Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон

25.07.2012 21:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати мамлакат баргузор гардид.

Дар маҷлис масъалаҳои умдаи ҳаёти ҷоории кишвар, хусусан вазъи кунунии шаҳри Хорӯғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Дар оғоз гузориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва аъзои гурӯҳи ҳукуматӣ Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов оид ба таъмини эътидол дар шаҳри Хорӯғ шунида шуд.

Баъд аз муҳокимаи нуқтаҳои гузориш аз мардуми шарифи ВМКБ, пеш аз ҳама сокинони шаҳри Хорӯғ даъват карда шуд, ки барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гурӯҳҳои ҷинояткор ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ бо мақомоти масъули давлатӣ ҳамкорӣ намоянд.

Таъкид гардид, ки гурӯҳҳои ҷинояткори мусаллаҳ бояд яроқу аслиҳаро супурда, дар назди қонун ҷавоб гӯянд.

Ҳам аз роҳбарони мақомоти масъули давлатӣ ва ҳам мардуми Бадахшон, қабл аз ҳама шахсиятҳои соҳибнуфузи ин минтақаи баландкӯҳ, талаб карда шуд, ки барои барқарор намудани фазои амну субот ва боварии байниҳамдигарӣ ҷаҳду талош намуда, дар пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва аъмоли худсаронаи ғайриқонунии гурӯҳҳо ва нафарони ҷиноятпеша фаъол бошанд.

Дар фарҷоми маҷлис қарор карда шуд, ки тамоми мақомоти давлатӣ барои ба эътидол овардани вазъи шаҳри Хорӯғ ва татбиқи дастуру супоришҳои қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят чораҳои аввалиндараҷа андешанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520