Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко

05.10.2021 13:15

Имрӯз  суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия муҳтарам Валентина Матвиенко доир гардид.

Роҳбари Палатаи болии парламенти Русия бо изҳори таманниёти самимии саломатии бардавом ва муваффақиятҳои минбаъда дар мансаби олии давлатӣ Пешвои миллатро бо зодрӯзашон табрик намуд.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои пешбурди минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонӣ,  ки дар таҳкиму таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии байни кишварҳоямон нақши муҳим мебозанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбари давлати мо ба Валентина Матвиенко барои табрикот арзи сипос намуда, изҳори боварӣ карданд, ки тамоми маҷмуи муносибатҳои байни Тоҷикистону Русия минбаъд низ ба нафъи мардумони ду кишвар рушд хоҳанд ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520