Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ

01.10.2021 11:30, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти мову шумо – сокинони сарбаланди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар айёме баргузор мегардад, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон чанде пештар 30-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро дар саросари кишвар бо шодиву сурур таҷлил карданд.

Ин ҷашни воқеан таърихиро ба ҳамаи сокинони ноҳия ва  шумо – ҳозирини муҳтарам, самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки шумо фазои орому осуда ва баракати зиндагӣ орзу менамоям.

Тавре огоҳ ҳастед, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми минтақаҳои ватани азизамон ба таври назаррас ободу зебо гардидаанд, ки ноҳияи зебоманзари Мир Саид Алии Ҳамадонӣ яке аз онҳо мебошад.

Мардуми шарафманди ноҳия ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии истиқлол корҳои бузурги ободониву созандагиро ба роҳ монда, ба ин муносибат 290 иншооти иҷтимоиву иқтисодиро бунёду азнавсозӣ кардаанд, ки 48 иншоот илова ба нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳия мебошад.

Танҳо дар доираи сафари кории мо чандин иншооти истеҳсоливу иҷтимоии аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ноҳия бунёдшуда ифтитоҳ гардидаанд.

Инчунин, мо баъди мулоқот бо шумо аз гармхонаҳои ноҳия боздид мекунем, ки дар ҳудуди ин хоҷагӣ парвариши зироатҳо, боғдорӣ ва моҳипарварӣ ба роҳ монда шуда, барои 130 нафар сокинони маҳаллӣ ҷойи кории доими муҳайё гардидааст.

Умуман, дар иншооту корхонаҳое, ки имрӯз ба фаъолият оғоз мекунанд, 230 ҷойи кории доимӣ ва 150 ҷойи кории мавсимӣ муҳайё карда шудааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи сокинони ноҳия, шахсони саховатпеша, махсусан, соҳибкорону сармоягузорони ноҳия, ки барои ободу зебо гардонидани диёри худ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба сокинони маҳаллӣ саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям.

Итминон дорам, ки чунин иқдомот дар солҳои минбаъда низ идома ёфта, сокинони ноҳия ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, ташкили иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Ҳукумати мамлакат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия беш аз 1,9 миллиард сомонӣ равона намудааст.

Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 23 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 752 миллион сомонӣ амалӣ гардида, имрӯзҳо татбиқи боз 8 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи он 130 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Илова бар ин, дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ барои солҳои 2021 – 2025 амалисозии боз 175 лоиҳа ба маблағи умумии 517 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки барои беҳтар намудани инфрасохтори ноҳия ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона шудаанд.

Дар заминаи барномаву нақшаҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар қабулгардида тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия беш аз 38 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, вале имкониятҳои дар ин самт мавҷуда ҳанӯз ҳам пурра истифода нагардидаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар ҳудуди ноҳия 66 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 37 корхонаи саноати коркард ва 25 корхонаи саноати истихроҷ фаъолият дорад.

Бо бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия зиёда аз 136 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 14 баробар зиёд мебошад.

Ин нишондиҳанда дар 8 моҳи соли 2021 ба 80 миллион сомонӣ расида, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 40 фоиз афзудааст.

Бо вуҷуди ин, дар ноҳия барои рушди соҳаҳои гуногуни саноат, хусусан, саноати сабуку хӯрокворӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар ашёи хоми маҳаллӣ ҳанӯз захираву имконоти истифоданашуда хеле зиёданд, ки аз роҳбарону масъулин андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.

Яке аз роҳҳои асосии рушди ноҳия фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ ва дар навбати аввал, соҳибкории истеҳсолӣ мебошад.

Ҳарчанд ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба аҳолӣ ва соҳибкорони ноҳия аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ беш аз 530 миллион сомонӣ қарз дода шуда, қисми бештари онҳо ба соҳибкорон рост меояд, вале зарур аст, ки дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявии нисбатан арзон ва дарозмуҳлат боз ҳам беҳтар карда шавад.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва фаъолияти пурмаҳсули сокинони ноҳия соҳаи кишоварзӣ сол ба сол тараққӣ карда, соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳа 720 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 6,7 баробар, аз ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 3,8 баробар ва маҳсулоти чорвопарварӣ 4,6 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия истеҳсоли ғалладонагиҳо 12 баробар, картошка 4,7, полизӣ 16, сабзавот 8, мева 20, гӯшт 6 ва асал 2,5 баробар зиёд гардидааст.

Тайи давраи зикршуда ба аҳолии ноҳия 1740 гектар замин ҳамчун заминҳои президентӣ ва 1147 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ тақсим карда шуда, истифодаи самараноки онҳо ба афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар гардидани таъминоти бозори дохилӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва бо ҳамин роҳ хеле баланд рафтани сатҳи даромади аҳолӣ мусоидат кардааст.

Дар баробари афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кищоварзӣ ва саршумори чорво бори дигар таъкид менамоям, ки захираву имкониятҳои мусоид, аз ҷумла замин ва оби фаровон, инчунин, иқлими мусоиди ноҳияҳои ҷануби кишвар, аз ҷумла ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ имкон медиҳад, ки бо роҳи истифодаи самараноки замин, вусъат додани кишти такрорӣ, парвариши сабзавоти барвақтӣ ва зиёд кардани майдони гармхонаҳо дар тамоми фаслҳои сол маҳсулот истеҳсол карда шавад.

Илова бар ин, солҳои қаблӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳия таъкид карда будам, ки имкониятҳои ноҳия дар самти моҳипарварӣ бисёр васеъ мебошанд, вале онҳо ҳанӯз ҳам пурра ва самаранок истифода нашуда истодаанд.

Яъне дар ноҳия захираҳои зиёде мавҷуданд, ки дар сурати ба кор андохтани онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро бамаротиб зиёд карда, барои ҳазорон нафар ҷойи корӣ фароҳам овардан мумкин аст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади муҳайё кардани шароити замонавии таълиму тарбия дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 34 бинои нави таълимӣ барои зиёда аз 14 ҳазор хонанда ба маблағи беш аз 73 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Субҳи имрӯз мо дар деҳаи Навободи ноҳия як муассисаи нави таълимиро барои 530 хонанда ба истифода супоридем ва илова бар ин, соли ҷорӣ мавриди истифода қарор додани боз 3 бинои нави таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар зарфи сӣ соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи тандурустии ноҳия низ аҳаммияти хосса дода, ҳоло дар ҳудуди ноҳия 58 муассисаи тиббӣ ба мардум хизмат расонида истодааст.

Бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолӣ ва талабот ба хизматрасониҳои тиббӣ шумораи табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар замони соҳибистиқлолӣ қариб се баробар зиёд шудааст.

Соли 2015 дар ноҳия коллеҷи тиббии хусусӣ таъсис дода шуд, ки то ба имрӯз онро 841 нафар духтарону ҷавонон хатм кардаанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои доир ба беҳсозии вазъи соҳаи тандурустии ноҳия андешидашуда сатҳи таъминнокӣ бо кормандони миёнаи тиббӣ ба даҳ ҳазор аҳолӣ аз 58 нафари соли 1991 ба 71 нафар дар соли ҷорӣ расидааст, яъне 20 фоиз афзудааст.

Ҳамдиёрони азиз!

Ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ яке аз минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон буда, дар шароити бисёр ногувори сиёсиву башарӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳифзи боэътимоди марзи давлатӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлату Ҳукумат ва ҳар як фарди бонангу номус мебошад.

Яъне ҳар як сокини ноҳия бояд дар ҳимояи сарҳади давлатӣ ва зиндагии орому осудаи ҳамдиёрони худ саҳм гузорад.

Таъкид менамоям, ки ин сарҳад на танҳо барои кишвари мо, балки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун минтақаи буферӣ мавқеи бисёр муҳим дорад.

Яъне сарҳадбонони мо бо ҳимояи марзҳои давлати Тоҷикистон бехатарии кишварҳо ва минтақаҳои дигари дунёро низ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳифз карда истодаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар самти бунёду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин, тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда, ҳоло ин равандро бо истифода аз тамоми имкониятҳо идома дода истодааст.

Дар ин раванд, мову шумо бояд шукрона кунем, ки дар Ватани орому осуда зиндагӣ дорем.

Вале дар баробари ин, ҳар яки мо барои ҳимояи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон доимо ҳушёру омода бошем.

Бовар дорам, ки мардуми ватандӯсту ватанпарвар, бонангу номус ва матиниродаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, хусусан, бо дарназардошти вазъи минтақа ва ҷаҳони имрӯза бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.

Бо изҳори чунин ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми меҳмоннавозу сарбаланди ноҳия ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни бузурги истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, хонаи обод ва барори кор орзу менамоям.

Доимо хушбахту пирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520