Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

05.10.2021 17:50

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Узбекистони дӯст Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон самимона ва бародарвор муборакбод гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиашон муваффақиятҳо ба нафъи мардумони Тоҷикистон орзу намуданд.

Дар рафти суҳбат оид ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мардумони Тоҷикистону Узбекистонро анъанаҳои деринаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва риштаҳои қавии дӯстӣ бо ҳам мепайванданд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки то ба имрӯз ҷонибҳо корҳои зиёди созандаро ҷиҳати рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар қолаби шарикии стратегӣ ба анҷом расониданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин раванд минбаъд ҳам таъмиқу тавсеа хоҳад ёфт.

Пешвои миллат ба муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентии дарпешистодаи Ҷумҳурии Узбекистон комёбӣ хостанд.

Дар рафти суҳбат  сарони ду давлат ҳамчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520