Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқболи самимии Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ

29.09.2021 12:20, шаҳри Хоруғ
Истиқболи самимии Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ   29.09.2021

29 сентябр сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ оғоз гардид.

Ба ифтихори истиқболи сазовори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯчаву хиёбонҳои маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ идона ороста шуда, хурду бузурги вилоят бо эҳтироми хоса, оғуши гарм, чеҳраи кушодаву руҳи болида, шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ Раҳбари хирадпешаву бунёдкор ва инсондӯсту раъйиятпарвари хешро самимона истиқбол гирифтанд.

Ҳангоми ҳаракати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кӯчаҳо аз ҳар як гушаи шаҳр овози даф ва суруду мусиқӣ шунида мешуд.

Зимни як сӯҳбати самимӣ ва сарироҳии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони меҳмоннавоз, аҳли зиё  ва мардуми сарбаланду заҳматдӯсти вилоят Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суҳбати гарму самимӣ ба онҳо дар бораи иқдомоти шоиставу созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат ба рушду пешрафт ва шукуфоии дурдасттарин минтақаҳои кишвар, бахусус шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, татбиқи лоиҳаҳои арзишманд баҳри тараққиёти бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят, бунёди роҳҳову пулҳо, нақбҳо, мактабҳо, муассисаҳои тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, манзилҳои истиқоматӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, зиндагии шоиста, таъмини амнияти давлату миллат ва оромию осудагии мардум андешаронӣ карданд.

Мардуми сипосгузори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хайрамақдам гуфта, барои ҳамаи талошҳову ташаббусҳо, таъмини зиндагии шоистаи мардум, кишвари ободу зебо ва пешрафта изҳори сипоси бепоён намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520