Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Хамадонӣ ва ифтитоҳи Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия

01.10.2021 07:55, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Хамадонӣ ва ифтитоҳи Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия  01.10.2021

1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи ноҳия сокинон бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Дар ин ҷо Президенти мамлакат нахуст аз болои лавҳаи рамзии Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия парда бардошта, онро ифтитоҳ карданд.

Маҷмааи нави даромадгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шафати шоҳроҳи ноҳияи Ҳамадонӣ ва Фархор дар масоҳати 500 метри мураббаъ бо қитъаи сабзкорӣ ва корҳои чароғонкунӣ бунёд гардидааст.

Баландии маҷмаа 10 метрро ташкил дода, бо навиштаҷоти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 12 сутунпоя ва акси аллома Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ороиш ёфтааст.

Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия бо тарҳи нави меъморӣ ва зерпояи он бо сангҳои мармар сохта шудааст.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520