳамин гуна хатти 500 киловолта айни ҳол ҳамчунин аз зеристго?и бар?ии «Душанбе-500» то зеристго?и амалкунандаи «Регар-500» бунёд меёбад, ки дарозии он 57 км аст.

Зимни суханронӣ дар назди сохтмончиёну энергетикҳои тоҷику чинӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо арафаи иди Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, аз рафти иҷрои тадбирҳои стратегӣ дар соҳаи энергетика арзи сипосу хушнудӣ намуд.

Иқтидори нер?гузаронии хатти 500 киловолтаи «?ануб-Шимол» 27 млн кВт/соат дар як шабонар?з аст, ки қариб ду баробари эҳтиёҷоти вилояти Суғд ба нерӯи барқ аст, зеро талаботи имр?заи шабонар?зии вилоят ҳамагӣ 14 млн кВт/соат аст. ?обилияти нер?гузаронии солонаи он ба зиёда аз 8 млрд кВт/соат баробар аст.

Аз р?и созишномаи қаблӣ сохтмони хат дар муддати 45 мо? бояд то мо?и апрели соли 2010 ан?ом меёфт, вале баъдтар тасмим гирифта шуд, ки бунёди он то охири соли 2009 ба поён расад. Ми?дори умумии такясутун?ои ХИБ-500 «?ануб-Шимол» ?амаг? 581 то буда, аз ин ми?дор 348 тоаш то а?баи Анзоб ва аз зеристго?и «Ху?анд-500» то а?баи Ша?ристон то ?ол 208 такясутун насб шудааст.

Сохтмончиён Сарвар давлатро бовар кунонданд, ки сохтмони ин хатти пурманфиат пеш аз муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом меёбад.
Худи ҳамон рӯз дар деҳаи Иторчии ноҳияи Ғончӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як мактаби таҳсилоти ҳамагонии узбекӣ барои 1300 нафар дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сифати сохтмон изҳори қаноатмандӣ карда, ба сохтмончиён арзи сипос намуд ва ба масъулини дахлдор дастур дод, ки дар майдончаи пушти мактаб як варзишгохи зебою хушсифат барои мактаббачагон бунёд намоянд.

Чунонки маълум шуд, сохтмони ин мактаб ҳанӯз соли 1986 о?оз ёфта, соли 1991 бо сабаби норасоии маблағ боз дошта шуда буд.

Мо?и августи соли 2006 баъди ташриф ва вазифагузории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барқарорсоз? ва таъмири пурраи мактаби номбурда аз мо?и майи соли 2008 бо мабла?и 1 млн. 360 000 сомон? о?оз ёфта, имрӯз ба қабули хонандагон омода шуд.

Мактаб дорои 29 синфхона, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, 14 ҳу?раи корӣ, толорҳои варзишию ма?лисӣ, ошхона ва дигар утоқу коргоҳҳои зарурӣ аст.

Дар ин мактаб аз соли нави хониш 38 нафар омӯзгорон зиёда аз 760 нафар хонандагонро бо таълиму тарбия фаро хоҳанд гирифт.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дӯстии халқҳои тоҷику узбекро ногусастанӣ арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки мо баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани чунин муносибатҳои дӯстона, бояд пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем.

Дар хоҷагии деҳқонии «Овчӣ-Ғончӣ» Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз замини картошказор дидан карда, аз таҷрибаи ғании картошкапарварони ноҳияи Ғончӣ ва натиҷаҳои ибратбахши корашон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Мардуми ҷамоати Овчии ноҳияи Ғончӣ аз ташрифи нахустини Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хушҳолу сарфароз гашта, иттилоъ доданд, ки дар тамоми даврони ҳокимияти Шӯравӣ ягон роҳбари сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ҳатто ноҳиявӣ ба ин ҷамоат боре наомада буданд.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки деҳқонони ин хоҷагӣ картошкаро аввалҳои моҳи май кишт намуда, дар моҳҳои август - сентябр аз ҳар гектараш то 40 - 50 тонна ҳосил мегиранд. Шуғли асосии мардуми ин деҳоти наздикуҳӣ картошкапарварӣ ва чорводорӣ аст. Онҳо аз ҳар 100 сар гӯсфанди зоти ҳисорӣ то 80-90 барра мегиранд.

Дар деҳаи Овчии ноҳияи Ғончӣ бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, ки бо тариқи ҳашар бунёд ёфтааст, ба истифода супурда шуд.

Дар ҷараёни шиносоӣ маълум шуд, ки мактаби мазкур барои 520 нафар хонанда бо 250 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷамъовардаи аҳли хоҷагӣ бунёд ёфтааст. Мактаб аз 19 синфхона, толори маҷлисӣ, ошхона иборат буда, дорои тамоми шароити зарурӣ ва ашёи хониш аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббускорони бунёди ин мактаб изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки дар арафаи иди Рамазони соли равон ба ҳамаи 520 нафар хонанда ва 29 муаллими ин мактаб сару либос ва ашёи хониш тӯҳфа хоҳад кард.

Дар ҳамин ҷо ҳамчуниин таъкид гардид, ки дар давоми 2 соли охир дар ноҳияи Ғончи бо тариқи ҳашар барои 2700 нафар хонанда мактабҳо ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд ёфтаанд.

Дар ҳамин деҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Ғончӣ мулоқот карда, барои соли гузашта 100 ҳазор тонна картошка рӯёнданашон арзи сипос намуд ва мардуми ноҳияи Ғончиро рекордсеменҳои соҳаи картошкапарварӣ дар Тоҷикистон номид.

Таъкид гардид, ки дар зарфи 18 сол дар ноҳияи Ғончӣ майдони кишти картошка 10 баробар ва истеҳсолаш 20 баробар афзун шудааст.

Зимни сӯҳбатҳо маълум шуд, ки аз 28 ҳазор аҳолии ҷамоати деҳоти Овчӣ ягон кас ба муҳоҷирати меҳнатӣ намеравад, зеро ризқу рӯзии худро дар ҳамин ҷо пайдо намуда, сатҳи баланди зиндагиашонро таъмин месозанд. Ҳамасола ба ҳаҷ рафтани шумораи зиёди сокинони ин деҳот низ аз сатҳи баланди зиндагии онҳо гувоҳӣ медиҳад.

Соҳибкорон аз дигар деҳаҳои ноҳияи Ғончӣ, ки дар Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ кору зиндагӣ мекунанд, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то аз ҳисоби фоидаи ба даст овардаашон гӯшаҳои гуногуни Ватани азизи худ - Тоҷикистонро ободу зебо намоянд.

Соҳибкори ҳамин ноҳия Соҳиб Сиддиқов, ки дар шаҳри Красноярски Русия кору зиндагӣ дорад, дар паҳлӯи роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд - Бӯстон – Чанок як маҷмааи биноҳои иборат аз меҳмонхона, ошхона, нуқтаи таъмини сӯзишворӣ барои мошинҳо, ҷойи шустушӯйи мошинҳои калон ва хурд алоҳида, мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ, маркази таъмиру хизматрасонии мошинҳо ва масҷид бунёд намуда истодааст.

Айни ҳол дар бунёди ин иншоот 100 нафар машғули коранд ва оянда дар ҳамин ҷо барои то 300 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё мешаванд.

Боғи зардолу, ки ӯ дар 2 гектар замини лалмӣ бо усули обёрии қатрагӣ бунёд намудааст, нашъунамои хуб дорад. Минбаъд бо обкаши нави барқии ба тозагӣ овардааш, ки аз чуқурии калон об мебарорад, ният дорад, то 20- 30 гектар заминҳои ташналабро обёрӣ карда, боғҳои нав бунёд намояд.
Чунонки маълум шуд, ин соҳибкор аз мулоқот ва сӯҳбатҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо онҳо дар шаҳри Екатеринбурги Русия дошт ва аз дастгирии пайвастаи Сарвари давлат аз фаъолияти соҳибкорони ватанӣ рӯҳу илҳом гирифта, азм дорад, минбаъд низ дар ободонии ватани азизи худ ба қадри қудрату тавонаш саҳмгузор бошад.

Нимаи дуюми рӯзи 24 – уми июн Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварда, бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Шавкат» аз наздик шинос шуд.

Чунонки маълум шуд, хоҷагӣ дорои 28 гектар замин буда, асосан бо ғаллакорӣ, картошкапарварӣ, сабзавоткорӣ ва парвариши занбӯри асал машғул аст.

Зикр гардид, ки заминҳои хочагӣ бо оби зеризаминӣ, ки бо обкаши барқӣ аз чуқӯрии 103 метр бароварда мешудааст, обёрӣ мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки ба роҳбарони хоҷагиҳои кордону ӯҳдабаро замин бештар дода шавад, то самараи корашон низ зиёд бошад ва ба мардум нафъи бештар орад.

Дар боғи хоҷагии «Боғистон» Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳолии ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти иҷрои тадбирҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ёдовар шуда, фаъолони ноҳияро ба ташаббускори ва саҳмгузорӣ дар ободонию шукуфонии Ватани азиз ва риояи амру фармонҳои Президенти мамлакат ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф, танзими анъана ва ҷашну маросим ва ҳамчунин ба ҷамъоварии саривақтии ғалладона, ду ва ё зиёда ҳосил рӯёнидан аз заминҳои обӣ, васеъ намудани майдони кишти картошка ва бунёди боғҳои наву барқарорсозии боғоти мавҷуда ҳидоят намуд.

Зимни маҳфили ошкорои саволу ҷавоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва масъалаҳои ҳалталаби мардум ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Субҳи барвақти рӯзи 25 – уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд сафар карда, дар як қатор хоҷагиҳои деҳқонии он бо корҳои саҳроӣ, аз ҷумла таҷрибаи деҳқонон дар гузарондани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ аз наздик шинос шуд.

Истиқболи самимию пуршукӯҳи аҳолии ноҳия аз наздик шудани ҷашни фархундаи Ваҳдати миллии Тоҷикистон башорат дод.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз намоишгоҳи маҳсулоти занбӯри асал дидан карда, бо занбӯрпарварон сӯҳбатҳои судманд анҷом дод. Занбӯрпарвар Очилбой Ҳабибов иттилоъ дод, ки имсол аз 800 оилаи занбӯраш 25 тонна асал ба даст оварданӣ аст.

Бо хоҳиши ӯ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дустур дод, ки барои ин занбӯрпарвар дар шаҳри Душанбе барои кушодани мағозаҳои асалфурушӣ ҷой диҳанд. Занбӯрпарвар қавл дод, ки асалро дар ин мағоза аз нархи бозор 40-50% арзон пешниҳод хоҳад кард. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ба занбӯрпарварон барои кишти растаниҳои асалбор аз ҳисоби заминҳои бекормонда заминҳои иловагӣ ҷудо карда шавад.

Зимни боздид аз як замини кишти такрории полезиҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки ғаллаи заминҳои обиро саривақту беталаф ҷамъоварӣ намуда, дар ҷояш зуд кишти такрорӣ гузаронанд, то истифодаи пурсамари заминҳои корам таъмин гардад. Чунонки маълум шуд, дар ноҳияи Зафаробод бо истифода аз имконоти мусоиди имсола иҷрои супориши Президенти мамлакат оид ба захира намудани маводи ғизоӣ ва хӯроки чорво барои 2 сол хуб оғоз ёфтааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз як замини пахта, ки рӯзи 14 май баъди офатҳои табиӣ дубора кишт шудааст, дидан кард ва аз нашъунамои хуби он изҳори қаноатмандӣ намуд.

Зимни шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии ҳосили гандум дар заминҳои корхонаи мурғпарварии соҳибкор Ғуфронҷон Усмонов зикр гардид, ки ин корхона 123 гектар замини корам дорад ва бештар барои таъмини паранда бо дон ғалладона кишт мекунад. Дар корхонаи ӯ 12 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад, ки 5,5 ҳазораш тухмдеҳ аст. Аз ин корхона ҳамарӯза то 3 ҳазор дона тухм ба бозор пешниҳод мешавад.

Зимни боздид аз замини гандуми ин хоҷагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки бештар тухмиҳои хушсифати серҳосил истифода бурда, аз ин ҳисоб ҳосилнокии ғалладонаро афзун намоянд ва дар қисми дигари заминҳо дигар зироатҳо, аз ҷумла сабзавот кишт намоянд. Маслиҳатҳои хуб ҳамчунин оид ба тарзу усули дарави беталафи ғалладона дода шуд.

Дар замини кишти пиёз иттилоъ дода шуд, ки дар 700 гектар заминҳои ноҳия имсол бори нахуст пиёзи барвақтӣ кишт карда шудааст. Аҳли хоҷагии деҳқонии «Меҳринисо» аз ҳар гектар замини пиёзи барвақтӣ то 450 сентнерӣ ҳосил гирифта истодаанд. Маълум шуд, ки ҳавасмандӣ ба кишти пиёзи барвақтӣ зиёд аст, зеро ин маҳсулоти содиротӣ мебошад ва фоидаи хуб меорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи кишоварзии сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ дастур дод, ки ба мардум барои дастрас намудани тухмии хушсифати зироатҳо кӯмак расонанд, то аз ин ҳисоб ҳосилнокӣ афзун карда шавад.

Дар бошишгоҳи саҳроии хоҷагии деҳқонии “Бахт” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони мардуми ноҳияи “Зафаробод” мулоқот намуда, сӯҳбати озоду ошкоро орост ва ба саволҳои сершумори онҳо посух дод.

Бо дарсохти деҳқонон дастур дода шуд, ки ба ноҳияи Зафаробод то охири соли равон 20 адад трактори нав дода шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин мужда расонд, ки барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии ноҳия 2 млн сомонӣ имсол ва 2 млн сомонии дигар соли оянда маблағи иловагӣ ҷудо карда мешавад.

Рӯзи 25 июн Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен ташриф оварда, нахуст дар маросими ифтитоҳи Маркази хизматрасонии «Суғдагросерв» иштирок намуд.

Маркази савдо ва хизматрасонии кишоварзию техникии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Суғдагросерв» дар ҳамкорӣ бо хоҷагии деҳқонии «Шарқ»-и ноҳияи Спитамен ва бо дастгирии молиявию машваратии як қатор созмонҳои байналмилалӣ таъсис ёфта, асосан бо таъмини тухмии қариб ҳама намуди зироат, нуриҳои минералӣ, маводҳои дигари кимёвӣ, заҳрдоруҳо, иҷора додани техникаи кишоварзӣ ва фурӯши қисмҳои эҳтиётии он ва ҳамчунин бо ташкил ва гузарондани маш?улиятҳои таълимӣ оид ба ҷорӣ намудани тарзу усулҳои муосир ва фоидаовари фаъолияти кишоварзӣ машғул аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки тухмии навъҳои серҳосил ва хушлаззати харбузаро низ санҷида ба деҳқонон пешниҳод намоянд, зеро талабот ба он дар бозори дохил ва хориҷи кишвар хеле зиёд аст.

Ба гуфти роҳбари он Абдусаттор Ҳайдаров, афзалияти асосии кори марказ дар он аст, ки деҳқонон ва дигар эҳтиёҷмандон тамоми маводи зарурии кишоварзиро метавонанд бе сарсонии зиёд аз як ҷо дастрас намоянд.

Чунонки аз сӯҳбатҳо маълум шуд, ин нахустин ва айни ҳол ягона чунин маркази хизматрасонӣ дар Тоҷикистон аст.

Дар ин ҷо шумораи зиёди техника ва мошинолоти кишоварзӣ барои хизматрасонӣ омодаи кор аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тарзи корбурди ин марказ хушҳол шуда, ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки ин таҷрибаи ибратбахш дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ҷорӣ карда шавад.

Марказ 1 гектар замини таҷрибавӣ дорад, ки дар он тухмии хушсифати навъҳои серҳосили сабзавот ва дигар зироатҳоро кишт ва санҷиш мекунад. Марказ ҳамчунин дар 1 гектар гармхонаи муқаррарӣ ва 1 гектари дигар гармхонаи таҷрибавӣ дорад, ки дар фасли зимистон сабазавот кишт мекунад.

Сохтмони марказ 14 июни соли 2008 о?оз ёфта, то имр?з барои бунёди он 800 ҳазор сомонӣ мабла? масраф шудааст.

Айни ҳол дар маркази мазкур 15 нафар бо ҷойи кор таъмин буда, маоши онҳо ба ҳисоби миёна 600-650 сомониро ташкил медиҳад.

Дар маркази ноҳияи Спитамен бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маркази савдо ва хизматрасонии маишии Файз мавриди истифода қарор дода шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хайрулло Убайдуллоев бунёд ёфтааст.

Чунонки маълум шуд, маркази хизматрасонии маишии Файз бинои дуошёна буда, дар он зиёда аз 50 нафар занону духтарони пештар хонашин бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд. Кори асосии онҳо дар ин ҷо дӯзандагӣ аст.

Сехи дӯзандагӣ бо дастгоҳу мошинолоти муосир муҷаҳҳаз гаштааст. Дар сохтмон ва таҷҳизи марказ 960 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Дар бригадаи 6 – уми ҷамъияти саҳомии Саидқурғони ноҳияи Спитамен Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти деҳқонию соҳибкории аъзои он аз наздик шинос шуда, аз фаровонии ҳосили ғалладона ва дигар зироатҳо изҳори каноматмандӣ намуд.

Роҳбарияти ноҳия иттилоъ доданд, ки аз ҳар гектар замини ғалла 45-50 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ карда истодаанд ва нисбат ба соли гузашта бояд 6 ҳазор тонна ғалла бештар истеҳсол шавад. Зикр гардид, ки дар 3,5 ҳазор гектар заминҳои обӣ ғалла кишт шуда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ҳамаи ин заминҳо кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагӣ бо фаъолон ва намояндагони аҳли ҷамоаи ноҳия мулоқоти судманд анҷом дод ва онҳоро ба истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, рӯёндани ду ва ё зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ, таъмини фаровонӣ дар бозор, вусъати корҳои ободонӣ ва дигар фаъолияти манфиатбахш ҳидоят намуд.

Масъулини дахлдор вазифадор карда шуданд, ки баҳри бартараф намудани мушкилоти иҷтимоии мардуми ноҳия тадбирҳои муассир андешанд. Барои муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки сохтмон ва таҷҳизи корхонаи ресандагии комбинати “Спитамен-текстайлз” то моҳи ноябри соли равон ба анҷом расонида шавад. Чунонки роҳбари корхона соҳибкор Сангинмурод Ҳакимов ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, баъди ба кор даромадани корхона 160 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад. Ҳоло дар давраи сохмони корхонаи ресандагӣ 100 нафар кор мекунанд.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки кӯшиш мекунад ҳарчи зудтар корхонаҳои бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагии ин комбинат низ ба кор дароварда шуда, барои 300 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё гардад. Зикр гардид, ки корхона дар як сол метавонад аз 3 ҳазор тонна нахи пахта маҳсулоти тайёри ниҳоӣ истеҳсол намояд.

Дар охири мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ноҳия мужда расонд, ки барои ободонии шаҳраки Спитамен аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 млн. сомонӣ ҳамин сол ва 1 млн. сомонии дигар соли оянда ҷудо менамояд.

Субҳи рӯзи 26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Олтин-топкани (ҳоло Зарнисор)-и шаҳри Қайроққум ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи расмии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин» иштирок намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тугмаро пахш намуда, навбати аввали ин корхонаи азими саноати кӯҳиро ба кор даровард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳозирини ҷамъомади тантанавӣ ва ҳамаи мардуми кишварро бо арафаи солгарди 12 – уми рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон ва бо ифтитоҳи ин корхонаи азим табрику таҳният гуфта, ба кор шурӯъ намудани онро нишонаи вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат маънидод кард.
Чунонки маълум шуд, и?тидори навбати аввали корхона ба коркарди 300 ?азор тонна маъдани сурбу р?? дар як сол баробар аст. То имрӯз барои бунёду таҷҳизи ин корхона беш аз 180 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шуда, беш аз 200 адад таҷҳизоту мошинолоти муосир ворид гаштааст.

Айни ҳол дар ин корхона зиёда аз 450 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштаанд, ки 250 касаш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. То моҳи ноябри соли равон корхона бояд бо иқтидори пуррааш ба кор дарояд. Маблағи умумии сохтмону таҷҳизонидани корхона ба бештар аз 270 миллион сомонӣ баробар хоҳад буд. Баъди бо иқтидори пуррааш ба кор даромадан ин корхона дар як сол то 1 млн. тонна маъданро коркард хоҳад намуд ва барои қариб 3000 нафар ҷойҳои корӣ омода мегарданд. Аз ин шумора беш аз 2100 нафараш шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.

Дар назди ин корхона бояд ҳамчунин фабрикаи ғанигардонӣ ва корхонаи металлургӣ бунёд ёбад, ки дар натиҷа боз садхо нафари дигар бо ҷои доимии корӣ таъмин шуда, инчунин инфраструктураи роҳҳо, хатҳои барқ ва як қатор иншооту биноҳои хизматрасонӣ мавриди таҷдиду ободсозӣ қарор хоҳанд гирифт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки шаҳраки Олтин-топкан бо калимаи зебову шевои Зарнисор номгузорӣ шавад.

Дар назди ҷамъомадагон ҳамчунин муовини ҳокими ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Нурлан Абдуматин ва Президенти «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин»Хуан Зан Жун суханронӣ намуда, дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чинро дар соҳаи саноати кӯҳӣ умедбахш маънидод карданд.

Рӯзи 26 – уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, нахуст бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии боғпарварии Амир, ки 40 гектар боғ дорад, аз наздик шинос шуд.

Маълум шуд, ки 38 гектари заминҳояш боғи зардолу ва 2 гектари он токзор мебошад. Аҳли хоҷагӣ зардолуро бештар хушк намуда, ба хориҷа содир мекунанд. Ба гуфти роҳбари хоҷагӣ Пӯлод Ашуров, имсол ҳосили зардолу фаровон аст ва онҳо ният доранд 25 тонна зардолуи хушк ба хориҷа содир намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ноҳия супориш дод, ки ба ин соҳибкор 100 гектар замин диҳанд то соли оянда дар он боғҳои нав бунёд намуда, ҷойҳои иловагии корӣ муҳайё созад.

Худи ҳамон рӯз дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими ба истифода додани бинои нави як қисми низомии Вазорати мудофиа иштирок намуда, ҳайати шахсии онро бо рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт ва бо шароити хизматию таълимӣ, вазъи омодагии ҳарбии ҳайати шахсӣ ва будубоши онҳо аз наздик шинос шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон ба роҳбарияти Вазорати мудофиа баҳри сохтмони ҳаммом ва шабакаҳои гармидиҳию салқинсозии хобгоҳҳо ва кабудизоркунии атрофи қисми низомӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагӣ бо фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳия мулоқот ороста, онҳоро, аз ҷумла, ба боз ҳам васеъ намудани майдони боғҳо, ба роҳ мондани коркарди саноатӣ ва банду басти меваю сабзавот, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва ҳамчунин ба арҷгузорӣ ба фарҳанги сарфаю сариштакорӣ, аз ҷумла, сарфаи об ва нерӯи барқ ҳидоят намуд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ноҳияи Ашт мужда расонд, ки рӯзҳои наздик барои азнавсозӣ ва таҷҳизонидани беморхонаи марказии ноҳия аз ҳисоби фонди захиравии Президенти мамлакат 1 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ ҷудо мегардад. «1 млн. сомонии дигар барои пурра амалӣ намудани ин ҳадаф соли оянда ҷудо карда мешавад», таъкид дошт Сарвари давлат.

Нимаи дуюми рӯзи 26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва мақомоту сохторҳои вилоятӣ мулоқот намуда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро дар 5 моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор дод.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоятро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, баҳри таъмини иҷрои саривақтӣ ва босамари Барномаи давлатии рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд барои давраи то соли 2015, дигар барномаҳои давлатӣ, қонунҳои ҷумҳурӣ, қарорҳои ҳукумати мамлакат ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки сарфи назар аз таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба пардохти маошу нафақа, стипендия ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ бояд пурра ва саривақт таъмин гардад.

Сипас ҳисоботи Раиси вилоят Қоҳир Расулзода шунида шуд. Дар ҳисобот, аз ҷумла зикр гардид, ки дар 5 моҳи соли равон дар вилоят 6 корхонаи нави саноатӣ ба кор дароварда шуда, 160 ҷойи нави корӣ муҳайё гашт. Дар ҳамаи соҳаҳо бошад қариб 19 ҳазор ҷойҳои корӣ омода гаштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 3700 ҷой бештар аст.

Нақшаи пардохтҳо ба буҷети давлатӣ ба андозаи 110% иҷро шудааст. Қоҳир Расулзода Сарвари давлат Эмомалӣ Рахмонро бовар кунонд, ки супориши Президенти мамлакат оид ба захира намудани хӯроки чорво барои ду соли оянда дар вилояти Суғд иҷро мешавад.

Тибқи нақша дар 69 ҳазор гектар заминҳои обии вилоят кишти такрорӣ гузаронда мешавад.

Аз ҳисоботи раиси вилоят бармеояд, ки то охири соли равон тамоми мактабҳои хурди деҳотии дар хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо ҷойдошта дар биноҳои нави алоҳида ҷойгир мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти фоидаоварии боғпарварӣ ба роҳбарияти вилоят супориш дод, ки дар зарфи 5 соли оянда дар 20 ҳазор гектар замин боғу токзори нав бунёд намоянд ва таъкид дошт, ки 10 ҳазор гектараш то 20 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне то соли 2011 бунёд карда шавад.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар ҷойи боғҳои куҳансоли аз ҳосил бозмонда боғҳои нав бунёд ва тамоми хоҷагиҳои ниҳолпарварии вилоят барқарор карда шаванд.

Оид ба ривоҷ додани боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ ва хушксозию банду басти меваю сабзавоти содиротӣ дар ҳама минтақаҳои кишвар дастур дода шуд, ки яктогӣ шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вобаста карда шаванд, то ки таҷрибаи худро ба онҳо омӯзонанд.

Оид ба баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, хусусан ғалладона супоришҳои мушаххас дода шуд, аз ҷумла бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва риояи технологияҳои муосири агротехникӣ.

Хамчунин супориш дода шуд:

Марказҳои хизматрасонии агротехникии монанд ба маркази «Суғдагросерв»-и ноҳияи Спитамен дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо кушода шаванд;

Тамоми техникаи зидди жола дар солҳои наздик барқарор карда шавад;

Ҳамаи корхонаҳои консерваи меваю сабзавот барқарор ва ҳам корхонаҳои нави банду басти маҳсулот бунёд карда шаванд.

Паррандапарварон вазифадор шуданд, ки бо ҷалби соҳибкорон ҳамаи 12 корхонаи парандапарварии вилоятро дар 4 соли оянда пурра барқарор намоянд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки фермаҳои ширию молӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, ғайр аз ноҳияҳои камзамини кӯҳистон барқарор карда шаванд.

Дар робита ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ дастур дода шуд, ки минбаъд дар баробари гузаштан ба лампаҳои каммасраф ҳамчунин лоиҳаи сохтмони тамоми корхонаю иншооти нав бо назардошти истифодаи технологияҳои каммасрафи барқӣ таҳия ва қабул карда шаванд.

Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат вазифадор карда шуданд, ки як лоиҳаи обёрии заминҳои нав дар вилояти Суғд таҳия ва пешниҳод намоянд.

Дар ҷамъомад ҳамчунин ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят шунида ва ба онҳо оид ба бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда ва ҷоннок намудани корҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

Бегоҳии рӯзи 26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи баргузории Иди зардолу ташриф оварда, бори дигар дар тарғибу ташвиқ кардани зардолупарварӣ, ки шуғли манфиатбахш аст, бевосита ширкат варзид.

Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Чойхонаи боҳашамати миллӣ, ки дар «Бо?и Ваҳдат»-и но?ияи Бобоҷон Ғафуров қарор дорад, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Хотиррасон бояд намуд, ки сохтмони чойхона бо супориш ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мо?и июли соли 2008 о?оз гашта буд. Фармоишгари иншоот идораи асосии сохтмони вилоят ва пудратчии асос? корхонаи «Су?динвестрой» аст.

Чойхона аз толори на?шу нигори га?кор? ва толори асосии кандакории болои чӯб иборат мебошад. Инчунин аз тарафи даромадго?и асосӣ пешайвон бо сутунҳои боҳашамати чӯбин ва шифти кандакории милл? дар болои чӯб ороиш дода шудааст.

Дар р?и ?авлии чойхона дар давоми як соли охир як ?авзи зебо бунёд ёфтааст, ки ҳамчунин маҳсули пешниҳод ва супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар гирди ҳавз бедҳои калони 15-20 – сола бо тарзу усули хоса оварда шинонда шудаанд ва чунонки аён аст, ҳамааш дар ҷойи нав сабзишу нашъунамои хуб доранд.

Кобили зикри хос аст, ки бунёди «Бо?и Ваҳдат» дар но?ияи Бобоҷон Ғафуров бо супориш ва иштироки бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди Наврӯзи соли 2008 оғоз ёфта, якбора дар майдони 100 гектар доман паҳн кард ва дар зарфи як соли дигар бо талабу пофишории Сарвари давлат майдони он аллакай ба зиёда аз 500 гектар расид.

Чунонки аз суҳбат бо роҳбарият ва мутахассисону боғпарварон маълум шуд, дар ин ҷо навъҳои беҳтарини меваҳои хушлаззати Тоҷикистон парвариш меёбанд ва нашъунамои хуб ҳам доранд.

Чунонки аён гашт, замини байни қаторҳои дарахтон низ пурсамар истифода бурда мешавад ва деҳқонон дар ин ҷо аз 2 то 3-4 ҳосили сабзавоту полезӣ ва лӯбиёгиҳо ба даст меоранд.

Субҳи рӯзи 27 – уми июн Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави Маркази савдои Сомон-Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Чунонки маълум шуд, бино аз 4 – ошёна иборат буда, дар он барои 100 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё гаштааст. Дар ошёнаҳои якум, дуюм ва сеюм фурӯшгоҳҳои маводи хӯрока, либосворӣ ва дигар ашёи рӯзгор ҷойгир шуда, ошёнаи чорумаш барои меҳмонхона пешбинӣ гаштааст. Дар як гӯшаи калони он маҳсулоти либосвории навъи ҷинси истеҳсоли корхонаи дӯзандагии «Сано», ки ҳамчунин ба ширкати «Сомон-Суғд» тааллуқ дорад, ба фурӯш бароварда шудааст. Дар зербинои он утоқҳои хизматрасонии маишӣ ҷойгиранд.

Тантанаҳои асосии ҷашни имсолаи Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон бо маросими ифтитоҳ ва ба кор шурӯъ намудани Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Чкалов, ки дар он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд, оғоз гардиданд.

Чунонки дар рафти шиносоӣ маълум шуд, сохтмони ин боргоҳи маърифат дар маҳаллаи нави шаҳри Чкалов ҳанӯз дар замони Шӯравӣ, соли 1986 оғоз гардида, аз соли 1991 ин сӯ бо сабабҳои маълум боз дошта шуда буд. Моҳи марти соли 2008 сохтмони ин иншооти нотамом бо ташаббусу дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нав оғоз гашт ва дар зарфи каме бештар аз як сол бо сифати баланд ба поён расонда шуд.

Имрӯз дар ин ҷо маҷмаае бунёд шудааст, ки аз се ошёна ва зербино иборат буда, барои дар сатҳи баланди замонавӣ ташкил намудани раванди таълиму тарбияи хонандагон, машғулиятҳои гуногуни варзишӣ, чорабиниҳои мухталифи беруназсинфӣ, истироҳату фароғати хонандагон ва омӯзгорон шароити мувофиқ дорад. Лоиҳаи инфиродии ин муассисаи таълимӣ барои 33 синфхона бо фарогирии 1300 нафар хонанда таҳия шуда, дар он барои ҳар як хонанда 7,9 метри мураббаъ масоҳат рост меояд. Ин нишондодхо мактаби мазкурро ба стандартҳои мактабҳои пешқадами Аврупо наздик месозад. Дар ин ҷо синфхонаҳои муҷаҳҳаз, утоқҳои фаннӣ, китобхонаи электронии иборат аз 30 компютер, студияи телевизионии таълимӣ сохта шудаанд. Барои тарбияи завқи зебоипарастии хонандагон ҳамчунин студияҳои алоҳидаи рассомӣ, хореографӣ ва театрӣ омода гаштаанд.

Барои беҳдошти тарбияи варзишии хонандагон 2 ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ дар алоҳидагӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва болоӣ бунёд ёфтаанд.

Маҷмааи варзишии он иборат аз толорҳои вазнбардорӣ, варзиши сабук ва тирандозӣ мебошад. Мактаб барои гузаронидани чорабиниҳои тантанавӣ як толори калон бо 360 ҷойи нишаст ва як толори хурди маҷлисӣ дорад. Ошхонаи мактабӣ бошад дорои 420 ҷойи нишаст аст.

Барои сохтмон ва таҷҳизи ин мактаб бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хамагӣ 12 миллион сомонӣ ҷудо ва масраф гаштааст.
Дар мактаби президентӣ зиёда аз 100 нафар омӯзгорону мутахассисони дигар соҳиби ҷойҳои корӣ мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа дастур дод. ки ба ин мактаб 500 хонанда аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва 800 нафари дигарро аз шаҳру ноҳияҳои дигар минтақаҳои мамлакат бо тариқи озмун қабул намоянд. Таъкид гардид, ки омӯзгорон низ ба ин ҷо бояд ба тариқи озмун ба кор пазируфта шаванд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои муҳайё намудани шароити зарурӣ ба муаллимону хонандагони роҳдурӣ сохтмони хобгоҳи мактаббачагон ва бинои истиқоматии омӯзгорон худи ҳамин сол оғоз ёбад.

Сарвари давлати Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин мужда расонд, ки ба мактаби президентӣ ду автобус барои рафту омади хонандагон ва як мошини боркаш барои корҳои хоҷагиаш тӯҳфа мекунад.

Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи ресандагии «Неку-Хуҷанд», ки аз ҷониби ширкати «Хуҷанд-Инвест Коттон» ва ширкати «Nikoo Group»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон бунёд ёфтааст, ба кор шурӯъ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тугмаро пахш намуда, дастгоҳҳои ресандагии корхонаро ба кор даровард.

Ин корхона дорои иқтидори коркарди 3 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он 250 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд.

Мошинолоти технологии муосир бо ёрии мутахассисони Ҷумҳурии Литва васлу роҳандозӣ шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ширкат дастур дод, ки корхонаҳои бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагиро низ ҳарчӣ зудтар бунёд намуда, коркарди пурраи нахи пахтаро то истеҳсоли маҳсулоти тайёр таъмин намояд. Зикр гардид, ки дар сурати ба кор даромадани ҳар чор корхонаҳои комбинати нассоҷии «Неку - Хуҷанд» дар ин ҷо барои беш аз 1000 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё мегардад.

Ҳамчунин супориш дода шуд, ки ширкати «Хуҷанд-Инвест Коттон» сохтмони корхонаи нави ресандагиро дар ноҳияи Зафаробод низ дар зарфи як соли оянда ба итмом расонад.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ширкати «Хуҷанд-Инвест Коттон» мавзеи Наврӯзгоҳи шаҳри Хуҷандро барои истироҳати сокинону меҳмонони шаҳр ободу зебо намуда, дар он 200 нафарро бо кор таъмин кардааст. Шароити фароғату дилхушие, ки дар мавзеи Наврӯзгоҳи шаҳри Хуҷанд барои кӯдакон муҳайё гаштааст, аз ҷумла чархофалакҳои он ҳоло дар ягон шаҳру ноҳияи дигари мамлакат, ҳатто дар пойтахт ҳам вуҷуд надоранд.

Бегоҳии рӯзи 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи варзишии шаҳри Хуҷандро, ки бо шукӯҳу шаҳомат ва зебоии худ камназир аст, дар фазои тантанавӣ мавриди истифода қарор дод.

Сохтмони маҷмааи биноҳои варзишгоҳ моҳи июли соли 2007 оғоз ёфта, дар зарфи қариб ду сол бо харҷи беш аз 33 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ба анҷом расонида шуд.

Варзишгоҳ аз ҷониби ҶСК «Хуҷандсоз» ва ҶСК «Суғдсохтмон» бо ҷалби беш аз 20 ташкилоти сохтмонӣ, корхонаҳои масолеҳи оҳану бетонӣ бунёд ёфта, дар давраи сохтмонаш дар ин ҷо зиёда аз 700 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Бояд таъкид намуд, ки ин маҷмаъаи варзишӣ бо чунин намуд дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ҳамто надорад.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҷои сохтмони ҳавзи шиноварӣ, ки барои навъҳои гуногуни ин намуди варзиш пешбинӣ шудааст, санги асос ва нома ба наслҳои оянда гузошта, ба бунёди он оғози расмӣ бахшид.

Дар саҳни маҷмааи варзишии шаҳри Хуҷанд варзишгарони дави марафонӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами давлатии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотиравии ҷавонони варзишгарро тақдим намуда, изҳор доштанд, ки ин Парчамро онҳо дар тӯли марафони Ваҳдати миллӣ, ки аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз ёфта, он рӯз дар шаҳри Хуҷанд ба поён расид, бо худ доштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз кортҳои теннисии варзишгоҳ, ки шумораашон ба 5 адад мерасад, дидан карда, аз сифати сохтмону таҷҳизи онҳо изҳори қаноатмандӣ кард. Аз 5 корт яке бо 1200 ҷойи нишаст асосӣ ва 4 тои дигараш барои машқ ва омодагӣ пешбиниӣ шудааст.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамалакат Эмомалӣ Раҳмон чанд лаҳза бо варзишгарони касбии ин соҳа теннисбозӣ намуда, дар тарғиби тарзи ҳаёти солими ҷавонон иштироки бевосита намуд.

Танатанаҳои марказии бахшида ба солгарди 12 – уми рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон бо ворид шудани Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгоҳи марказии маҷмааи варзишии шаҳри Хуҷанд, ки дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст буда, бо шукӯҳу зебоияш дар Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Миёна ҳамто надорад, оғоз ёфтанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказӣ суханронӣ намуда, ҳозирин ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бо солгарди 12-умин рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт.

Тантанаҳои идонаи бахшидаи бахшида ба ин иди фархунда, ки бо қадру манзалат ва мақоми сиёсию фарҳангии худ бо иди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар як зина меистад, бо намоишҳои пуршукӯҳи театрикунонидашуда ба поён расид анд ва кулли биннандагонро ба арҷгузорӣ ба фазои сулҳу суботи устувор ва сиёсати ваҳдатпарварӣ ва бунёдкории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат ҳидоят намуданд.

Сафари 5 – рӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба вилояти Суғд натиҷагирӣ карда, бояд таъкид намуд, ки тайи 5 рӯзи боздид Сарвари давлат аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Қайроқум, Ғончӣ, Шаҳристон, Зафаробод, Спитамен, Ашт ва Чкалов дидан карда, беш аз 20 маротиба дар назди анбӯҳи мардум оид ба мавзӯъҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла доир ба масоили кишоварзӣ, энергетика ва саноат, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра суханронӣ намуд ва ҳамчунин сӯҳбатҳои сершумори ҷолибу самимӣ бо мардуми касбу кор ва синну соли гуногун анҷом дод ва дар воқеъ як роҳбари мардумӣ, раиятпарвару инсондӯст ва дорои қобилияти фавқулоддаи сӯҳбатороӣ буданаш барало собит гашт.

Зимни боздид аз заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ғаллазор, картошказор, майдонҳои сабзавоту полезиҳо ва боғоти зардолую дигар меваҳо аён буд, ки бо шарофати ҳавои сербориши имсола ва ба даст оамдани ҳосили фаровони аксари намудҳои меваю сабзавот ва ҳамчунин хӯроки чорво мардум ҳатто таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодиро чандон эҳсос намекунанд.
Дар 5 моҳи аввали соли равон ба андозаи 110 % иҷро шулани нақшаи пардохтҳо ба буҷети давлатӣ ҳам нишона аз амалӣ шудани тадбирҳои босамари зидди бӯҳронӣ дар вилояти Суғд аст.

Дар ҳамин мӯҳлат дар вилоят наздики 19 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё гаштаанд ва ин ҳам ба паст кардани таъсири манфии бӯҳрон сабаб шудааст, зеро бо кор таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат аз ҷониби коршиносони ҷаҳонӣ яке аз роҳҳои асоссии коҳиш додани таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодӣ маънидод мегардад.

Вусъати босуботи фаъолияти созандагию бунёдкорӣ боиси рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва бо ҷойҳои корӣ таъмин гаштани ҳазорон нафар аз аҳолии қобили меҳнат гаштааст.

Танҳо дар 5 рӯз бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд даҳҳо иншооти хурду бузурги соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Пули 427 метраи дар болои дарёи Сайҳун дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанок, бинои нави Маркази вилоятии солимгардонии шараёну дил дар шаҳри Хуҷанд, мактаби калони узбекӣ барои 1300 нафар хонанда дар деҳаи Иторчии ноҳияи Ғончӣ, мактаби бо тариқи ҳашар ва бо маблағҳои мардум барои 500 нафар бунёдёфта дар деҳаи Овчии ноҳияи Ғончӣ, Маркази хизматрасонии агротехникии «Суғдагросерв» дар ноҳияи Спитамен, Маркази хизматрасонии маишии «Файз» дар ҳамин ноҳия, корхонаи муштараки «Ширкати саноатии кӯҳии Тоҷикистону Чин» дар шаҳраки Зарнисори шаҳри Қайроқум, бинои наву замонавии қисми низомии Вазорати мудофиа дар ноҳияи Ашт, чойхонаи боҳашамати миллӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳавзи зебою мусаффо дар паҳлӯяш, мактаби мӯҳташами Президентӣ дар шаҳри Чкалов, ки бо ҳашамати худ ва шароити таълиму тарбиявӣ, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хамто надорад, корхонаи ресандагии «Неку-Хуҷанд» бо иқтидори солонаи 3 ҳазор тонна нахи пахта дар шаҳри Хуҷанд, маркази саводи «Сомон-Суғд», ки аз 4 ошёна ва зербино иборат аст ва варзишгоҳи марказии камназир бо 25 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Сохтмони хатти 500 киловолтаи Ҷануб-Шимол дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бунёди 3 хатти 220 киловолтаи пайвасткунандаи хатти 500 киловолтаи Ҷануб-Шимол бо хатҳои барқии вилоятӣ дар масофаи 32 км то охири соли равон бояд ба поён расад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520