Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гуфтугӯи телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

25.07.2012 16:00

Имрӯз бо ибтикори ҷониби афғонӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай гуфтугӯи телефонӣ баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар бораи ҳаводиси дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон рухдода ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки истиқрори вазъ ва таъмини оромиву амнияти мардуми минтақа ҳадафи умда ва асосии саъю талошҳоест, ки дар ин ҷода ба харҷ дода мешавад.

Сарварони ду кишвари дӯст ба мувофиқа расиданд, ки аз ду ҷониб иқдомоти муассире пиёда хоҳанд шуд, то вазъи оддии марзҳои Афғонистону Тоҷикистон ва пешгирӣ намудани ҳар гуна аъмоли террористӣ ва зиддиқонунӣ дар он таъмин гардад.

Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай эълом дошт, ки бо дастури ӯ ба ҷониби сарҳад, алалхусус минтақаи ҳаммарзи Хоруғ, нерӯҳои иловагии низомӣ ва марзбонӣ фиристода хоҳад шуд, то татбиқи ҳадафҳои дар боло баёншуда таъмин гардад.

Сарварони ду кишвар таъкид намуданд, ки байни роҳбарияти Афғонистону Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи ҳар ду мамлакат то ҳаллу фасли ниҳоии ин қазия иртиботи доимӣ ва муассир барқарор хоҳад буд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520