Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара

21.10.2021 16:15, ноҳияи Данғара
Боздид аз Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара   21.10.2021

21 октябр дар деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.

Данғара яке аз калонтарин ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, сокинонаш бо роҳандозии таҷрибаи нави кишту парвариши зироат ва аз як қитъа гирифтани чанд ҳосил дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот муваффақиятҳоро афзун намуданд.   

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки имсол кишоварзони ноҳия дар майдони 38 419 гектар кишти зироат гузарониданд. 

Меҳнаткашони ноҳияи Данғара ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба ҳолати якуми октябри соли равон ба 1 миллиарду 99 миллион сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии истеҳсолшуда 22 фоиз ба соҳаи чорводорӣ ва 78 фоиз ба растанипарварӣ рост меояд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳолати кунунии ҷаҳон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ кишоварзонро дар асоси таҷрибаи муосири кишту парвариши зироат барои аз як қитъа гирифтани 3-4 ҳосил ва ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани самаранокии замин вазифадор намуданд.

Имсол меҳнаткашони ноҳияи Данғара дар майдони 4 680 гектар кишти пахта гузарониданд.

Ба ҳолати 20 октябри соли равон 10195 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки аз дурнамо 1127 тонна зиёд аст.

Истифодаи муфиди имкониятҳои табиии ноҳияи Данғара барои бунёди боғу токзор ба афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли мева мусоидат намудааст.

Дар ин давра аз ноҳияи Данғара ба дигар давлатҳо 3 ҳазору 575 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 548 тонна зиёд мебошад.

Зимни пешниҳоди маҳсулоти нонӣ, намудҳои гуногуни таомҳои миллӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ бонувони ноҳияи Данғара маҳорати баланди ҳунармандии худро муаррифӣ намуданд.

Пухтани таомҳои миллӣ, ки маҳорати баландро тақозо мекунад, бонувон дар омода кардани он ҳунари воло нишон доданд.

Ҷашни Меҳргон, ки натиҷагирӣ аз ҷамъоварии ҳосил, захира кардани маводи ғизоӣ ва табодули таҷриба байни кишоварзон мебошад, хоҷагидорони ноҳияи Данғара талош доранд ҳосили дар саҳро бударо ба пурраги ҷамъоварӣ ва кишти тирамоҳиро бо риояи талабот ба анҷом расонанд.   

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520