Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани филиали ҶДММ “Нонпаз” дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

01.10.2021 10:33, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Ба истифода додани филиали ҶДММ “Нонпаз” дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  01.10.2021

1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз”-ро дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар маркази хизматрасонӣ дар баробари омода ва ба фурӯш гузоштани маҳсулоти гуногуни нонӣ, аз ҷумла кулчаю қалама, чаппотию фатир, самбӯса ва кулчақанду шириниҳо, ҳамзамон ҷавонон ба касбомӯзӣ ҷалб карда мешаванд.

Иншооти хизматрасонӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз” бунёд карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои таъсиси маркази пухту пази маҳсулоти нонӣ ва ба касбомӯзӣ ҷалб кардани духтарон изҳори сипос карданд.

Дар марказ кадбонувони моҳир беш аз 20 намуд маҳсулоти нонӣ ва кулчақанду шириниҳо омода карда, ба мардум пешниҳод менамоянд. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба бозору нуқтаҳои фурӯши ноҳия дастрас гардида, талабгорони зиёд доранд.

Айни замон дар маркази хизматрасонӣ ва касбомӯзӣ зиёда аз 20 нафар кору фаъолият менамоянд, ки аксари онҳо занону бонувони маҳаллӣ мебошанд. Бояд гуфт, ки занону бонувони ба кор ҷалбшуда қаблан хонашин буданд ва акнун соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Бо мақсади аз худ кардани пухтупази маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили кулчақанду шириниҳо ҳамарӯза ҷавонони зиёд ба ин марказ меоянд ва дар рафти машғулиятҳои амалӣ онҳо нозукиҳои омода кардани маҳсулоти нонӣ ва кулчақанду шириниҳоро меомӯзанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бештар ҷалб кардани ҷавонони соҳибзавқ ба касбомӯзӣ, махсусан омода кардани кулчақанду шириниҳо масъулонро вазифадор намуданд.

Филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз” аз аввалин маркази касбомӯзию хизматрасонии муосир дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад, ки фаъолияти худро ба истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ва кулчақанду шириниҳо равона кардааст. Ҳоло бо фармоиши мизоҷон дар марказ кулчақанду шириниҳо ва маҳсулоти нонӣ сари вақт омода ва пешкаш мегардад. Дар сурати афзудани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти ин марказ истеҳсоли онҳо бештар карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадбонувони ниҳоя суҳбати самимӣ ороста, барои омода кардани маҳсулоти болаззату серғизои нонӣ ба онҳо изҳори сипос карданд.

Дар саҳни филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз” ҳунармандони чирадасти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз 8 ҷамоати шаҳраку деҳот намунаҳо аз офаридаҳои худ, аз қабили қолинбофӣ, чӯбтарошӣ, бофандагӣ, муҳрабофӣ, заргарӣ, чакандӯзӣ, шерозбофӣ ва гулдӯзиҳоро ба намоиш гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз маҳсули офаридаҳои ҳунармандон ба заҳмати онҳо баҳои баланд дода, барои боз ҳам рушду равнақи ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик ва омӯзондани онҳо ба насли оянда маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Ҳунармандони соҳибзавқу хушсалиқаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ солҳои охир ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои аз насл ба насл гузаштани мероси пурғановати ниёгон ҷавононро дар рӯҳияи ифтихори баланди миллӣ ва ватандӯстӣ тарбия менамоянд.

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520