Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кимиё” дар шаҳри Левакант

27.10.2021 16:50, шаҳри Левакант
Ифтитоҳи бинои Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кимиё” дар шаҳри Левакант  27.10.2021

27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бинои Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кимиё”-ро пас аз таъмиру навсозӣ ба истифода супориданд.

Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кимиё”-и шаҳри Левакант 25 июни соли 1964 ҳамчун Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 40  ташкил шуда, соли 2006 ба Литсейи касбии саноати кимиё табдил дода шуд.

Бо гузашти солҳои тӯлонӣ ва хароб гаштани бино зарурати таъмир ва навсозӣ ба миëн омад.

Бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ намудани иншоот ва муҳайë сохтани шароити созгори касбомӯзӣ тадбирҳои ободонию бунëдкорӣ оғоз гашт.

Натиҷа ҳамин аст, ки дар як муддати начандон тӯлонӣ шуруъ аз даромадгоҳи муассиса то се бинои таълимии дуошëна, як бинои дуошëнаи маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ ободу зебо гардонида шуд.

Дар хобгоҳи муассисаи таълимӣ, ки аз се бинои чорошëна иборат буда, барои 426 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, корҳои созандагӣ идома дорад.

Корҳои сохтмону навсозии иншоот бо саҳми соҳибкорон ва шахсони бо нангу номуси шаҳри Левакант ва вилояти Хатлон бе ҷалби маблағҳои буҷет анҷом дода шудааст.

Дар баробари таъмир ҳамзамон дастгоҳу лавозимоти муосири илмомӯзию касбомӯзӣ дастрас карда шудааст, ки муҳассилин метавонанд бе ягон мушкилӣ ба касбомӯзӣ машғул гарданд.

Давоми 57 сол дар муассиса 14 ҳазору 484 нафар таҳсил намуда, соҳиби дипломи соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ шудаанд.

Солҳои пеш Омӯзишгоҳ дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиëи Миëна ва Иттиҳоди Шӯравӣ ягона муассисае ба ҳисоб мерафт, ки мутахассисони варзидаи соҳаи истеҳсолии маводи кимëвиро омода менамуд.

Дар доираи корҳои ободонӣ дар Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант ҳамзамон осорхона таъсис дода шудааст, ки таърихи таъсисëбии литсейи мазкур, таҳсилу фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, синфхонаи даврони таҳсил дар литсейи мазкур, китобхона ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1969-1971 дар ин муассиса дар гуруҳи рақами 10 бо ихтисоси “Челонгари барқии асбобҳои андозагирӣ-санҷишӣ ва автоматика” таҳсил карда, онро бо муваффақият хатм намудаанд.

Айни замон шумораи толибилмони ин даргоҳи илму маърифат 278 нафарро ташкил намуда, 44 нафар омӯзгор аз рӯи 10 ихтисос ба донишҷӯëн таълим медиҳанд.

Дар идомаи боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант бо ҷараëни корҳои сохтмони бинои филиали Донишкадаи соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва хизмат шинос шуданд.

Иншоот дар масоҳати 1,55 гектар замин бунëд карда шуда, аз 7 ошëна иборат мебошад.

Айни замон 28 нафар мутахассиси ватанӣ дар корҳои сохтмонӣ ҷалб шуда, ба таври густурда фаъолият доранд, то ин ки иншоот дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир бунëд карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи сайëҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз 30 июли соли 2021 дар заминаи Литсейи касбии саноати кимëи шаҳри Левакант таъсис дода шудааст.

Ҷараëни таълиму тарбия дар ин боргоҳи илму маърифат дар шуъбаи таҳсили рӯзона ва фосилавӣ аз рӯи низоми таҳсили кредитӣ мувофиқи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои хадамоти гумрук, иқтисодиëт ва ташкили истеҳсолот, молия ва қарз, энергетика ва кори бонкӣ ба роҳ монда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки иншоотро тибқи лоиҳа бо сифати баланд сохта ба истифода дода, барои ба талаботи бозори меҳнат омода кардани мутахассисони ҷавон аз имкониятҳои фароҳамгашта мақсаднок истифода баранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520