Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

01.10.2021 09:30, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  01.10.2021

1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “Қаҳрамон”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мирзо Раҷаб”-ро ифтитоҳ намуданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷиёнхон Мирзоев бо харҷи 1,7 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Бо таъсиси корхонаи мазкур 26 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.

Дар корхона чор хати муосири технологӣ, ки аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст, васлу насб шуда, 10 намуд  халтаҳои полипропиленӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол карда мешавад. Тамоми номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи навбунёди истеҳсолӣ ба соҳибкори маҳаллӣ барои  ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ ҷалб кардани сокинон ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, изҳори сипос намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз аз 1500 то 2000 дона халтаҳои полипропиленӣ мебошад, ки солона зиёда аз 600 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Дар корхона ашёи хом - полипропилен аз Федерастияи Русия ва ҷумҳуриҳои Ўзбекистону Қазоқистон дар асоси шартномаи ҳамкорӣ дастрас гардида, то марҳилаи ниҳоӣ коркард мешавад.

Айни замон халтаҳои полипропилении истеҳсоли ин корхона дар бозор, марказҳои савдову хизматрасонӣ, мағозаҳо ва дигар нуқтаҳои фурӯши молҳои саноатӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ба таври васеъ истифода мегарданд. Халтаҳои полипропилении калонҳаҷм асосан, барои маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

Коргарон нақша доранд, ки дар баробари таъмини талаботи бозорҳои дохилӣ, истеҳсолотро бештар карда, содироти ин навъи маҳсулоти ватаниро ба кишварҳои ҳамсоя низ ба роҳ монанд. Ҳадаф аз бунёди корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тақвияти иқтидори истеҳсолии шаҳру ноҳияиҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мебошад.

Пас аз шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи нав Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти саноатӣ, хӯрокворӣ ва сохтмонӣ, ки аз ҷониби саноатчиёни ноҳия ташкил карда шудааст, дидан карданд.

Дар намоиш намаки ошии ёддор, равғанӣ растанӣ, меваю сабзавоти консервашуда ва масолеҳи гуногуни сохтмонӣ муаррифӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки айни замон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зиёда аз 68 корхонаи саноатӣ амал мекунад, ки ба истеҳсоли маҳсулоти гуногун, аз қабили орду равған, намак, коркарди меваю сабзавот ва дигар навъи маҳсулоти зарурии рӯзгор машғул мебошанд.

Ҳиссаи соҳаи саноат ба иқтисодиёти ноҳия назаррас буда, ҳамасола бо таъсис ва фаъолияти босамари коргоҳу корхонаҳои нав ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолӣ афзоиш меёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520