Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Осорхона дар ноҳияи Муъминобод

04.10.2021 17:10, ноҳияи Мӯъминобод
Ифтитоҳи Осорхона дар ноҳияи Муъминобод  04.10.2021

4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Осорхонаи ноҳияи Муъминободро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои Осорхонаи ноҳияи Муъминобод дар доираи амалӣ намудани тадбирҳои созандагию ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир ва санъати баланди меъмории миллӣ бунёд карда шудааст.

Осорхонаи ноҳияи Муъминобод бо харҷи зиёда аз 4 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 45 нафар мутахассис ба кор ҷалб карда шуданд.

Осорхона 2-ошёна буда, дар ошёнаи якуми он 3 толори нигоҳдории нигораҳои таърихӣ ва ҳунарҳоии мардумӣ мавҷуд аст, ки давраҳои гуногуни таърихи ноҳияи Муъминободро бозгӯ мекунанд.

Дар ошёнаи якуми иншоот толори калон дар масоҳати 256 метри мураббаъ, хазина, ҷойи посбонон ва даҳлез ҷойгир карда шудааст.

Ошёнаи дуюми осорхона аз толори намоишӣ дар масоҳати 256 метри мураббаъ иборат буда, дар он ҷои нигоҳдории нигораҳо, утоқҳои корӣ, ҳуҷраи карантинӣ, ҳуҷраи нигоҳдории либос, ташхисгоҳ ва дигар иншооти хизматрасонӣ мавҷуд аст.

Нигораҳо ва тасвирҳо дар осорхонаи мазкур аз гузаштаи таърихи куҳани ноҳияи Муъминобод шаҳодат дода, дар муаррифии ёдгориҳои он нақши муҳим дорад.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Муъминобод 50 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки дар натиҷаи кофтуковҳои археологии олимон қадимтарин бозёфтҳо пайдо гардида, дар осорхона ҳифзу нигоҳдорӣ карда мешавад.

Дар атрофи иншоот бо масоҳати 120 метр роҳравҳо навсозӣ карда шудааст.

Инчунин ҷиҳати зебо нигоҳ доштани иншооти мазкур дар атрофи он корҳои кабудизоркунӣ анҷом ёфта, дарахтони ороишию сояафкан шинонида шудааст.

Дар шафати Осорхонаи ноҳияи Муъминобод қалъаи таърихи қадимадошта воқеъ аст, ки тибқи сарчашмаҳои муътамади илмӣ он мансуби асрҳои 11 ва 12 аст.

Саҳни осорхона ва қалъа бо амалӣ кардани тадбирҳои созандагӣ ободу зебо гардида, насби чароғакҳои ранга ва дигар ороишот ин мавзеъро ҷолибу диданӣ сохтааст.

Дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат иншооти зиёди фарҳангӣ бо тарҳи муосир бунёд гардида, ёдгориҳои таърихӣ низ навсозӣ шудааст, ки ҳамасола даҳҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ аз онҳо дидан мекунанд.

Намоиши дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Муъминобод, ки ба таври густурда ороста шуд, дар он аҳли заҳмат маҳсули меҳнаташонро муаррифӣ намуданд.

Аз фаровонии меваҳои шаҳдбору аз ҷиҳати экологӣ тоза ва сабзавоту зироати кишоварзӣ аён аст, ки дастовардҳои меҳнаткашон дар ин самтҳои хоҷагидорӣ афзун гардида, фаъолияти кишоварзон босамару натиҷабахш аст.

Намоиши намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ низ ҷолиби диққат буд.

Атласу адрас ва чакану зардӯзиҳо, ки маҳсули ҳунари нотакрори занону бонувон ба шумор меравад, дар сатҳи шоиста ба маъраз гузошта шуданд.

Солҳои охир дар ноҳияи Муъминобод ҳунарҳои мардумӣ рушду тавсеа ёфта, фаъолияти бонувон дар ин самт густариш пайдо намудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520