Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази перинаталии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар

27.10.2021 08:50, шаҳри Бохтар
Ифтитоҳи Маркази перинаталии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар  27.10.2021

27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Маркази перинаталии вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази перинаталӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи “Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ” дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо тарҳи зебову замонавӣ дар назди Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов бунёд гардидааст.

Муассисаи нави соҳаи тандурустӣ аз 3 ошёна иборат буда, дорои 10 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул, ташхис, таҳлилгоҳ, модару кӯдак, таваллуд, амалиёти ҷарроҳӣ ва эҳёи калонсолон мебошад.

Дар шуъбаи амалиёти ҷарроҳӣ, ки дар ошёнаи 3-уми бино ҷойгир аст, барои гузаронидани аксар намуди амалиёти ҷарроҳии эндовидеоӣ дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ васлу насб гардидааст, ки пас аз ҷарроҳӣ беморон бистарӣ ва ба эҳёгарӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар Маркази перинаталии вилояти Хатлон, ки дар маҷмуъ 90 кати хоб дорад, 45 нафар мутахассиси дорои маълумоти олии тиббӣ ба кор таъмин гардиданд, ки асосан ба сокинони вилояти Хатлон, пеш аз ҳама барои ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакони навзод ёрии баландсифати тиббӣ мерасонанд. Илова бар ин беш аз 10 нафар бонувони қаблан бешуғли ҳамчун гурӯҳҳои ёрирасон фаъолияткунанда ба кор ҷалб ва бо маоши хуб таъмин шуданд.

Дар Маркази перинаталӣ таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ, аз қабили рентгени рақамӣ, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо, асбобҳои ҷарроҳии эндовидеоӣ, беҳушкунию нафасдиҳӣ ва дигар таҷҳизоти муосир, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошанд, барои ҳифзи солимии модару кӯдак шурӯъ аз давраи ҳомиладорӣ то таваллуд ва баъд аз таваллуд пешбинӣ шудааст, васлу насб гардидааст.

Инчунин дар марказ нуқтаи тамизгардонӣ мавҷуд аст, ки тамоми таҷҳизоти тиббӣ баъд аз амалиёти ҷарроҳӣ пурра безарар карда мешавад.

Дар ошхонаи марказ ба беморон, модарони ҳомила ва модарони баъд аз таваллуди фарзанд ғизои болаззат, ки асосан парҳезӣ аст, бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ омода ва пешниҳод мегардад.

Барои хизматрасонии саривақтии тиббӣ ба модару кӯдак дар Маркази перинаталии вилояти Хатлон ду адад воситаи нақлиёти ёрии таъҷилии сайёр бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷҷаҳаз мавҷуд аст.

Илова бар ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар расонидани ёрии босифати тиббӣ ба беморон ба Маркази перинаталии вилояти Хатлон як автомашинаи ёрии таъҷилӣ туҳфа карданд.

Акунун, бо бунёди Маркази перинаталии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар дар самти хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ба модару кӯдак шароити арзанда фароҳам оварда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520