Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Кӯдакистони “Зарзамин” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

07.10.2021 10:12, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ифтитоҳи Кӯдакистони “Зарзамин” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  07.10.2021

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи томактабии “Зарзамин”-ро ба истифода доданд.

Кӯдакистони мазкур бо фаъолияти чор гуруҳ барои тарбияти 160 нафар кӯдак пешбинӣ гаштааст.

Иншоот аз 2 ошёна, гуруҳҳо - хонаҳои алоҳидаи хоб ва машғулиятгузаронӣ, толорҳои мусиқӣ ва варзиш иборат аст.

Бо бунёди кӯдакистони “Зарзамин” 20 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуда, барои кору фаъолият мутахассисони баландихтисоси соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ ҷалб гардидаанд.

Раванди таълим дар муассиса асосан бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, ҳамзамон омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ба роҳ монда мешавад.

Бинои  кӯдакистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сифати баланд дар муддати хеле кутоҳ бунёд гардидааст.

Дар шафати бинои асосӣ ошхона, толори маҷлис ва суҳбаткадаҳои мавсимӣ, ҳавзи шиноварӣ мавҷуд буда, муассиса барои таъмини фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон ба шабакаи худии гармидиҳӣ пайваст гардидааст.

Муассиса бо тачҳизот, кату рахти хоб, мизу курсиҳо, аёният ва дигар ашёҳои барои таълими томактабӣ зарурӣ муҷчаҳҳазонида шудааст.

Мураббиёну мутахассисон, ҳайати методии кӯдакистон бо истифода аз тарзу усулҳои фаъоли таълим дар татбиқи нақшаву барномаҳои давлатии ба рушди таҳсилоти томактабӣ равонагашта нақши босазо мегузоранд.

Президенти мамлакат таъсису корандозии муассисаҳои томактабиро барои инкишофи кӯдакон муҳим арзёбӣ намуда, масъулинро барои боз ҳам зиёд намудани шумораи кӯдакистон махсусан дар деҳот вазифадор намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520