Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ҷаласаи 15-уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзои Ҳаракати адами тааҳҳуд

16.07.2009 15:30, Миср

Мӯҳтарам ҷаноби Раис!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб – Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Ҳусни Муборак ва ба мардуми ин кишвари бародар барои истиқболи гармашон ва муҳайё сохтани шароити олии кор арзи сипос намоям. Мо Ҷаноби Олиро ба муносибати Раиси иҷлосияи cарони кишварҳои Ҳаракати адами тааҳҳуд интихоб шуданашон самимона табрик мегӯем ва итминони комил дорем, ки барои расидан ба ҳадафҳои муштараки мо таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ қадамҳои устувор гузошта хоҳанд шуд.

Омадани мо ба сарзамини бостонии Миср нишони возеҳи эҳтиром ба Ҳаракати адами тааҳҳуд аст. Ин созмон дар тамоми тӯли фаъолияташ ба хотири сулҳу амният ва тараққиёт худро ҳамчун яке аз созмонҳои нодири байналмилалӣ нишон дода тавонист.

Ҳаракати адами тааҳҳуд пас аз Созмони Милали Муттаҳид, аз нигоҳи теъдоди ширкаткунандагони анҷумани сиёсии байналмилалӣ дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ созмони дувумин аст, ки пайваста ҷонибдории худро аз меъёрҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ ва асли муносиботи бисёрҷониба собит месозад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз дар шакли давлатҳои зиёде зуҳур меёбад, ки ҳар кадоми онҳо таъриху суннат, урфу одат ва сохтори зиндагии ба худ хос доранд. Инчунин ҳар як кишвар ва халқ дорои арзишҳо, манфиатҳои миллӣ ва ҳадафҳои мушаххаси худ мебошад. Ин ҳақиқати мусаллами ҷаҳони муосир аст.

Аммо дар айни замон ҳақиқат чунин аст, ки бо ҳама тафовутҳое, ки миёни мо вуҷуд доранд, мо бояд усули якҷоя ҳифз кардани оилаи бузурги башариро омӯзем.

На тавозуни қувваҳо, балки мувозинати манфиатҳо, на ҷустани фоида аз ҳисоби дигарон, балки дарёфти мусолиҳаву мадоро, на даъвои саркардагӣ, балки эҳтироми мутақобил аз ҷумлаи унсурҳои барои инсони бохирад ва аз таҷрибаи асри гузашта бархӯрдор комилан дастрас мебошанд, ки метавонанд ба ҳайси бунёди тартиби нави одилонаи ҷаҳони имрӯза қарор гиранд.

Масалан, проблемаи рушдро бигирем, ки он воқеан масъалаи умумибашарист. Зеро барои ҳамаи мо шароити зиндагии даҳҳо миллион одамон дар як қатор минтақаҳои ба ном "ҷаҳони сеюм"-и собиқ хатаровар шуда истодааст.

Ягон сохтор ё ниҳод ва ҳатто ягон иттиҳоди минтақавии давлатҳо бо ҳамаи нуфузи худ қудрати кушодани гиреҳҳои асосиеро, ки дар самтҳои умдаи робитаҳои иқтисодии ҷаҳонӣ: Шимолу Ҷануб, Шарқу Ғарб, Ҷанубу Ҷануб, Ҷанубу Шарқ ва Шарқу Шарқ пайдо шудаанд, надорад.

Дар ин росто Тоҷикистон ҷонибдори ғояи муттаҳид кардани ҳамкориҳо дар самти Ҷанубу Ҷануб, таҳкими ҳамбастагии сиёсӣ дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои байналмилалӣ, либерализатсия ва амиқ гаштани вобастагии мутақобилаи иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад.

Дар айни замон ба харҷ додани талошҳои муштарак ва ба инобат гирифтани манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои кишварҳо лозим аст, ки татбиқи чунин амал фақат таҳти сарпарастии сохторе чун Созмони Милали Муттаҳид имконпазир аст.

Хонумҳо ва ҷанобон!

Мулоқоти имрӯза дар давраи бӯҳрони иқтисодии фарогир ва ниҳоят вазнине сурат мегирад, ки аз замонҳои Рукуди бузург низ шадидтар аст ва аз ин лиҳоз, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти усулан калон дорад. Вазифаи асосии мо аз он иборат аст, ки чорабиниҳои аксуламали фавқулода ва дарозмуддатеро муайян намоем, ки тавассути онҳо таъсири манфии бӯҳронро махсусан барои табақаҳои камбизоати аҳолӣ ҳарчи камтар созем ва музокиротро ба хотири дигаргунсозии сохтори молиявии байналмилалӣ бо дарназардошти эҳтиёҷоти тамоми давлатҳо оғоз намоем.

Иқтисодиёти Тоҷикистон мисли бисёр кишварҳои дигар ба сабаби бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки кӯшишҳои ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола равонагаштаро барбод медиҳад, мушкилоти ҷиддиро аз сар мегузаронад. Возеҳ аст, ки бе мусоидати созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бартараф намудани ин мушкилот душвор хоҳад буд.

Нӯҳ сол қабл аз ин, бо қабули Эъломияи Ҳазорсола мо ӯҳдадор гашта будем, ки бо роҳи татбиқи "харитаи роҳ" манфиатҳои наслҳои ояндаро ба назар гирем. Мо чунин ақида дорем, ки татбиқи чунин модели тараққиёти инсоният ба хотири манфиатҳои наслҳои оянда танҳо бо роҳи барқарор намудан ва нигоҳ доштани муносибатҳои мутавозин бо табиат имконпазир мегардад. Калиди ояндаи дурахшони шукуфоӣ барои мо маҳз аз тариқи рушди устувор даст хоҳад дод, ки он мувозинатро дар миёни се унсур: рушди иқтисодӣ, беҳбудии иҷтимоӣ ва устувории муҳити зист таъмин менамояд.

Мӯҳтарам ҷаноби Раис!

Вазифаи аввалиндараҷаи мо таҳияи чунин низоми ҷаҳонист, ки таҳдидҳои мавҷударо аз байн бардошта, зуҳури хатарҳои навро пешгирӣ намояд ва бо ҳамин тартиб кафили субот дар тамоми сатҳҳо бошад. Барои бунёди низоми демокративу одилонаи ҷаҳонӣ ҳамаи имкониятҳои воқеӣ вуҷуд доранд, ки дар он ҳар як давлат метавонад ҳиссаи масъулияти худро барои ояндаи башарият дошта бошад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ риояи ҳуқуқи байналмилалӣ ва манфиатҳои қонунии ҳар як узви худро ҳифз намояд.

Тоҷикистонро бо давлатҳои Ҳаракати адами тааҳҳуд муносибатҳои дерина ва эҳтироми мутақобила мепайванданд. Бинобар ин, мо манфиатдорем, ки минбаъд низ ҳамкориҳоро ба хотири таҳкими сулҳу субот дар ҷаҳон вусъат бахшем.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520