Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитохи бинои Кохи фарҳанг дар деҳаи Кангурти деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик

21.10.2021 10:23, ноҳияи Темурмалик
Ифтитохи бинои Кохи фарҳанг дар деҳаи Кангурти деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик  21.10.2021

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик дар деҳаи Кангурти деҳоти Кангурт бинои хуштарҳу замонавии Кохи фарҳангро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои муосири Кохи фарҳанг дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо иқдоми соҳибкори ватанӣ  Раҷабалӣ Пиров бо харҷи 14 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Бинои Кохи фарҳанг дар маркази деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик аз ду ошёна иборат буда, дар он муосиртарин шароити кору фаъолият барои аҳли фарҳанг ва баргузории дигар чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ фароҳам мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти фарҳангӣ соли 2017 оғоз гардида, бо ҷалби 400 нафар бинокори ватанӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Майдони умумии замини иншоот 5500 метри мураббаъро дар бар гирифта, худи бино дар масоҳати 900 метри мураббаъ қомат афрохтааст.  

Кохи фарҳанг аз толори кинову консертӣ бо беш аз 500 ҷойи нишаст, толори хурд барои 50 ҷой, китобхона, 10 ҳуҷраи корию хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.

Толори асосии иншоот бо истифода аз санъати наққошӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, гулкорӣ ва оинабандӣ оро дода шудааст, ки хеле диққатҷалбкунанда мебошад.

Толори кинову консертии бино бо дастгоҳҳои намунаи беҳтарини намоиш, таҷҳизоти тақвияти садо ва равшанидиҳии замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, барои дар сатҳи баланд пешниҳод намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, маҳфилу ҷамъомад ва машқу тамрини аҳли ҳунар мусоид аст.

Ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва пардозгарии кормандони Кохи фарҳанг ва дигар иншооти ёрирасон дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин мебошанд.

Сутунҳо ва деворҳои бино дар асоси санъати хоси меъмории миллӣ дар омезиш бо меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд карда шудааст.  

Дар девору сутунҳои бино нақши “Коса”, “Рубоб”, “Шапарак”, “Ова” ва  “Каҷак” дар асоси омӯзиши чакандӯзиҳои сокинони маҳаллӣ бо усули гаҷкорӣ ҳаккокӣ гардидааст.

Дар девори оинабандии Кохи муосири фарҳанг нақшу нигори миллӣ ба мисли қасри “Ситорамоҳи Хоса”, ки дар Бухоро аввали асри 20 сохта шуда буд, бо усули боз ҳам беҳтару рангин гаҷкорӣ шудааст.

Кори рассомон низ бо офаридани беҳтарин нигораҳои “Кундал”, расми гӯшаҳои табиати афсункори Ватан, акси абармардони сиёсат ва фарҳанги миллат  дар роҳравҳои бино мавқеи хос доранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муосири кору фаъолияти аҳли фарҳанг дар бино ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати дастгирӣ аз сиёсати муваффақи фарҳангии Ҳукумати мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Дар ошёнаи дуюми бинои Кохи фарҳанг ду ҳуҷраи корӣ ва як толор бо 50 ҷойи нишаст барои фаъолияти ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва китобхона таъсис дода шудааст.

Китобхонаи замонавӣ дар Кохи фарҳанг, ки бо мақсади рушди соҳаи китобдорӣ ва ҷалби сокинон ба мутолиаи китоб ташкил гардидааст, дорои беш аз 10 ҳазор нусха адабиёти гуногуни соҳавӣ ва бадеӣ мебошад.

Дар китобхона ҳамчунин гӯшаи асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, ки дар самти тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ мусоидати зиёд мекунад.  

Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави фарҳангӣ 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони кохи навбунёди фарҳанг суҳбати самимӣ анҷом дода, барои фаъолияти беҳтару хубтар ва пешниҳоди барномаҳои фарҳангӣ бо сатҳу мазмуни нав ва диди тоза ба онҳо 30 асбоби гуногуни мусиқӣ туҳфа намуданд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520