Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

01.10.2021 14:50, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  01.10.2021

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.

Дар намоишгоҳ беш аз 50 намуд меваю сабзавот, полезиҳо, ғалладонагӣ ва дигар анвои хурока ба маъраз гузошта шуда буд.

Ноҳияи  Ҳамадонӣ дар вилояти Хатлон дар соҳаи кишоварзӣ натиҷаву  нишондодҳои назарраси меҳнатӣ доранд.

Зимни боздид аз намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба меҳнати содиқонаи аҳли заҳмати ноҳия баҳои баланд доданд.

Президенти мамлакат саҳми онҳоро дар амалисозии хадафи стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ назаррас маънидод намуданд.

Фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар намоишгоҳи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ далели бебаҳси меҳнати созанда, истифодаи самарабахши ҳар як порча замини корам арзёбӣ мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматкашони ноҳияро ба ҳамкории пурсамар бо олимону мутахассисони соҳа, ҷиҳати дарёфти тухмӣ, истифодаи нуриҳои манфиатбахш, мубориза бар зидди ҳама гуна ҳашарот, башаклдарории боғу токзор ва ҳимояи боғҳо аз сармозанӣ дар давраи зимистон,  ҳидоят карданд.

Супоришҳо ба деҳқонони ризқофар ҳамчунин вобаста ба афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат, истифодаи самараноки заминҳои обӣ ва рӯёнидани ҳосили фаровон дода шуд.

Аз руи маълумоти масъулини бахши кишоварзии ноҳия чун солҳои қаблӣ нишондиҳандаҳои истеҳсоли ҳама намуди маҳсулот баланд аст.

Дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили шолӣ, ҷуворимаккаи дон, лӯбиёгиҳо, ки самараи кишти такрорӣ дониста мешаванд, бомаром идома дорад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба масъулин ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи заминҳои бекорхобида, ҷорӣ намудани технологияи пешрафта ва баланд бардоштани ҳавасмандии саҳмдорон, дастуру тавсияҳо доданд.

Ҳамин шабу рӯз дар ноҳияи Ҳамадонӣ кишти пиёз, ғалладонагиҳо оғоз гардида, боз барои мавсими оянда омодагӣ мегиранд.

Дар ҳамин ҷо ҳамзамон намоиши чорвои зотӣ ташкил карда шуд.

Сарвари давлат аз намоиши чорвои ноҳияи Ҳамадонӣ шинос шуданд. Дар намоишгоҳи чорвои зотӣ говҳои сиёҳало, сементалӣ, моли майдаи зоти тоҷикӣ, ҳисорӣ, қароқулии маҳинпашм, бӯзҳои тоҷикии серпашм ба намоиш гузошта шуд.

Мақсад аз намоиши дастовардҳои чорводорӣ муарифии зотҳои беҳтарини чорво буд.

Сарвари давлат ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани зоти чорво ба масъулин дастур доданд аз усулҳои муосири бордоркунии сунъӣ истифода карда   зотҳои беҳтарину серҳосили чорворо аз хориҷи кишвар ворид намоянд.

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ низ соҳаи парандапарварӣ, моҳидорӣ ва чорводорӣ тараққӣ карда, хоҷагиҳое таъсис дода шудаст, ки махсус ба самти парандапарварӣ ва моҳипарварӣ машғул мебошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520