Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

05.10.2021 13:10

Имрӯз сӯҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам  Илҳом Алиев доир гардид.

Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик карда, ба ӯ  сиҳатмандии комил, некӯаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳо орзу намуданд. Дар ин зимн сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ки ба пешрафти босуботи кишвари мо дар роҳи рушди устувор ва шукуфоӣ нигаронда шудааст, аз ҷониби муҳтарам Илҳом Алиев ба таври хосса таъкид гардид. 

Президентҳо ҷанбаҳои рӯзмарраи муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро баррасӣ намуда, ҷараёни рушди мусбат ва тавсеаи онҳоро ба нафъи мардумони ба ҳам бародари кишварҳои мо қайд карданд.

 Ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ анҷом ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520