Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи дӯзандагӣ ва адрасбофӣ дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ

04.10.2021 10:20, ноҳияи Восеъ
Ифтитоҳи корхонаи дӯзандагӣ ва адрасбофӣ дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ  04.10.2021

4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ корхонаи дӯзандагӣ ва адрасбофиро ифтитоҳ карданд.

Иншооти замонавӣ дар доираи амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисодиёт ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпази содиротии ивазкунандаи воридот аз тарафи соҳибкор Дилшод Асроров сохта шудааст.

 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони маҳаллиро барои ҳарчи бештар ба шуғли доимӣ фаро гирифтани коргарону мутахассисон ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Бино аз 4 ошёна иборат буда, дар он маркази савдо, корхонаи дӯзандагию бофандагӣ, ошхона ва меҳмонхона ҷойгир мебошад.

Барои истеҳсоли адрас таҷҳизоти муосир насб гардида, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. Маҳсулот бо ба инобат гирифтани талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ истеҳсол шуда, дорои сифати баланд мебошад.

Сокинони деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ метавонанд пурра аз хизматрасонии сатҳи баланди корхонаи дӯзандагӣ истифода намоянд.

Дар иншооти бунёдшуда 150 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Бунёди иншооти замонавӣ дар доираи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибкории хурду миёна сурат гирифта, афзоши истеҳсоли маҳсулот ва рушди иқтисодиро таъмин мекунад.   

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520